ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ НИЗОМИЁНРО БО МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ САРФАРОЗ ГАРДОНДАНД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ НИЗОМИЁНРО БО МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ САРФАРОЗ ГАРДОНДАНД

05 сентябр 2024, Панҷшанбе
16
0
4-уми сентябр дар Қасри миллат Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ як гурӯҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус сарфароз гардонданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ба муносибати сазовор дониста шуданашон бо мукофотҳои олии давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбию махсус табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду пешрафти ҷомеа ва пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон ибрози андеша карда, ҳамаи ин дастовардҳоро самараи соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуданд, ки, аз ҷумла, ба шарофати хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин гардида истодааст.
Таъкид шуд, ки роҳбарияти давлат хизмати содиқона ва матонату ҷасорати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, қонунияту тартибот ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳамеша қадр мекунад.
Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ” хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гурӯҳ фарзандони шуҷоу далер бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадр шуданд.
Аз ҷумла, як нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, як кас бо ордени Спитамен дараҷаи II, чор нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 34 кас бо медали Ҷасорат, 47 нафар бо медали Хизмати шоиста ва ду кас бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ” ба як гурӯҳ хизматчиёни низомӣ ва кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники хадамоти гумрук, генерал-лейтенанти адлия, генерал-майори милитсия, генерал-майор, рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал-майори адлия, рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майори гвардия  ва генерал-майори хадамоти гумрук дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарону кормандони масъул фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр мешавад.
Дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо сарфароз шуданашон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус шодбош гуфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо, ҳидоят намуданд.
Дар фароварди маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кормандону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар оянда низ тамоми донишу малака ва таҷрибаву тавоноии худро барои ободии Ватани азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, амнияти давлат ва осоишу оромии сокинони кишвар сафарбар месозанд.
 
Санаи нашр: 05.09.2024 №: 171
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив