ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДОИ “БЕНАЗИР” ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДОИ “БЕНАЗИР” ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

11 сентябр 2024, Чоршанбе
11
0
6-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бинои маркази савдои “Беназир”-ро фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Маркази савдои “Беназир” ба маблағи 5,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Зафар Сафаров бунёд шудааст. Он дуошёна буда, масоҳаташ 2200 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Маркази савдо аз 95 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, ба монанди хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, қолинҳо, таҷҳизоти рӯзгор, маводи ороишӣ, дорухона ва коргоҳи дӯзандагӣ барои занону ҷавондухтарон, иборат аст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази савдои “Беназир” 130 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид, ки аз ин нишондод 30 нафар занону ҷавондухтарон ба коргоҳи дӯзандагӣ ҷалб шудаанд. Коргоҳи мазкур бо дастгоҳҳои электронии дӯхти либос ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин мебошад.
Инфрасохтор ва намои бинои марказ бо риояи санъати баланди меъморӣ ва чароғонкунии муосир оро ёфта, аз вусъати созандагӣ ва неруи тоза гирифтани бунёдкориҳо дар ноҳияи Ховалинг шаҳодат медиҳад.
Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави кор, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ сохта шуд.
Зимни боздид аз шароит ва хизматрасониҳои марказ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорро барои саҳмгирӣ ҷиҳати ободию пешрафти Ватан шоистаи таҳсин хонданд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки  мақсади бунёди коргоҳи дӯзандагӣ саҳмгузорӣ дар яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Тавре иттилоъ доданд, дар доираи Солҳои рушди саноат, (2022-2026) тайи ду соли охир дар кишвар зиёда аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфт.
Ёдовар бояд шуд, ки дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибкории хурду миёна шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳафт соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор расид. Танҳо соли 2023 соҳибкорони кишвар 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи кор ба истифода доданд.
Санаи нашр: 11.09.2024 №: 174-175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив