ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СИРКИ ДАВЛАТӢ. МУАССИСАИ ФАРҲАНГИЕ ДАР РОҲИ РУШД

СИРКИ ДАВЛАТӢ. МУАССИСАИ ФАРҲАНГИЕ ДАР РОҲИ РУШД

17 сентябр 2024, Сешанбе
15
0


Сирки давлатии Тоҷикистон на танҳо муассисаи фарҳангии мамлакат, балки мактаби маҳорату ҳунар, мардонагиву ҷасорат, варзиш, чусту чолокӣ ва ахлоқу одоб аст. Тули солҳои зиёд аст, ки даҳҳо нафар кӯдакону наврасон дар ин мактаби бузурги мардонагӣ тарбия гирифта, руҳану ҷисман инкишоф меёбанд ва ба зинаҳои баланди ҳунар мерасанд. 
Имрӯзҳо Муассисаи давлатии "Сирки давлатии Тоҷикистон" таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллозода, ки яке аз намояндаи сулолаҳои шинохтаи сирки тоҷик маҳсуб меёбад, ба дастовардҳои назррас ноил гардид. Роҳбари Муассиса, ки худ дастпарвари он аст ва аз тамоми нозукиҳои ҳунари сиркӣ ва мушкилоти соҳа бохабар аст, ҷиҳати рушди ин ҳунари зебову ҷаззоб тамоми малакаву неруи хешро сафарбар намудааст. 
– Ҳунарманди сирк будан масъулияти бузург аст. Дар саҳнаҳои байналмилалӣ миллатро муаррифӣ намудан кори саҳлу осон нест. Аз ин лиҳоз, ҳунармандони сирки кишвар шабу рӯз дар пайи тамрину машқ ва ҷустуҷӯҳои эҷодиянд,– мегӯяд Бахтиёр Раҳматуллозода, директори Муассиса.
Мавсуф меафзояд, ки  студияи ҳунарҳои сиркӣ, ки солҳо боз дар назди Сирки давлатӣ  амал мекунад, такомулу рушд ёфта, шогирдони нав ба навро тарбия намудааст. Ба хотири беҳтар намудани шароити корӣ, пардозхонаҳои ҳунармандон таъмир гардида, сарулибос ва асбобҳои техники (реквезитҳо)-и мутобиқ ба жанрҳои гуногуни сиркӣ аз кишварҳои хориҷӣ харида шудаанд. 
Тавре Бахтиёр Раҳматуллозода иброз медорад, ҳунармандони тоҷик кӯшиш менамоянд, ки дар барномаҳои худ бештар аз унсурҳои миллӣ истифода баранд. Ҷаҳониён ҳарчи бештар дар ҷустуҷӯи унсурҳои миллӣ буда, бартариро ба ҳунаре медиҳанд, ки хусусияти миллӣ дорад. 
Солҳои охир ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон ба комёбиҳои бештаре ноил гардиданд. Аз ҷумла,  соли 2022 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар Фестивали байналмилалӣ миёни намояндагони шонздаҳ давлати ҷаҳон Мастона Собирзода аз рӯи жанри гимнастикаи ҳавоӣ ба гирифтани ҷойи дувум муваффақ гардид. Моҳи июли соли 2023 эквелибристҳо бо перш Алмосхон Илёсов, Шаҳриёр Иззатуллоев, Қурбон Ҳалимов, Шаҳноза Ҷабборова, Ануша Ҳусейнзода дар Фестивали байналмилалӣ (шаҳри Алмаато) соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Соли 2023 дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия дар Фестивали кӯдакон ва наврасон Ёсуман Назарова миёни намояндагони 14 давлат ҷойи дуюмро гирифт. Ҳунарманди болаёқат Муҳаммад Шарифзода дар фестивалҳои байналмилалии Фаронса ва Испания ба гирифтани медали нуқра мушарраф гашт. 
Дар баробари ин, 24-уми июни соли равон эквелибристҳо бо перш Алмос Илёсов, Ануша Ҳусейнзода, Шаҳноза Ҷабборова, Ёсуман Назарова, таҳти роҳбарии Шаҳриёр Иззатуллоев дар Ёқутистони Русия дар Фестивали байналмилалии “Мамонт”, ки дар он ҳунармандони ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Чин, Ветнам, Муғулистон ва Русия ширкат доштанд,  бо барномаи рангине таҳти унвони "Тоҷи ориёӣ" соҳиби медали нуқра шуданд.  
Ҳамзамон, ҳунармандони сирки тоҷик дар хориҷи кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд. Алҳол дар Олмон як ҳунарманд ва дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳашт човандоз такмили касб ва дар саҳнаҳои ин кишварҳо ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дастовардҳои сирки тоҷик зиёданд, вале роҳбарият ва ҳунармандон бо ин иктифо намекунанд ва ҷиҳати таҳияи барномаҳои рангинтар ва  ҷолибу аҷиб саъю талош менамоянд.
 
Зуҳра САФАРЗОДА, рӯзноманигор
Санаи нашр: 16.09.2024 №: 178
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив