ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТЕННИС

ТЕННИС

05 сентябр 2024, Панҷшанбе
17
0
Теннисбозони 13 давлат барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон маҳорат месанҷанд
4-уми сентябр дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи XIV Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.
Дар мусобиқа, ки ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 то 7-уми сентябр сурат мегирад, 64 варзишгар аз 13 давлат: Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Эрон, Руминия, Уммон, Ҷумҳурии Корея, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Тайланд ва Тоҷикистон ширкат дорад.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода меҳмонону варзишгаронро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам гуфта, аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ёдовар шуданд.
Зикр гардид, ки Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис миёни наврасон бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 2006 баргузор шуда буд, инак, маротибаи 14-ум аст, ки варзишгарони наврасро аз кишварҳои гуногуни олам ба ҳам меорад. Мусобиқа соли 2021 ба тақвими мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид карда шуда, рейтингӣ маҳсуб мешавад. Дар заминаи Мусобиқаи мазкур, ҳамчунин, аз соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тақвими Федератсияи байналмилалии теннис мусобиқаҳои байналмилалии “Tajikistan Open” ва “Tajikistan tennis Federation Cup” доир мегарданд, ки ба рушди ин намуди зебои варзиш дар кишвар мусоидат мекунанд.
Баргузории мусобиқаи байналмилалӣ ифодаи олии мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи варзиши кишвар ва ҷаҳон, инчунин, таҳкими ҳаракати олимпии дунё мебошад. Тавре борҳо Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: “Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад”.
 
 
 
ФУТБОЛ
Дар Ҷоми Мердека мунтахаби Тоҷикистон барои ҷойи сеюм мубориза мебарад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2024» дар Малайзия аз тими миллии Лубнон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Акнун футболбозони мо барои ҷойи сеюм бо тими Филиппин вомехӯранд, ки 8-уми сентябр баргузор мешавад.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 05.09.2024 №: 171
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив