ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАНҶАКЕНТ ВА ФАТҲИ УФУҚҲОИ НАВИ РУШД

ПАНҶАКЕНТ ВА ФАТҲИ УФУҚҲОИ НАВИ РУШД

04 сентябр 2024, Чоршанбе
16
0
Имрӯзҳо мардуми Панҷакент бо вусъат додани корҳои ободонӣ ба сӯйи уфуқҳои тозаи рушд қадам мениҳанд. Барои инъикоси рафти омодагиҳо ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, инчунин шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, роҳ гирифтем ҷониби ин гӯшаи ободу хуррами диёр ва суҳбате доштем бо раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода.
– Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёди 984 иншоот пешбинӣ шуда, давоми солҳои 2022–2023 ва шаш моҳи аввали соли равон 463 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бояд зикр намуд, ки айни ҳол дар беш аз 40 иншооти ҳаҷман калон, аз ҷумла 35 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдою хизматрасонӣ, ду бинои беморхонаи минтақавӣ, панҷ бинои муассисаҳои таълимӣ ва меҳмонхона бомаром идома доранд. Дар маҷмуъ, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои беш аз 1000 оила манзили истиқоматӣ ба истифода дода мешавад, – гуфт раиси шаҳр. 
Маврид ба ёдоварист, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти шаҳри Панҷакент маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии шаҳр  ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст. Дар давраи ҳисоботӣ маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 426 миллион сомониро ташкил дод, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 100,6 миллион сомонӣ бештар аст.
– Соли  равон  бо  мақсади  иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба зиёд намудани майдони кишт ва истеҳсоли картошка таваҷҷуҳи хос додем.  Бо истифода аз   захираю имкониятҳои дохилӣ ва ворид кардани 7500 тонна тухмии навъҳои серҳосили картошка аз Федератсияи Россия, ноҳияҳои  Кӯҳистони Мастчоҳ ва Деваштич бо назардошти кишт дар заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ  наздики 5 ҳазор гектар картошка кишт карда шудааст, – иброз намуд Абдухолиқ Холиқзода.
Ҳамчунин, дар ин давра дар майдони 670 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 63 гектар зиёд аст. 
Мувофиқи маълумоти оморӣ, ба санаи  якуми июли соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 12994,8 тонна ҳосили ғалла гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра  25449,8 тонна картошка, 8699,1 тонна сабзавот, 1495,2 тонна мева ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба соли гузашта 9381,4 тонна картошка ва 830,6 тонна сабзавот зиёд аст.
Дар натиҷаи соҳилбандӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир, соли  гузашта беш аз 100 гектар замини нав аз худ карда шуда, айни замон бо ҷалби соҳибкорон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Зарафшон ва сохтмони 2 пойгоҳи обкашӣ бомаром идома дорад. Бо анҷоми ин корҳо имсол 240 гектар замини нав  азхуд  ва ҳолати мелиоративии беш аз  220 гектар замин беҳтар мегардад. Ҳоло ҳамаи каналҳои худҷорӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ дар ҳолати корӣ буда,  майдонҳои киштро  бо оби полизӣ таъмин мекунанд.
Бо мақсади  азхудкунии  заминҳои нав ва обёрии заминҳои соҳили дарёи Зарафшон лоиҳаи ангоравии 4 пойгоҳи обкашӣ ва ба як маҷро даровардани дарёи Зарафшон барои аз худ кардани беш аз 4000 гектар замин таҳия гардида, барои дарёфти манбаъҳои маблағгузорӣ ба сохторҳои марбутаи давлатӣ пешниҳод гардиданд.
Дар шаҳри Панҷакент ба рушди соҳаи саноат низ диққати махсус зоҳир мегардад. Натиҷаи ҳамин тадбирандешиҳост, ки корхонаҳои саноатии шаҳр дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро якҷо бо хизматрасонии пулакӣ ба маблағи беш аз 2 миллиарду 840 миллион сомонӣ расонданд.  Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 307 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бо вуҷуди пешравиҳо, дар соҳаи саноат камбудиҳо низ кам нестанд.  Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда дар шаш моҳи соли равон, маблағи асосии ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба зиммаи танҳо ҶДММ КМ «Зарафшон» рост меояд, ки 91 фоизи маҷмуи маҳсулоти саноатии шаҳрро ташкил медиҳад. Ба ибораи дигар,  саҳми 40 корхонаи дигари саноатӣ ҳамагӣ 9 дарсад аст.
Дар давраи ҳисоботӣ  корхонаҳои саноатии шаҳр бидуни саҳми ҶДММ КМ “Зарафшон” ба маблағи 270,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ якҷо бо хизматрасонии пулакӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта  120 миллион сомонӣ ё ду баробар зиёд аст. 
Дар ин муддат аз тарафи ҶДММ КМ “Зарафшон” ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки бо нархҳои амалкунанда нисбат ба соли сипаришуда 8 фоиз бештар аст.  
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати мавриди истифода қарор додани корхонаҳои аз кор бозмонда тадбирҳои амалӣ андешид ва дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкон хатти технологии ҶСП “Мармари Саразм”-ро аз нав ба кор дароварда, панҷ коргоҳи хурди истеҳсолӣ бо 34 ҷойи кор, аз ҷумла коргоҳи бастубанди биринҷ дар деҳаи Озодагон  ва дар ҶСК  “Маърифатпарвар” коргоҳи бастубанди меваи хушк ташкил шуданд. То охири сол бунёди боз 10 коргоҳи нави истеҳсолӣ дар назар аст.
Умуман, дар шаҳри Панҷакент барои рушди соҳаҳои гуногун заминаҳои воқеӣ вуҷуд доранд, ки бо амалӣ гардидани онҳо вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳр боз ҳам беҳбуд хоҳад ёфт.
 
Комрон САФАР, 
Шодмон АБДУРАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.09.2024 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив