ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОМОДАГӢ БА СОЛИ ХОНИШ. ТАҚДИМИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ БА ХОНАНДАҲОИ НИЁЗМАНДИ ВИЛОЯТИ СУҒД 

ОМОДАГӢ БА СОЛИ ХОНИШ. ТАҚДИМИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ БА ХОНАНДАҲОИ НИЁЗМАНДИ ВИЛОЯТИ СУҒД 

03 сентябр 2024, Сешанбе
30
0
 
Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ба 160 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд, 70 хонанда аз шаҳри Бӯстон, 100 нафар аз шаҳри Гулистон, 160 кас аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 80 нафар аз ноҳияи Айнӣ ва 113 тарбиятгирандаи Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан, ки бо ҳукми тақдир ятим мондаанд, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ва мактаббачагоне, ки бо амри тақдир ятим мондаанд, иброз дошт, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат гурӯҳи ниёзманди ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд. Бинобар ин, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа бояд ҳеҷ гоҳ худро танҳо ҳис накунанд ва дар фазои орому осудаи мамлакат таҳсил намуда, соҳиби касб шаванд.
Наврасон миннатдории худро барои ғамхориҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, ваъда доданд, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм карда, дар пешрафти Ватан саҳми назаррас мегузоранд.
 
 
НОҲИЯИ АЙНӢ.  15 ОИЛАИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА СОҲИБИ ХОНАИ НАВ МЕШАВАД
Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ босуръат идома дорад.
Чанде пеш раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба деҳаи Искодар рафта, аз ҷараёни сохтмони хонаҳо, ки таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, шинос гардид. Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд иттилоъ дод.
 
Ба гуфтаи ӯ, 13-уми июли соли равон бар асари омадани сел дар деҳаи Искодар чанд манзили зисти шаҳрвандон пурра ва қисман хароб гардида, ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, боғу заминҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ расида буд. Бо дастури махсуси Пешвои миллат барои сокинони зарардида дар мавзеи бехавфи дашти Искодар замин ҷудо гардида, барои 15 оила сохтмони хонаҳои истиқоматӣ шуруъ шуд. Бо ин мақсад, ёриҳои Президенти мамлакат иборат аз масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, чӯбу тахта, арматура, хишти пухта, қуму шағал ва маводи хӯрока дастрас гардид. 
Таъкид шуд, ки сохтмончиёнро зарур аст, барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо сидқан заҳмат кашанд. 
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия, намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шабакаҳои барқ, раёсати ҳолатҳои фавқулода, ташкилоту идораҳо дастур дод, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат хонаҳо бунёд ва ба зарардидагон супурда шаванд.
 
Кароматулло АТО,  
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.09.2024 №: 169
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив