ҶУДО

03 сентябр 2024, Сешанбе
12
0
Муҳиддин Асадуллоев – чемпиони Осиё
Аз 29-уми август то 1-уми сентябр дар шаҳри Мунгйонги Ҷумҳурии Корея Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон доир гашт.
Дар зӯрозмоиҳо миёни наврасон 169 варзишгар аз 16 давлат ва миёни  ҷавонон 165 варзишгар аз 17 давлат ширкат доштанд. Федератсияи ҷудои кишвар 6 варзишгарро ба Корея сафарбар намуд. Муҳиддин Асадуллоев дар вазни -73 кг медали тилло гирифт. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар чорякниҳоӣ бар ҳамдастаи худ Илҳомиддин Ҷабборов, дар нимфинал бар намояндаи мизбон Йонгмин Ким ва дар финал бар Ҳоҷиакбар Тошеви ӯзбекистонӣ ғолиб омад.
 
 
ФУТБОЛ
Иштирокдорони даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон муайян шуданд
Дар бозиҳои ҷавобии даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2024, ки 29-31-уми август баргузор шуданд, “Хуҷанд” бар “Вахш” бо ҳисоби 2:1 (бозии аввал – 1:1), “Регар-ТадАЗ” бар “Шодмон” бо ҳисоби 5:2 (1:0) пирӯз гаштанд. Вохӯриҳо миёни “Истаравшан” – “Истиқлол” (0:0, бозии аввал – 1:2) ва “Равшан” – КМВА (0:0, бозии аввал – 0:1) бидуни гол анҷом ёфтанд. Аз ҳисоби пирӯзӣ дар бозии аввал “Истиқлол” ва “Равшан” ба нимфинал баромаданд.
Ҳамин тариқ, дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол” бо “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” бо “Равшан” вомехӯранд.
 
 
 
БОКС
4 варзишгарамон ба нимфинали Чемпионати Осиё баромаданд
Варзишгаронамон – Анӯшервон Сиддиқов (33 кг), Дилшод Сиҷаев (35 кг), Фирӯзҷон Бойматов (37 кг), Акбарҷон Абдуллоев (58 кг) ба даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мактаббачаҳо роҳхат гирифтанд. 
Чемпионати Осиё миёни мактаббачаҳо ва наврасон 27-уми август дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб оғоз ёфта, то 10-уми сентябр идома меёбад. 
Ҷумҳурии моро миёни мактаббачагон 14 нафар ва миёни наврасон 13 нафар намояндагӣ доранд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.09.2024 №: 169
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив