ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАБОНДОНӢ ТАЛАБИ ЗАМОН АСТ

ЗАБОНДОНӢ ТАЛАБИ ЗАМОН АСТ

04 сентябр 2024, Чоршанбе
9
0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар суханрониҳояшон пайваста таъкид месозанд, ки мо бояд ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ, аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Дар ин росто, Вазорати маориф  ва илм таъмини муассисаҳои таълимӣ бо синфхонаҳои лингафонӣ, аз курсҳои такмили ихтисос гузарондани омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ, ташкили маҳфилҳои забондон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, беҳтар намудани фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагиро дар муассисаҳои таълимӣ вобаста ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро роҳандозӣ намудааст.
30-юми ноябри соли 2021 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба таъмини омӯзгорони забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ва ташкил ва шартҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, созишнома ба имзо расида буд.
Дар доираи лоиҳаи Вазорати маорифи Федератсияи Россия – “Омӯзгорони рус дар хориҷ” соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 117 омӯзгори рус таълим хоҳанд дод. Лоиҳа 27 муассисаи таълимиро дар 13 шаҳру ноҳияи кишвар фаро мегирад.
Ҳамчунин, ҷиҳати бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русӣ дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия то оғози соли нави таҳсил нашри 150 ҳазор нусха китоби дарсии фанни забони русӣ барои хонандагони синфи 2-и муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони тоҷикӣ ва дар солҳои оянда нашри китоби фанни забони русӣ аз синфи 1 то 11 барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамин тариқ, Вазорати маориф ва илм нақша дорад, ки то соли 2030 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ таҳияи стандарт, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиро пурра ба анҷом расонад.                   
 
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.09.2024 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив