ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГӮШТИНГИРӢ. АВВАЛИН ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ДАР САТҲИ БАЛАНД ДОИР ГАШТ

ГӮШТИНГИРӢ. АВВАЛИН ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ДАР САТҲИ БАЛАНД ДОИР ГАШТ

03 сентябр 2024, Сешанбе
13
0
30-31-уми август шаҳри Душанбе мизбони аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ буд, ки 200 варзишгар аз 63 давлат ширкат кард. Иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавӣ ба Чемпионат шукӯҳи дигар бахшид.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар Конгресси байналмилалӣ, ки дар доираи Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ бо иштироки намояндагони 62 давлат доир гашт, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти фахрии Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ интихоб шуданд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ иброз намуданд: “Гӯштингирӣ намуди суннатии варзиши мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Дар масири таърихи тулонии миллати мо намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштингирӣ, дар миёни мардуми фарҳангсолори тоҷик маҳбубияти зиёд дошта, дар баробари тақвият бахшидани қувваи ҷисмонӣ барои наврасону ҷавонон ҳамчун василаи тарбияи хислатҳои наҷиби инсонӣ хизмат кардааст”. 
Дар идома таъкид шуд, ки муҳайё намудани шароити созгори инфрасохториву ташкилӣ барои рушди варзиш, бо шумули гӯштингирӣ, дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. 
– Агар дар аввалин чорабинии сатҳи байналмилалии ин намуди варзиш, ки ба хотири муаррифии гӯштингирӣ доир гардида, нахустин талоши мо барои ҷаҳонӣ кардани он ба ҳисоб мерафт, намояндагону варзишгарони 8 давлати дунё иштирок карда бошанд, дар чемпионати имрӯза намояндагони 63 кишвари олам иштирок доранд, – дар идома зикр карданд Пешвои миллат. – Мехоҳам иброз дорам, ки мо масъулияти дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои расмии байналмилалии гӯштингириро бар дӯш хоҳем дошт. Минбаъд низ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани Чемпионати Осиё, Ҷоми Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Ҷоми ҷаҳон, инчунин, дигар мусобиқаҳои сатҳи баланди милливу ҷаҳонӣ оид ба гӯштингирӣ талош хоҳем кард. 
Ҳамин тавр, давоми ду рӯз паҳлавонон аз рӯйи 9 вазн – 6 вазн миёни мардҳо, 3 вазн миёни бонувон – зӯрозмоӣ намуданд. Мусобиқаро дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ ҳазорон нафар тамошо карданд, ки аз маҳбубияти гӯштингирӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад. Варзишгарони кишвар дар аввалин Чемпионати ҷаҳонии гӯштини миллӣ – гӯштингирӣ 11 медал (5 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда, дар ҷадвали ҳисоби медалҳо мақоми якумро соҳиб шуданд.
Миёни мардон дар панҷ вазн паҳлавонони тоҷик пирӯз гаштанд: дар вазни -65 кг Муллораҷаб Халифаев, дар вазни -71 кг Масъуди Аҳмадзод, дар вазни -86 кг Ҳақназар Назаров, дар вазни -75 кг Кароматулло Ҳакимов ва дар вазни +95 кг Шакармамад Мирмамадов. Зикр кардан бамаврид аст, ки медалҳоро дар вазни -65 кг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супурданд.   
Медали нуқраро Шоҳида Қаландарова дар вазни -70 кг миёни бонувон сазовор шуд. Шаҳбоз Саидаброров (-65 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-71 кг), Қоим Шукронов (-78 кг), Улулғбек Раҳимов (-95 кг) миёни мардҳо, Мадина Қурбонзода (-52 кг) миёни бонувон ҷойи сеюмро мушарраф гардиданд.
Дар вазни -78 кг намояндаи Россия Алӣ Турсунов ҷойи аввалро гирифт. Миёни бонувон бошад, дар вазни -52 кг варзишгари рус Ирина Хубулова, дар вазни -70 кг Гулноза Матниёзова аз Ӯзбекистон ва дар вазни +70 кг Жоу Ҷунжии чинӣ ғолиб шуданд.
Фонди ҷоизаҳои чемпионат 400 ҳазор долларро ташкил медод. Ба ғолибон дар ҳар як вазн 20 ҳазор доллари ИМА, ба барандагони медали нуқра 10 ҳазор ва медали биринҷӣ 5 ҳазор доллар тақдим шуд. Ҳамчунин, ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ҷойи аввал дар ҳисоби медалҳо 5 ҳазор доллар тақдим гардид. Дастаи мунтахаби Россия, ки 5 медал (2 тилло, 2 нуқра ва як биринҷӣ) ба даст овард, барои ҷойи дуюм 3000 доллар гирифт. Мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 8 медал (як тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) сеюм шуда, бо 2000 доллари ИМА сарфароз гашт.
Тавре гуфтем, гӯштини миллӣ таърихи хеле қадима дошта, дар асри VII милодӣ бо ҳамин ном муаррифӣ шудааст. Моҳияти гӯштингирӣ, пеш аз ҳама, дар адаб, таълим, тарбия, шуҷоат ва дӯстиву рафоқат таҷассум ёфта, барои инсоният беҳтарин роҳи тарбияи ҷисмониву руҳӣ ба ҳисоб меравад. Гӯштини миллӣ бо анъанаву хусусиятҳои хоси худ мавқеи худро ҳамчун намуди варзиш то имрӯз нигоҳ дошт. 
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гӯштингирӣ соли 2022 мақоми байналмилалӣ гирифта, дар Вазорати адлияи Швейтсария сабти ном ва дорои сертификат шуд. Феълан дар ҷумҳурӣ Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ фаъолият доранд. Ба иттилои Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ, аллакай, кумитаҳои миллии олимпии 15 кишвари ҷаҳон гӯштингириро ҳамчун варзиш эътироф намуда, беш аз 70 давлат бо Федератсияи байналмилалӣ ҳамкориро ба роҳ мондаанд. 
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 03.09.2024 №: 169
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив