ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МТМУ БА НОМИ МАХТУМКУЛӢ ФИРОҚӢ

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МТМУ БА НОМИ МАХТУМКУЛӢ ФИРОҚӢ

02 сентябр 2024, Душанбе
14
0
1-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махтумкулӣ Фироқӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон иштирок карда, сухан ронданд.
Маросими ифтитоҳи Муассиса ба таври видеоӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки сарварони ду давлат моҳи майи соли 2023 дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон ба сохтмони ин мактаб, ки барои 1080 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, оғоз бахшиданд.
Дар сухани шодбошии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ дар муҳлатҳои нисбатан кӯтоҳ ба анҷом расондани корҳои сохтмониро дар ин лоиҳаи дорои аҳамияти иҷтимоӣ таъкид карда, ба роҳбарияти Туркманистони дӯст барои дастгирӣ ва мусоидати ҳамаҷониба дар татбиқи босифати он самимона изҳори сипос намуданд.
“Ба туфайли ин рӯйдод, барои насли навраси мо боз як имконияти хуб фароҳам гардид, ки дар мактаби нави муҷаҳҳаз бо технологияву таҷҳизоти муосири таълимӣ бо таҳсил фаро гирифта шавад”, – иброз доштанд муҳтарам Президенти Тоҷикистон. 
Дар идомаи суханронии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои  “муносибатҳои шарикии стратегии амиқ”-и  Тоҷикистону Туркманистон андеша ронда, аз раванди таъмиқу тавсеаи муносибатҳои анъанавии дӯстона миёни мардумони ду кишвар, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, ёдовар шуданд.
Вобаста ба ин, Сарвари давлат ҷойгоҳи муҳими ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи илму маорифро дар рӯзномаи робитаҳои ҷонибҳо ба таври махсус таъкид карданд. Дар робита ба ин, татбиқи лоиҳаи сохтмони Мактаби миёнаи ба номи шоир ва маорифпарвари маъруфи Туркманистон Махтумкулӣ Фироқиро, ки имсол бо сарпарастии ЮНЕСКО 300-солагии зодрӯзаш васеъ таҷлил мегардад, мисоли равшани ҳамкории кишварҳои мо дар соҳаи маориф ва боз як рамзи муносибатҳои дӯстиву созандаи мардумони ба ҳам бародар арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми суханронии худ Роҳбари давлат ба Ҳукумати Туркманистон, бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки дар татбиқи ин лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ саҳм гузоштаанд, сипоси самимии ҷониби Тоҷикистонро иброз доштанд.
Сипас, дар маросими ифтитоҳи муассисаи таълимӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов бо нутқи пурмуҳтаво  сухан ронданд.
Президенти Туркманистон Президенти Тоҷикистон ва ҳамаи иштирокдорони ин чорабиниро ба муносибати Рӯзи дониш ва рӯйдоди муҳим – ифтитоҳи мактаби нав, ки аз ҷониби бинокорони туркман бо ташаббуси Пешвои миллии мардуми туркман – Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгули Бердимухамедов бунёд шудааст, гарму самимӣ шодбош гуфтанд.
Зимни суханронии худ Президенти Туркманистон ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимӣ ҷиҳати таъмиқи ҳамкории самарабахш ибрози сипос намуда, изҳори умед карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ ва бародарии мардумони мо ба рушди робитаҳои ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.
 
Санаи нашр: 02.09.2024 №: 168
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив