ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЯЗГУЛОМ.  АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ШАРОИТИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ

ЯЗГУЛОМ.  АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ШАРОИТИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ

16 сентябр 2024, Душанбе
15
0
Бо дастури раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии  деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ  дар арафаи соли нави таҳсил ҳамаи директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  деҳот бо  кадрҳои соҳибихтисос аз дигар минтақаҳои вилоят  иваз карда шуданд. 
Санҷиши гурӯҳҳои кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, кормандони  раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар мақомоти назоратӣ камбудиҳои зиёдеро дар раванди таълиму тарбияи ин муассисаҳо ошкор намуданд. Дар натиҷаи санҷишҳо маълум гардид, ки раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии водии Язгулом аз доираи назари МИМҲД-и ноҳия ва сохторҳои марбутаи соҳаи маорифи ноҳиявӣ  ва вилоятӣ дар чанд соли охир берун  монда, духтарон баъди хатми синфи нуҳум аз таҳсил  канор гирифта, иддае аз ҷавонписарон  шомили гурӯҳҳои ифротию террористӣ гаштаанд. Имрӯз теъдоде аз  зодагони Язгулом дар Афғонистону дигар давлатҳои исломӣ дар шумули гурӯҳҳои тундраву ифротӣ ба  даст силоҳи  оташфишон гирифтаанд. Зери чодари хурофот мондани иддае аз сокинони водӣ, бахусус ходимони дин, боиси он шудааст, ки  дар давоми солҳои охир бо фатвои муллоҳои чаласавод ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар ин ҷо баргузории тӯйи арусию домодӣ бо созу суруд ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ мамнуъ элон гардидааст. Боиси хушнудист, ки бо ворид шудани ВМКБ ба марҳалаи нави рушд бо саъю талошҳои бардавоми раиси вилоят Алишер Мирзонабот барои аз миён бардоштани камбудиҳои зиёд дар низоми маориф ва падидаҳои номатлуби хурофотпарастӣ дар деҳоти Язгулом дар ду соли охир корҳои зиёд амалӣ шуданд. Аз ҷумла, дар ин деҳот тӯйҳои арусию домодиро бо созу суруд ташкил карда, санъаткорони вилоят  дар аксари деҳаҳои водӣ бо  барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ сафарҳои ҳунарӣ  доир намуданд. Барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои педагогии соҳибтахассус аз дигар ноҳияҳои вилоят ба ин ҷо омӯзгорон ба кор  ҷалб гардиданд. Дар сафари кории навбатии раиси вилоят ба деҳоти Язгулом роҳбарони навтаъини муассисаҳои таълимӣ ба коллективҳои омӯзгории муассисаҳо ва волидони хонандагон  муаррифӣ шуданд. 
Гуфта шуд, ки соли гузашта  55 хонандаи ин водӣ дар асоси имтиёзи пешбининамудаи Роҳбари давлат ба Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ», ки бо ҳамаи имкониятҳои зарурии таълиму тадрис ва ҷойи муносиби хобу хӯрок таъмин мебошад, фиристонда шуда, дар соли нави таҳсил боз  22 хонандаи дигар дар ин Муассиса таълим мегирад.  Ба водӣ барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳо аз дигар минтақаҳои вилоят  омӯзгорон оварда шуданд. Аз он изҳори нигаронӣ гардид, ки давоми чанд соли охир  аз миёни хонандагони  ҳашт муассисаи таълимии деҳот ягон хонанда дар олимпиада ва озмунҳои сатҳи вилоятӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ҳам сазовор нашудааст. Ин дар ҳолест, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳамаи муассисаҳои таълимии деҳот таъмиру навсозӣ гардида, бо беҳтарин имконоти таълиму тадрис  таъмин мебошанд. 
Раиси вилоят дар баробари даъват ба  ҷилавгирӣ аз хатари терроризму экстремизм, инчунин, оид ба амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла  саноатикунонии босуръати кишвар, ҳарф зада, зикр кард, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар чун дигар минтақаҳои Кӯҳистони Бадахшон водии Язгулом зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва  соли 1999 Неругоҳи барқи обии “Андарбак” бо иштироки Роҳбари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо пайваст гардидани водии Язгулом ба шабакаи ягонаи барқтаъминкунии кишвар имрӯз  сокинони дурдасттарин деҳаи водӣ 24 соат бо барқи хушсифат  таъмин мебошанд. Бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат дар деҳот  нуқтаҳои фурӯши Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ки аз маводи ғизоии аввалия доимо таъмин мебошанд.  
Дар мулоқот бо сокинони водии Язгулом прокурори  вилоят Икром Зоҳирзода, сардорони  раёсатҳои Кумитаи  давлатии  амнияти миллии Тоҷикистон дар ВМКБ Неъмат Шомадов, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилоят Шарифзода Рустам, Агентии назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ВМКБ Олимҷон Маҳмуродзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.09.2024 №: 177
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив