ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ

САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ

17 сентябр 2024, Сешанбе
19
0
Мардуми Тоҷикистон 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро бо шукргузорӣ таҷлил мекунанд. Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр шинохта шавад. Соҳибистиқлолӣ дар рушди хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзишманд гузошт. Ин нукта зимни суҳбат бо намояндагони касбу кори гуногун бори дигар таъкид гардид.
 
АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ҶАҲОНӢ ШУДАНД
Дар марҳалаи на чандон тулонӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таъмиру тармим ва навсозӣ гардиданд. Ҳамзамон, дар тамоми шаҳру деҳоти кишвар қасрҳои боҳашамати фарҳанг, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, марказҳои таълимии ҳунармандӣ ва ғайра бунёд ёфтанд. 
Дар асоси барномаву лоиҳаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии халқи тоҷик мавриди таҳқиқ қарор гирифта, чанде аз намунаҳои мероси фарҳангӣ эҳё ва рушду такомул ёфта, дар арсаи байналмилалӣ мақоми хоса пайдо намуданд. Яке аз дастовардҳое, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи фарҳанг рӯй дод, шомил намудани намунаҳои мероси фарҳанги миллӣ ба рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО мебошад. 
 
Абдулфаттоҳ АМИНЗОДА,
директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот
 
ИСТИҚЛОЛ – ШАРАФ ВА НОМУСИ ВАТАНДОРӢ
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон натиҷаи кӯшишу талошҳои тулонии халқи тоҷик дар шебу фарози таърихи миллат мебошад. Андешаи соҳибистиқлолӣ ва саъйи расидан ба давлатдории миллӣ дар зеҳни миллати тоҷик садсолаҳо нуҳуфта буд. 
Воқеан, истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Маҳз ба шарофати ба даст овардани истиқлол, ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд. 
Истиқлоли давлатӣ армони деринаи халқи тоҷик буд, ки баъди ҳазор сола амалӣ гашт ва имрӯз давлати тоҷикон бо роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби нуфузу эътибор гардид. 
Расул МАҶИДЗОДА, 
ходими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
ИСТИҚЛОЛ МАВҚЕИ ЗАНОНРО ДАР ҶОМЕА БОЛО БУРД
Дар давраи истиқлоли давлатӣ яке аз иқдомҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа маҳсуб ёфта, маҳз давоми ин солҳо имкон фароҳам омад, ки занону бонувон соҳибкасб гардида, дар пешбурди давлат саҳм гузоранд. 
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти нақши муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлату ҷомеа ҳамеша масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намуд. Ба тасвиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз соли 1999 яке аз беҳтарин иқдомоти ин замон аст, ки дар байни омма инқилоби фикриро ба вуҷуд овард. 
Ҳамчунин, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат санадҳои муҳим: Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023–2030 қабул гардиданд, ки ҳадафи онҳо истифодаи самараноки қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва, ба ин васила, таъмини рушди устувори ҷомеа мебошад. 
 
Сабоҳат РУСТАМОВА, 
корманди Кумитаи кор бо занон ва оила  
 
Гулнисо САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.09.2024 №: 178
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив