ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛИ МО

ИСТИҚЛОЛИ МО

11 сентябр 2024, Чоршанбе
38
0
Мо туро бо хуни ҷони  хештан парвардаем,
Бо нами ашки ниҳони хештан парвардаем.
 
Мо ба ёди ту ба садҳо ҷабри даврон зистем,
Бо хаёлат дардҳо дар зери дандон зистем.
 
Ин туӣ, к-аз пайкару пайкори мо рӯидаӣ!
Ин туӣ, к-аз дидаи бедори мо рӯидаӣ!
 
Ин туӣ, рӯида аз таърихи хунини Ватан!
Аз сари сангину аз тамкину аз кини Ватан!
 
Ин туӣ, к-аз ҳикмати пирони мо рӯидаӣ!
Ин туӣ, к-аз ҷону аз виҷдони мо рӯидаӣ!
 
Хокат аз хоки вуҷуди рафтагони мо бувад!
Ин Нишонат аз ҳазорон бенишони мо бувад.
 
Парчамат аз чарми нанги мост, аз виҷдони мост!
Аз ҳарири пардаҳои синаи сӯзони мост!
 
Мо ҳама дороии худро фидоят кардаем,
Ҷисми худро дода, дилро раҳнамоят кардаем.
Дур бод он кас, ки моро аз ту хоҳад дур кард!
Кӯр бод он кас, ки мехоҳад раҳатро кӯр кард!
 
Эй ту Истиқлоли мо, иқболи мо, иҷлоли мо!
Эй ту шаъни аз шукӯҳи меҳр моломоли мо!
 
Эй муқаддас! Эй ҳазоронсола армони Ватан!
Мо ту ҳастему ту дар мо пайки  паймони Ватан!
 
Мо туро дар мағз-мағзи ҷисму ҷон мепарварем!
Мо туро чун устувон дар устухон мепарварем!
 
Мо ба ёди ту ба сад ҷабру ҷафоҳо зистем!
Як нафас бе ту агар бошем, ҳаргиз нестем!
 
Ҳамватан! Субҳат ба хайр! Ин субҳи истиқлоли мост!
Ин муҳаббат, ин саодат, ин шараф шаҳболи мост!
 
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 09.09.2024 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив