ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МИНТАҚАИ РАШТ

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МИНТАҚАИ РАШТ

16 сентябр 2024, Душанбе
9
0


Ифтитоҳи бинои шуъбаи маориф 
11-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бинои шуъбаи маорифро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои шуъба аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори  Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо харҷи  5 миллион сомонӣ бунёд гардид. Сохтмони он соли 2019 бо гузоштани санги асос аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда, дар муҳлати муайяншуда бо тарҳи муосир ва риояи унсурҳои миллии шаҳрсозӣ ба сомон расид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави шуъбаи маориф 10 ҳуҷраи корӣ ва 44 ҷойи нишаст дошта, ҳуҷраҳо бо мизу курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Маҷлисгоҳ дар ошёнаи сеюми бино буда, 100 ҷойи нишаст дошта, бо лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонда шудааст. Минбаъд конфронсу мулоқот ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ин толор гузаронда мешаванд. Бино, ҳамчунин, дорои китобхона, бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои ёрирасону шабакаи мустақили гармидиҳист. Дар ошёнаи сеюми бинои маъмурӣ меҳмонхонаи хурд аз 3 ҳуҷра ташкил дода шудааст. Атрофи бинои шуъба чароғон ва сабзу хуррам гардида, ба маркази ноҳия зебоии хос зам мекунад.
Бо бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани бино барои кормандону мутахассисони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам омад. Акнун, аҳли маорифи ноҳияи баландкӯҳ имкон доранд, ки фаъолиятро беҳтар ба роҳ монда, барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва таълиму тарбияи хонандагон саҳми муносиб гузоранд. Ҳоло дар ноҳияи Сангвор 58 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 5 ҳазору 176 нафар хонанда фаъолият дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо иншооти нав, ба корҳои анҷомгирифта баҳои баланд дода, ба кормандон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсил, истифодаи васеи технологияҳои муосир, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Қариб 50 дарсади кормандонро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 22 нафар тибқи Квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуд, ки 11 нафараш духтар мебошад. Дар маҷмуъ, давоми солҳои охир 200 духтари ноҳия тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ дохил шуд.
 
Меҳмонхона ва маркази савдои “Сайёҳ” 
11-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор меҳмонхона ва маркази савдои “Сайёҳ”-ро, ки дар доираи корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфт, мавриди истифода қарор доданд.
Бинои иншоот аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосири меъморӣ қомат афрохт. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 12 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои навбунёд мағозаи хӯрокворӣ, дар ошёнаи дуюм мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ва ҷиҳози рӯзгор ҷойгиранд. Дар маркази хизматрасонӣ пардохт тавассути технологияи муосир сурат мегирад. Ошёнаҳои сеюму чоруми бино пурра барои меҳмонхона пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи сеюм қабулгоҳи сайёҳон, ҳуҷраҳои хоб ва толори гузарондани семинару машварат ҷой гирифтаанд. Ошёнаи чорум аз ҳуҷраҳои хоб иборат мебошад. Дар маҷмуъ, дар меҳмонхонаи “Сайёҳ”, ки аз ҷониби соҳибкор Осим Сафаров сохта шудааст, 10 ҳуҷра бо 15 ҷойи хоб мавҷуд аст.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои меҳмонхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба услуби кори меъморон ва сифати корҳои сохтмонию шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, сохтмони чунин иншоотро дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ карданд. Зеро шумораи сайёҳон ба кишвари мо сол ба сол зиёд мегардад.
Тавре зикр гардид, дар оянда дар ошёнаи панҷуми бино барои истироҳату фароғати сайёҳону меҳмонон нишастгоҳи тобистона сохта мешавад, ки аз он тамоми манзараҳои зебои ноҳияи Сангвор намудор мегардад ва ин омил барои ҷалби бештари сайёҳон мусоидат мекунад. Масоҳати бино 820 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Атрофи он ба таври замонавӣ оро ёфта, суҳбаткадаҳо бо гулҳои ороишӣ ҳусни биноро боз ҳам зеботар менамоянд. Дар рафти сохтмони иншооти мазкур 50 бинокор ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буд. Насби чароғакҳои замонавии равшанидиҳанда шабона ба намои берунаи иншоот ҳусни тоза зам мекунад.   
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таъкид карданд, ки тавассути ноҳияи Сангвор ҳамасола сайёҳони зиёд гузашта, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мераванд. Аз ин рӯ, бунёди чунин меҳмонхона бо маркази савдо бо шароиту имкониятҳои муосир хеле муҳим мебошад. Дар саҳни бинои баландошёна, дар баробари дигар имкониятҳои истироҳатию фароғатӣ, таваққуфгоҳ барои дучархаҳо мавҷуд мебошад, ки барои сайёҳону меҳмонон пешбинӣ шудааст.
Ҳангоми суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаро ба истифодаи пурсамари имкониятҳои сайёҳӣ тавассути бунёди чунин иншооти замонавӣ ҳидоят намуданд. Иншоот дар заминаи дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва рушди соҳибкорию сайёҳӣ бунёд ёфт. Ҳамин тавр, бо эъмори меҳмонхонаи “Сайёҳ” шумораи меҳмонхонаҳо дар ноҳияи Сангвор  ба ҳафтто расид.
 
Бунёди майдони Нишони давлатӣ 
ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ 
11-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Сангвор бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Нишони давлатӣ ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бо арзи эҳтиром ба пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд. 
Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар муддати қариб як сол бо санъати баланди меъморӣ ва истифодаи сангҳои ороишӣ бунёд шуда, баландии пояи он 25 метрро ташкил медиҳад.
Лозим ба таъкид аст, ки Нишони давлатӣ дар ин гӯшаи дурдасти кишвар низ бо мақсади ҳифз ва арҷ гузоштан ба асолати миллӣ эъмор гашт. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ аз рӯи муҷассамаи бунёдгузори давлати бузурги Сомониён – шоҳ Исмоили Сомонӣ, парда бардоштанд. 
Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтарош Алиҷон Бобошарифов бо санъати баланд сохта шудааст.   Баландии муҷассама 5,3 метр буда, бо таҳкурсӣ ба 9 метр мерасад. Дар паҳлуҳои муҷассама, ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик, тандиси ду шерро гузоштаанд. Масоҳати гулгашти Нишони давлатӣ ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ 47 садяк заминро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ аз тарафи бинокорони ташкилоти ҷамъиятии “Офиятбахш”, бо сифати баланд ба анҷом расид.  Бунёди фаввора, насби нишастгоҳҳо ва масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ сабзкоришуда, аз ҷумлаи корҳои дигари ободонӣ дар ин мавзеъ мебошад.  Бо бунёди иншооти мазкур барои сокинону меҳмонони ноҳияи Сангвор боз як мавзеи хуби истироҳату фароғат муҳайё гардид.  
Минбаъд сокинони сарфарозу заҳматпешаи ноҳия, чун дигар гӯшаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ, бо шукргузорӣ аз пойдории ваҳдати миллӣ чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ҷашнҳои миллию давлатӣ ва оммавиро дар ин майдон таҷлил мекунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи иншооти мазкур, ба масъулон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти ҷашнӣ ва бо ин роҳ фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари кору зиндагӣ ба аҳолӣ ва саҳм гузоштан дар рушди бахшу соҳаҳои иқтисоди миллӣ дастуру маслиҳатҳо доданд.  
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор
11-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимӣ доир намуда, суханронӣ карданд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ сокинони ноҳия, кормандони касбу кори гуногун бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфта, ба Роҳбари инсондӯсташон барои таъмини шароити созгори кору зиндагӣ изҳори сипос намуданд.
 
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28 
11-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад.
Дар маҷмуъ, Муассиса 33 синфхонаву ҳуҷраҳои корӣ дорад. Дар синфхонаи фанҳои химия, физика, технологияи иттилоотӣ ва ҳуҷраи инкишофи кӯдак мутобиқ ба талаботи замони ҳозира барои омӯзиш имконият фароҳам омадаанд. Инчунин, МТМУ №28 дорои маҷлисгоҳ бо 190 ҷойи нишаст, китобхона, ҳуҷраи хониш ва толори варзиш мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи омӯзгорону хонандагонро ба истифодаи самарабахш аз имкониятҳои фароҳамшуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди биноҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона шудааст. Аз ин лиҳоз, таълимгирандагонро зарур аст, ки хонанд, илм омӯзанд, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони некном ва имрӯзиён бошанд. Сохтмони бинои МТМУ №28 соли 2019 оғоз гардида, мутобиқ ба талаботи замони муосир ба анҷом расид. Бо мақсади таъмин намудани гармӣ дар Муассиса дегхона ва қубурҳои оби гарм насб карда шуданд. Инчунин, барои тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар саҳни Муассиса ду майдончаи варзиш бунёд гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамшудаи омӯзишӣ баҳои баланд дода, омӯзгоронро ҷиҳати истифодаи судбахш аз имкониятҳои мавҷуда, таълиму тарбияи дурусти хонандагон, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, тарғиби аҳамияти истиқлолу хештаншиносӣ ва ба воя расондани кадрҳои лаёқатманд вазифадор намуданд. 
 
Бунёди бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД 
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нурободро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои шуъбаи мазкур тамоми шароитҳои кориву маишӣ фароҳаманд. Имконоту шароити муҳайёгардида барои фаъолияти корӣ, зиндагӣ, машқу тамрин ва обутоби бадан, сайқал додани донишҳои худ мусоид буда, намунаи возеҳи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат ба кормандони милитсия ва хосатан ба мардум аст. Зеро маҳаки асосии фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – ин зиндагии осуда ва аҳлонаи мардум дар фазои комили суботу оромӣ, зери фазои истиқлоли давлатии Меҳан мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шиносоӣ пайдо карда, таъкид сохтанд, ки фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷомеа ҳаётан муҳим буда, муваффақияти кормандони соҳаи мазкур ба кордонӣ, донишҳои мукаммали зарурӣ, аз ҷумла сиёсӣ, оперативӣ ва фарҳанги баланди муносибат бо мардум вобастагии амиқ дорад. Ҳукумати кишвар солҳои соҳибистиқлолӣ барои таъмини шароити фаъолияти хубу натиҷабахши кормандони милитсия корҳои зиёди босамарро анҷом додааст ва барои оромиву таъмини волоияти қонун ва осудагии шаҳрвандон сиёсати мазкур ҳамвора зери таваҷҷуҳи Президенти кишвар қарор дорад.
Бояд зикр кард, ки соли ҷорӣ ин аввалин иншооти соҳа нест. Ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳои Сарвари давлат ба хотири фаъолияти босамари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандону меҳмонон ва волояити қонун роҳандозӣ мешавад.
 
Мактаби ронандагии МД “Мададгори мудофиа”
11-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод бинои мактаби ронандагии Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиаро мавриди баҳрабдорӣ қарор доданд.
Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур дар масоҳати 0,63 гектар бунёд гашт. Сохтмони он соли 2020 оғоз ёфта, фармоишгар Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун»» мебошад. Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, ҳуҷраҳои гуногуни таълими низомӣ ва ғайринизомӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, синфхона ва ҳуҷраи машқи тирпаронӣ бо истифода аз технологияи муосири лазерӣ дорад. 
Самти асосии фаъолияти мактаби мазкур омода намудани ронандагон ва ошпазон барои Қувваҳои Мусаллаҳ буда, раванди таълим аз рӯйи нақшаи ҳарбикунондашуда сурат мегирад. Ҳамчунин, дар Муассиса ҷиҳати омода намудани ронандагон дар дараҷаҳои гуногуни аҳолии минтақаи Рашт низ мувофиқи хоҳиши худ метавонанд ҷалб шаванд. Раванди таълим бо истифода аз нақлиёти сабукрав, боркаш, дастгоҳи махсуси бо компютер муҷаҳҳаз ва аёниятҳои дигар сурат мегирад. Дар маҷмуъ, дар раванди омӯзиш дар мактаби мазкур нақлиёти дигар низ аз қабили мототсикл, квадросикл ва нақлиёти обӣ истифода мешавад.
Мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии "Мададгори мудофиа"-и барои омода намудани ронандагон метавонад хоҳишмандони минтақаи Раштро ба таҳсил фаро бигирад. 
Дар бинои мазкур, ҳамчунин, кумитаи ноҳиявии Ташкилоти "Мададгори мудофиа"-и ноҳияи Нуробод ҷойгир мебошад. Фаъолияти Ташкилоти мазкур ба кор бо ҷавонон, аз ҷумла ба гузарондани дарсҳои кушод дар муассисаҳои таълимӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, сафороӣ, ба қисмҳо ҷудо кардани яроқи оташфишон, тирпарронӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, техникӣ ва омӯзиши техникаи бехатарӣ равона гардидааст. Дар Муассиса, мувофиқи талаботи раванди таълим, то 15 нафар корманд ҷалб мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки омӯзгорон дар раванди таълим серталаб бошанд. Ифтитоҳи иншооти мазкур, ки барои ҷомеа зарур дониста мешавад, туҳфаи арзанда ба ифтихори истиқлоли давлатӣ мебошад.
 
Баистифодадиҳии хатти оби нӯшокии “Шолидара – Дарбанд” 
11-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанд хатти оби нӯшокии “Шолидара – Дарбанд”-ро ба истифода доданд.
Сарбанди асосии оби сарди поку мусаффо, ки аз пиряхҳо сарчашма мегирад, дар мавзеи Шолидара воқеъ аст ва аз маркази ноҳияи Нуробод дар масофаи 14 километру 420 метр дур мебошад. Аз ин масофа то ба шаҳраки Дарбанд оби нӯшокӣ бо лӯлаи қутраш 273 милиметра бо тариқи худҷорӣ оварда шудааст. Он ба обанбори марказӣ, ки ғунҷоишаш 4000 метри мукаабро ташкил медиҳад, ворид мегардад. Тавассути обанбор 3 500  нафар аҳолии шаҳраки Дарбанд ва дигар иншооти ҳаётан муҳим бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд. Сохтмони иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда, бо сифати баланд анҷом ёфт. Барои сари вақт ва дар муҳлати пешбинигардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ, 30 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардид.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки, бо сабаби афзоиши шумораи аҳолӣ дар шаҳраки Дарбанд, талабот ба оби тозаи ошомиданӣ зиёд ва аз ин ҳисоб маҳдудият ҷорӣ гардид. Акнун, бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти оби нӯшокии “Шолидара – Дарбанд” сокинони шаҳрак шабонарӯзӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд. Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳия ва деҳоти дурдасти кишвар амалӣ гардид.
Сарвари давлат масъулони соҳаро вазифадор намуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба фарҳанги волои истифодаи об дар байни сокинон тақвият бахшанд.
Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта, идомаи татбиқи ташаббусҳои шоистаи роҳбарияти олии мамлакат буда, он марҳала ба марҳала амалӣ мешавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин шабакаи оби ошомиданиро ғамхории навбатии Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуданд.
 
Тақдими туҳфаҳо ба ятимон 
11-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанд марҳалаи дуюми Боғи фарҳангию фароғатиро мавриди истифода қарор доданд.
Боғи мазкур дар масоҳати 12,6 гектар аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун»» бо тарҳи муосир бунёд шуда, яке аз маконҳои асосии сайругашти сокинону меҳмонони ноҳия ва минтақа ба ҳисоб меравад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатӣ моҳи апрели соли 2022 оғоз ёфта, дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расид. Ҳангоми бунёди иншоот беш аз 50 сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ ва мавсимӣ ҷалб шуд. Маблағи харҷшуда дар марҳалаи дуюми бунёди Боғи фарҳангию фароғатии шаҳраки Дарбанд 32 миллиону 190 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани марҳалаи дуюми иншооти фарҳангӣ, ки ба ҳусни ноҳия зебоии дигар зам кардааст, иловатан 15 нафар бо кор таъмин гардид. Дар ҳудуди Боғ амфитеатр бо 250 ҷойи нишаст, чойхона барои 40 ҷойи нишаст, қаҳвахона, панҷ атраксион барои дилхушии кӯдакон, ҳашт айвончаи сояафкан, ду майдончаи хурди варзиш барои бозиҳои футбол ва теннис, ду майдончаи бозии наврасон, ҳайкалчаҳои ҳайвонот, суҳбаткадаҳо сохта шудаанд.
Бо мақсади зебову назаррабо гардондани Боғи фарҳангию фароғатӣ, даромадгоҳ ва роҳравҳои он сафолакпӯш шуда, масъулон гулҳои рангоранги садбарг, мавсимӣ ва дарахтони нодири ороишию ҳамешасабз шинондаанд. Дар ҳудуди Боғ фаввора ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ мавҷуд буда, сокинону меҳмонони ноҳияи Нуробод дар ин макон метавонанд ба таври шабонарӯзӣ истироҳату фароғат намоянд. Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулон ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардондани ин макони дилфиреби фароғатӣ супоришҳову дастурҳои мушаххас гирифтанд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 34 нафар ятим мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд. Туҳфаҳои Президенти кишвар аз бастаи китобҳои дарсию бадеӣ, аёниятҳои хониш, либос ва кумакпулӣ иборат буд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо ятимон таъкид сохтанд, ки ҳар як нафари онҳо таҳти ғамхории давлат қарор доранд ва барои тарбияву ба камол расиданашон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд. Аз ҷавонону наврасон танҳо хониши аъло, муҳаббат ба Ватан, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ва дар заминаи дониши баланд ба роҳ мондани зиндагии шоистаро талаб карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ онҳоро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, илму донишҳои замонавӣ, интихоби дурусти касб ва дар оянда ба нафъи давлату миллат хизмат намудан ҳидоят карданд.
 
Супурдани калиди хонаҳои истиқоматӣ 
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои нави истиқоматиро, ки барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида бунёд шуданд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёд аз хонаҳои истиқоматӣ дидан карда, бинокорон ба корҳои анҷомдода баҳои баланд гирифтанд. Биноҳои нави истиқоматӣ дар муддати қариб ду моҳ эъмор гашта, бо тамоми ашёи рӯзгор пурра таъминанд.
 Сарвари давлат бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Яхак суҳбати самимӣ анҷом дода, дар фазои тантанавӣ ба 22 оила калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуданд. Мардум бо муҳаббат ва арзи эҳтиром ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу миннатдорӣ баён доштанд, зеро онҳо дар муддати кӯтоҳ соҳиби манзилҳои нави истиқоматие шуданд, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъминанд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади бунёди 22 хонаи истиқоматӣ барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Яхаки деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов бо супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати шоҳроҳи мошингарди байналмилалии Нуробод – Рашт 2 гектар қитъаи замин ҷудо гардид, то дар ин маҳалла манзилҳои истиқоматӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд шавад. Корҳои сохтмонӣ 15-уми июли соли равон оғоз гардидаанд. Биноҳои  истиқоматӣ дорои 4 ҳуҷра, ошхона, долон, роҳрав ва дигар шароитҳои зарурӣ мебошанд. Бунёди роҳҳои мошингард ва пиёдагард ба масофаи 900 метр, хатти барқ, об ва дигар инфрасохтори ин деҳаро коргарони сохторҳои дар маҳалбудаи Вазорати нақлиёт ва дигар идораҳои соҳавӣ дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд анҷом доданд.
Бо супориши Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввал барои суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ Агентии захираҳои моддии давлатӣ масолеҳи сохтмониро ба зарардидагон дастрас намуд, то манзилҳои истиқоматӣ дар муҳлати муайяншуда бунёд шаванд. Хонаҳои истиқоматӣ, асосан, аз хишти пухта ва дигар масолеҳи хушсифат эъмор шудаанд, то шароити зисти зарардидагон аз пештара ҳам беҳтару хубтар гардад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Яхак, дар қатори коргарони вобасташуда, афсарону сарбозони қисми низомии дар ноҳияи Рашт қарордоштаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҷалб гардиданд, то корҳои сохтмонӣ дар муҳлати кӯтоҳ анҷом ёфта, осебдидагон соҳиби манзилҳои нав шаванд. Рафти корҳои сохтмонӣ дар манзилҳои истиқоматӣ барои аҳолии зарардидаи ноҳияи Нуробод аз рӯзҳои аввал зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Масъулони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти маҳаллӣ вазифадор шуда буданд, ки хонаҳои зисти шаҳрвандон дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд бунёд шаванд. Оилаҳои соҳиби манзилҳои истиқоматии навшуда, шукронаи сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва кумаку ғамхориҳои Роҳбари раиятпарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доранд, ки барои онҳо дар муддати кӯтоҳ тамоми шароити зиндагиро фароҳам оварданд. 
 
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Нуробод
11-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимию созанда баргузор намуда, суханронӣ карданд.
Баъди суханронӣ як гӯруҳ намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, суолу дархостҳо ва пешниҳодҳои судбахш ба миён гузоштанд, ки мавриди таваҷҷуҳу баррасии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Санаи нашр: 12.09.2024 №: 176
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив