ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АРЗИШИ АБАДӢ

АРЗИШИ АБАДӢ

11 сентябр 2024, Чоршанбе
8
0
Пас аз ҳазор соли давлати Сомониён танҳо баъди қабул намудани Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибихтиёр таъсис ёфта, имкон фароҳам омад, ки ормону орзуҳои деринаи тоҷикон амалӣ гашта, роҳи аз нав бунёд сохтани давлатдории миллии навин пеш гирифта шавад.
Заминаҳои расидан ба истиқлоли давлатӣ барои кишвару миллати тамаддунофари мо, барои мардуми соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи тоҷик, гуногун буданд. Аммо, чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, маҳз ормони қариб ҳазорсолаи халқи мо барои аз нав бадастории соҳибистиқлолӣ моро ба ин бузургтарин неъмати давлатдорӣ расонд, зеро “решаҳои истиқлоли мо ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд!».
Мо дар зарфи сию се соли соҳибистиқлолӣ барои таъмин, ҳифз, таҳким ва равшан сохтани дурнамои истиқлоли давлатӣ аз фишангу воситаҳо ва механизмҳои гуногуни аз ҷиҳати илмӣ асоснок истифода намудем. Вале сарфи назар аз ин, аз нигоҳи мо, маҳз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, баъди ба ҳайси Сарвари давлат – Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин воситаю механизмҳо ба таври мушаххас муайян шуда, раванди воқеии таъмини соҳибихтиёрию истиқлоли давлатии мамлакат шуруъ гардид. Каме дертар бошад, масъулияти бузурги таърихиро бар дӯш гирифта, Сарвари давлат дар муроҷиатномаи худ ба халқи кишвар аз 12-уми декабри соли 1992 барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баровардани Тоҷикистон ва таъмини истиқлолияти давлатиро пешниҳод сохтанд, ки  дар таърихи навини халқи тоҷик ба ҳайси санади сарнавиштсоз хизмат намуд. Минбаъд тамоми саъю кӯшишҳои Роҳбари давлат, фаъолияти сиёсиашон чун Сарвари давлат танҳо ба таъмини соҳибистиқлолии Тоҷикистон нигаронда шуда буданд. Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои муаззами мо барҳақ таъкид доштанд, ки “имрӯз бо сари баланд метавонем бигӯем, ки тамоми корҳоро танҳо ба хотири таҳким ва устувор намудани пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем”.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон на танҳо ба дарки маънои соҳибихтиёрию истиқлолият расид, балки Рӯзи истиқлолиятро дар баробари ҷашнҳои бузурги миллии қадимаамон, чун Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада ва амсоли онҳо, арҷгузорӣ  намуда,  ҳамасола 9-уми сентябр дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. 
Бояд тазаккур дод, ки дар илми муосир, дар даврони ҷаҳонишавӣ, мафҳумҳои соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби як қатор муҳаққиқон ҳамчун падидаҳои нисбӣ арзёбӣ шуда, онҳо мавҷудияти истиқлолияти давлатҳоро дар шакли комил имконнопазир медонанд. Аммо ҳақ бар ҷониби онҳоест, ки соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатиро на танҳо ҳамчун мафҳум, балки ҳамчун ҳолати давлатдорӣ барои муддатҳои тулонӣ барои кулли инсоният амри зарурӣ медонанд ва зикр мекунанд, ки  онҳо барои миллиардҳо одамони муқаррариву аксари сиёсатмадорон дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ҳамчун ахтари роҳнамо садсолаҳои дигар низ хизмат хоҳанд кард. Аз ин рӯ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлатиро ҳамчун арзишҳои абадии башарият ва ҳадафи волотарин барои давлатҳои муосири миллӣ, хусусан барои Тоҷикистони азиз, арзёбӣ намуда, таманнои он мекунем, ки кишвари биҳиштосои мо ҷовидона озоду обод, мустақилу соҳибихтиёр бошад ва сокинони он ҳамеша хушбахту саодатманд монда, барои хизмат ба Ватани биҳиштосо  ҳар лаҳзаву ҳар соат камари ҳиммат баста бошанд.
 
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, 
президенти Академияи 
миллии илмҳои Тоҷикистон
Санаи нашр: 09.09.2024 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив