ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МИНТАҚАИ РАШТ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МИНТАҚАИ РАШТ

16 сентябр 2024, Душанбе
7
0
ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ
Боздид аз рафти сохтмони роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод
11-уми сентябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод шинос шуданд.
Масофаи роҳ 76 километрро дар бар гирифта, айни ҳол 3500 коргару мутахассис бо истифода аз 400 техникаву механизмҳо барои ба анҷом расондани сохтмон фаъолият дорад. Сохтмони роҳ дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ” татбиқ гардида, ба се қитъа ҷудо мегардад. Дар марҳалаи якум сохтмони қитъаи роҳи Обигарм – Тагикамар бо тули 30 километр роҳ, панҷ пул, ду нақб бо дарозии умумии беш аз 3 километр ва навсозии пули мавҷуда амалӣ мешавад, ки дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Дар доираи марҳалаи дуюм дар қитъаи Тагикамар – Нуробод сохтмони 47 километр роҳ, 6 пул, як пули муваққатӣ, нақби Тагикамар бо дарозии 2,6 км ва навсозии 1 пули мавҷуда босуръат идома дошта, интизор меравад, ки то охири соли равон ба поён мерасад. Инчунин, тибқи лоиҳаи мазкур, сохтмони пул бо дарозии 920 метр аз болои обанбори НБО “Роғун”дар назар аст, ки дарозтарин дар Тоҷикистон хоҳад буд.
 
Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди қасри фарҳанг 
12-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.
 Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг оғоз ёфт. Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “САНИИОСП” таҳия шуд. Бинои қасри фарҳанг дуошёна хоҳад буд. Корҳои сохтмониро дар ин иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Осим иншоот” анҷом медиҳад.
Дар қасри фарҳанг барои кормандони соҳа тамоми шароити муосир фароҳам гардида, толори баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншооти зарурӣ ҷой мегиранд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои иҷрои босифати корҳо ва дар муҳлати муайяншуда анҷом додани сохтмон супоришҳои мушаххас доданд.
Тибқи нақша, иншооти нав бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад.
 
Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ 
12-уми сентябр дар ноҳияи Лахш Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии “Майдонтерак”-и деҳаи Кӯҳдоман ба мавсими ҷамъоварии картошка оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати заминҳои хоҷагӣ ба 78,5 гектар баробар буда, 40,43 гектари онро заминҳои обӣ, беш аз 33 гектарро заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон ва ду гектарашро боғ ташкил медиҳанд. Дар ин мавзеъ, асосан, картошка парвариш  хоҳад шуд.
Соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия майдони картошка 5 ҳазору 457 гектарро ташкил дода, тибқи интизории мутахассисон, имсол ҳосилнокии он ба 250-270 сентнер аз гектар мерасад. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Лахш, майдони кишти картошка дар ноҳия сол ба сол зиёд гардида, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад. Аз ҷумла, имсол майдони кишт нисбат ба соли гузашта 89 гектар зиёд буда, истеҳсоли зиёда аз 107 ҳазор тонна дар назар аст.
Шароит ва иқлими Лахш барои картошкапарварӣ мусоид аст ва ноҳия дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми назаррас дорад. Хоҷагидорони ноҳияи Лахш асосан навъҳои тухмиҳои “Тоҷикистон”, “Пикассо”, “Покистон”, “Сурхоб”, “Эвалюшн”, “Аризона”, “Элита”, “Гала”, “Бигроза” ва ғайраро кишт мекунанд, ки серҳосиланд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо деҳқонон, истифодаи самараноки заминро омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии дастархони мардум номида, онҳоро ба фаъолияти пурсамар ва истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин ҳидоят намуданд.   Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, имсол 1 ҳазору 803 хоҷагии деҳқонии ноҳияи Лахш дар майдони 8 ҳазору 246 гектар зироатҳои гуногун кишт карда, ҳосили фаровон ҷамъ оварданд. Ҳамзамон, соли равон деҳқонон, тибқи нақша, дар майдони 10 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки ин иқдом иқтидори содиротии кишварро таҳким мебахшад. Дар маҷмуъ, майдони боғот дар ноҳия 1 ҳазору 740 гектарро ташкил медиҳад. Деҳқонон аз ҳосили фаровони имсолаи себу нок ва дигар намуди мева изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва интихоби тухмии серҳосил ба кишоварзону масъулони ноҳия дастурҳои мушаххас доданд. Дар қисми дигари намоишгоҳ занону духтарони ҳунарманд номгӯи зиёди ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзиро ба намоиш гузоштанд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари бонувон баҳои баланд дода, онҳоро ба рушди бештари ҳунарҳои мардумӣ, ки бозгӯи таъриху фарҳанги миллати тоҷик аст, ҳидоят намуданд. Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бонувону ҷавондухтарон дар ноҳияи Лахш ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, ба онҳо имтиёзу имкониятҳои зиёд, аз қабили грантҳои президентӣ дода мешавад.
Дар ноҳияи Лахш ҳунармандон ба кандакорӣ, дутортарошӣ, табақтарошӣ, оҳангарию бофандагӣ ва ғайра машғул буда, дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми худро мегузоранд ва аз ҳисоби маҳсулоти дастии омоданамудаи хеш зиндагиашонро пеш мебаранд. Маҳсулоти нонӣ, аз қабили гирдача, хушкфатир, чапотӣ, кулча, кулчақанд, шириниҳои гуногун ва хӯрокҳои лазизи миллӣ, ки аз ҷониби нонпазон ва кадбонуҳои моҳир омода шудаанд, ба намоишгоҳ шаҳомати хоса зам намуданд.
Бояд таъкид сохт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Лахш ба рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир гардида, тавассути ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ занону бонувони хонашин ва ҷавондухтарон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб мегарданд. Иттилоъ дода шуд, ки сол ба сол дар ин ноҳияи дурдаст ҳунарҳои мардумӣ ривоҷу равнақ меёбанд. Бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия қолинбофии дастӣ низ эҳё гардид ва он ба занону духтарони хонашин дар марказ ва деҳоти он омӯзонда мешавад.
Ҳангоми боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо ҳунармандон таъкид намуданд, ки ташкили бахшҳои ҳунаромӯзӣ, бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ ва дар шароити хона ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб кардани ҷавондухтарону занони бешуғл манфиатовар буда, ба ин восита, дар оянда даҳҳо ҷойи нави кор муҳайё мешаванд.
Ифтитoҳи бинои нави раёсати молия 
12-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш бинои нави хуштарҳу замонавии раёсати молияро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он барои фаъолияти босамари кормандон ҳамаи шароити корӣ муҳайё гардидааст. Бинои нави раёсати молия аз ду ошёна, таҳхона, 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ҳуҷраи техникӣ, бойгонӣ ва иншооти ёрирасон иборат буда, бо маблағи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шуд. Сохтмони бино соли 2021 оғоз ёфта, бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расид. Ҳуҷраҳои он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазанд. Иншооти нав дар масоҳати 0,07 садяк замин доман густурда, масоҳати зери сохтмон 255 метри мураббаъ мебошад.
Атрофи биноро гулу бутта ва ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ зинат мебахшанд. Намои берунаи бино мувофиқ ба талаботи замони муосир оро ёфта, қомат афрохтани он ба ҳусни маркази ноҳия зебоӣ зам кардааст. Ҳамчунин атрофи бино чароғон мебошад. 
Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти корӣ дар бинои нави раёсати молия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро барои татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши технологияи муосири низоми молиявӣ ва истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷети давлатӣ муваззаф намуданд. Бинои нав бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ таъмин аст.
Ҳайати кормандони он аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нав ба Ҳукумати кишвар, бавижа Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзи сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки барои пешрафт, рушди иқтисодиёт ва ташаккули низоми молиявӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
 
Муаррифии лоиҳаи бинои шуъбаи маориф
12-уми сентябр дар ноҳияи Лахш Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии шуъбаи маориф оғоз бахшиданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои шуъбаи маориф аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, он бо назардошти муҳайё гардидани шароиту имкониятҳои муосир барои кормандони соҳаи маориф сохта хоҳад шуд.
Бино бо тарҳи муосири меъморӣ қомат афрохта, дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 111 ҷойи нишаст, ҳуҷраи хоб барои кормандон, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо меоянд, ошхона ва иншооти ёрирасон сохта мешаванд. Шуъбаи маориф аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Дар рафти сохтмон беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми шиносоӣ ба лоиҳаи сохтмони бино, ба масъулон ва бинокорон барои бо сифати баланд бунёд кардани иншоот дастуру ҳидоятҳо доданд.
Бояд гуфт, ки рушди бонизоми соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои беҳтару хубтар намудани шароити кории кормандони ин бахш тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад. Дар маркази ноҳияи Лахш сохтани бинои нави шуъбаи маориф аз дастгириву таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва муҳайё кардани шароити муосир шаҳодат медиҳад.
 
Баистифодадиҳии хатти оби нӯшокии иловагии шаҳраки Ваҳдат
12-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати маркази ноҳияи Лахш хатти оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, тавассути лӯлаи қутраш 160-миллиметра аз масофаи 18 километр ба ду обанбор, ки ғунҷоиши ҳар кадоми он 250 метри мукааб мебошад, интиқол меёбад.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи гузарондани хатти оби нӯшокӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, барои сари вақт ва дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он беш аз 40 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо техникаҳои соҳавӣ ҷалб шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки қаблан сокинони маркази ноҳияи Лахш аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд ва акнун дар партави сиёсати ободкоронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ шудани лоиҳаи мазкур ин мушкилии мардум бартараф гашт. Дар доираи лоиҳа, шафати кӯчаҳо, дохили биноҳои истиқоматӣ, иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзишу хизматрасонии ҳудуди ноҳияи Лахш низ бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор сохтанд, ки пайваста дар беҳтар гардондани сатҳи обрасонӣ ба аҳолӣ тадбирҳои бетаъхир андешанд ва корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба истифодаи босамари об дар байни сокинон низ анҷом диҳанд. Татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар шаҳодати он аст, ки сол ба сол масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ҳалли худро меёбад. Таъмини  сокинони маркази шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бо оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза самараи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва амалӣ гардидани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат мебошад.
 
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лахш
12-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуда, суханронӣ карданд.      
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун баромад намуда, ба суоли дархост ва пешниҳодҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
 
Ифтитоҳи бинои Ҷамоати деҳоти Зарафшон 
Сафари кории Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ифтитоҳи бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Зарафшон оғоз гардид.
Иншооти навбунёд дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат ба истиқболи Ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлили сазовор аз Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба кормандони деҳоти Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод табрику таҳният гуфтанд. Бинои Ҷамоат аз ду ошёна иборат буда, дорои 7 ҳуҷраи кории барҳаво ва маҷлисгоҳ мебошад. Масоҳати иншоот 141,36 метри мураббаъро ташкил дода, бо харҷи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ қомат афрохтааст.
Ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевон, компютер ва дигар ҷиҳози зурурӣ барои пешбурди фаъолият ва расондани хизмати баландсифат ба аҳолӣ муҷаҳҳазанд. Дар дохил ва беруни бино унсурҳои меъмории миллӣ ва сохтмонии муосир истифода шудааст. 
Сохтмони иншоот соли 2021 оғоз гардида, бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ ба истифода дода шуд. Саҳни биноро гулҳои мавсимӣ зебу зинат мебахшанд. Аҳолии деҳоти Зарафшон наздики 6300 нафарро ташкил дода, дар ҳудуди он 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як муассисаи ибтидоӣ фаъолият мекунанд. Деҳоти Зарафшон аз деҳаҳои Зафаробод, Шинг, Гулистон, Шаҳристон ва Сафедорон иборат аст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав, кормандони деҳоти мазкурро вазифадор намуданд, ки дар асоси қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон фаъолият намуда, ба мардум софдилона ва баландсифату сари вақт хизмат расонанд.
 
Бунёди бинои раёсати Вазорати молия 
12-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави раёсати молияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нав бо шароиту имконоти хуби корӣ барои фаъолияти самараноки кормандон таъмин мебошад. Он аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои маҷлисгоҳ, бойгонӣ, китобхона ва 8 ҳуҷраи  кории замонавӣ мебошад. Бунёди иншоот соли 2021 оғоз шуда, корҳои сохтмониро мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланд ба сомон расонданд. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии он 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба имконоту шароити муҳайёшуда кормандонро ба фаъолияти софдилона ва содиқона ба нафъи мардуму давлат ҳидоят намуданд. Кормандон, дар навбати худ, барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагӣ ба тақвияти низоми молиявии кишвар ва барои ин бинои зебо ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.
 
Боздид аз ҷараёни маҳаллаи навбунёд дар деҳаи Сафедмун
12-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни деҳоти Қалъаи Лаби Об боздид намуданд.
Ҳоло деҳаи Сафедмун дорои 430 хоҷагӣ ва чор ҳазор аҳолӣ мебошад. Маҳаллаи навбунёд аз 60 хонаи истиқоматӣ иборат хоҳад буд, ки барои қишри ниёзманди ноҳия, аз ҷумла ятимону маъюбон, бенавоён ва мисли онҳо, пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи иншооти мазкур дар заминаи ҳамкории ҷамъияти хайриявии “Тоҷикистон” ва шарикони хориҷии рушд бунёд мегардад.
Ба Роҳбари давлат маълумот доданд, ки  дар маҳаллаи навбунёд тамоми василаҳо ва имкониятҳои зарурӣ барои таъмини шароити будубош ва ҳаёти иҷтимоии сокинон  дар назар дошта шудааст. Ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати 500 метри мураббаъ бо се ҳуҷра, ҳаммом, ошхона, ҷиҳози рӯзгор ва техникаи маишӣ сохтаву муҷаҳҳаз шуда, ба сокинон тақдим мегарданд. Ин хонаҳо ба шабакаҳои роҳ, оби нӯшокӣ, барқ ва гармидиҳӣ низ пайваст хоҳанд шуд. Ҳавлиҳо ва кӯчаҳои маҳалла бо гулу гулбутта, дарахтони ороишӣ, сабза ва чароғҳои зебо зинат дода мешаванд.  Маҳалла, ҳамчунин, дорои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 670 хонанда дар ду баст, бунгоҳи тиббӣ, иншооти  савдову фароғат ва зербинои зарурӣ хоҳад буд. Баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ барои беҳтарсозии некуаҳволии сокинон ва бо шуғли муносиб таъмин намудани онҳо, ба ҳар як хонавода ҳадяи 8-тогӣ қуттии занбӯри асал дар назар аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ, барои боз ҳам босифат анҷом додани корҳои боқимонда ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд. Ба иттилои масъулон, бунёди ин маҳаллаи хуштарҳи замонавӣ, ки дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дорад, то моҳи декабри соли равон ба итмом хоҳад расид. Бо роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарикони  рушд  аз  Амороти  Муттаҳидаи  Араб  изҳор  доштанд,  ки  дар  ин маҳаллаи навбунёд, ҳамчунин, ба сохтмони муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак низ маблағгузорӣ  хоҳанд кард.
 
Ифтитоҳи қасри фарҳанг 
12-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои навбунёди қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қасри фарҳанг дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраки Тоҷикобод бо тарҳи зебову муосир ва санъати баланди меъморӣ қомат афрохт.  
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои дуошёнаи Қасри фарҳанг аз 12 ҳуҷра ва толори асосӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, маъмурият, омӯзишӣ барои ҳунармандону кормандони шуъбаи фарҳанг, иборат мебошад. Толори асосӣ, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 500 ҷойи нишаст буда, барои тамрину омодагии ҳунармандон ва баргузории ҷашну чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ бо тамоми шароиту имконоти муосир таъмин шудааст. Сохтмони иншооти мазкур бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2018 оғоз ёфта, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Саховат 2005” бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бунёд гардид.
Сақфу деворҳои толори барҳавои иншоот бо назардошти эҳёи ҳунару анъанаҳои волои миллати тоҷик бо санъати меъмории миллӣ ва ҳунари гаҷкорию наққошӣ оро дода шуда, чароғҳои ранга ва қандилҳои зебо ҳусни иншоотро шаҳомати хоса мебахшанд.
Бинои навбунёди қасри фарҳанг, ки бо тамоми инфрасохтори зарурӣ таъмин аст, барои аҳли фарҳанг ва сокинони ноҳияи Тоҷикобод дастоварди беназири фарҳангӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дониста мешавад. Аҳли фарҳанг ин туҳфаи арзишманди навбатии Роҳбари давлатро дар рӯзҳои истиқбол аз Ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо хушнудӣ ва арзи эҳтирому миннатдорӣ пазируфтанд.
Дар идомаи боздиди Сарвари давлат аз иншоот барномаи консертии ҳунармандони ансамбли тарона ва рақси “Баёзи кӯҳистон” пешкаш гардид. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҳунару истеъдоди аҳли фарҳангро дар ташаккул ва рушди худшиносиву худогоҳии аҳли ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд.  Шафати роҳравҳои қисмати берунии бинои қасри фарҳанг бо шинондани гулҳои гуногунранги мавсимӣ ва ниҳолҳои ҳамешасабз оро ёфта,  барои сокинон нишастгоҳҳои фараҳбахш низ гузошта шудаанд. Намои берунии иншооти мазкур бо фурӯзонакҳои хоса муҷаҳҳаз буда, шабонгаҳ нури онҳо ба ҳусни зоҳирии шаҳраки ноҳия зинати бештар мебахшанд.  
 
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод
12-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот доир намуда, суханронӣ карданд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, ҷавонону собиқадорон бо шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлоли сартосарӣ баромад карда, суолу дархостҳои худро ба миён гузоштанд.
 
 
Санаи нашр: 13.09.2024 №: 177
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив