ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУЛҲОВАР 

СУЛҲОВАР 

05 сентябр 2024, Панҷшанбе
12
0
 
Суханҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Темур Зулфиқоровро дар шинохти дигарбораи Пешвои муаззами миллат мешунаваму ба андеша меравам. Нависанда мегӯяд: «Беҳтарин дастоварди инсоният ба вуҷуд овардани давлат аст. Худованд Шуморо фиристод, то давлати тоҷиконро бунёд намоед. Шумо сулҳоваред. Ин бузургтарин дастовард барои дилхоҳ роҳбар аст. Шумо хеле сиёсатмадори бомаҳорату варзидаед. 
 
Шумо ва ҳампаймононатон «гургон»-и ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси панҷара андохтед. Барои ин миллати тоҷик бояд пайкараи тиллоии Шуморо гузорад». 
Ин суханро оне мегӯяд, ки шоҳиди дирӯзи талху имрӯзи ширини мост. Ин эътирофи онест, ки чанд насли роҳбарро дидаву ба ин хулоса расидааст. Ин ҳушдор барои мост, ки бояд дар ин ҷаҳони пуртазод дар гирди шахсияте чун Пешвои миллат ба ҳам оем, ба ободиву ҳифзи ин кишвари дорои таърихи бузург бикӯшем. 
Ин арзи сипоси пири хирадест, ки Сарвараш ӯро аз шаҳри калони пуродаме канори чашмасору рӯди хурӯшони Ватан овард, то аз гулу гиёҳу мардуми самимии деҳот илҳом бигирад ва асарҳои безавол эҷод кунад. Ин сухани орифест, ки асли зиндагиро беҳтар аз мо мебинад ва ба он жарфтар аз мо менигарад. 
Ин ифтихори марди бузургест, ки дар сарзамини аҷдодӣ рафоҳ ёфтааст.  
Бале, сулҳ овардан кору саҳлу сода нест ва арзиши онро онҳое беҳтар медонанд, ки шумбоди ҷанг хонаву дарашонро вайрон кардаву азизонашонро ба коми худ фурӯ бурдааст. 
Ба қадри сулҳ модарони мо бештар мерасанд, ки бо тарсу ваҳм дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузор мекарданд, дар дарси донишгоҳ менишастанд, вале чашму ҳушашон ба дари синфхона, то муҷоҳиде наояд…  
Моҳияти сулҳро онҳое амиқтар сарфаҳм мераванд, ки фарзандонашон бо садои тир бедор мешуданд. 
Вале қадами мубораки Пешвои миллат ба арсаи давлатдорӣ ҳаёти дубораро ба мардуми кишвар эҳдо кардаву ин ҳама кобусро аз байн бурд. Дар шинохти роҳи интихобкардаи Президенти мамлакат журналистон Муҳаммадҷон Тоштемиров ва Зафар Саидзода ҳанӯз соли 1997 дар мақолаи "Шоҳроҳи сулҳ"-ашон гуфта буданд: «Ин роҳи хосе, ки Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат пеша кардааст, роҳи сулҳу оромӣ ва созандагиву бунёдкорист. Сиёсати ӯ сиёсти навпардозӣ ва дигаргунсозиҳост. Ин сиёсат бо серталабӣ ва интизоми қатъӣ тавъам гашта, аз чашмаи ҷаҳонбинӣ ва табиати халқ об хӯрда, ба як сиёсати зинда ва ҳаётбахш табдил ёфтааст». 
Зиндаву ҳаётбахш хондани сиёсати Пешвои муаззами миллат бесабаб нест, зеро аз рӯзҳои аввали сарварӣ доим миёни халқанд Ҷаноби Олӣ ва ҳамеша дар фикри беҳбудии зиндагии онон. 
Дар нахустин баромади пешазинтихоботӣ ба ҳайси Президенти мамлакат низ Сарвари давлат аз шиорпартоиҳо кор нагирифтаву мегӯянд: «Ман ҳеҷ гоҳ ваъдаи хушку холӣ намедиҳам, мо як ҷо ба сулҳу оромӣ муваффақ гардидем, акнун якҷоя муттаҳид шуда, аз рӯи инсоф меҳнат мекунем, албатта, роҳати онро мебинем».
Бо ҳамин умеду бовар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маснади президентӣ нишастанд ва тавонистанд  роҳи душворро тай намудаву халқро ба ин рӯзҳои нек расонанд. 
Душвор будани роҳи эъмори дигарбораи давлатро онҳое, ки дар раванди сулҳ ширкат доштанд низ ҳис менамуданд. Соле, ки мо ба ваҳдати миллӣ даст ёфтем, Герд Меррем, намояндаи Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид, гуфта буд: «Тоҷикистон ба марҳалаи нав ва умедворкунандаи созгории миллӣ ба барқарор сохтани мамлакат, ки тамоми табақаҳои ҷамъиятиро фаро мегирад, қадам мегузорад. Интизор набояд шуд, ки ин давра нисбат ба давраи музокирот осонтар ва ҳамвортар хоҳад буд. Хисороти ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ воридсохтаи муноқишаро танҳо бо роҳи заҳмати ҳамагонӣ дар руҳи масъулияти умумии эҳёи мамлакат бартараф кардан мумкин аст». 
Бо азму талошу руҳи шикастнопазири Сарвари давлат ин Ватан бунёд шуд, мулк обод. Ба чашмҳо хурсандӣ дамиду ба дилҳо гармӣ омад. Мардум имрӯз маротибаи 33-юм ҳамдигарро бо ин Ҷашни фархунда шодбош мегӯянд. Бигзор ҳазорҳо соли дигар ин сарзамин аз тантанаи истиқлол шукуфонтар гардад.  
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 05.09.2024 №: 171
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив