ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ – КУЛМА. ГУЗОРИШИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ШОҲРОҲ

ДУШАНБЕ – КУЛМА. ГУЗОРИШИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ШОҲРОҲ

17 сентябр 2024, Сешанбе
32
0
Аз дур тамошо кардани кори сохтмончиён хеле ҷолиб ба назар мерасад, ки чи гуна онҳо дар баландӣ ҷойгир шуда, кӯҳҳои хатарноку резишдорро бо мақсади васеъ кардани роҳ росту ҳамвор мекунанд. Дар ин муддат, албатта, роҳи мошингард баста буда, фурсат дод, ки кори заҳматталаби сохтмончиёнро бо чашми сар бубинем. Манзурам, роҳи автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма мебошад, ки дар марҳалаи навбатии бунёди роҳ – қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд. 
 
Тавре мушоҳида намудем, дар шоҳроҳ сохтмончиён дар қисматҳои гуногун фаъолият намуда, аз ҷумла дар як қитъа корҳои мумфаршкунӣ анҷом ёфта, дар қитъаи дигари роҳ таркондани кӯҳҳо ба хотири васеъ кардани роҳ сурат гирифт. Ҷараёни сохтмон бо кори фаъоли техникаи ҳозиразамон диққатҷалбкунанда буда, аз завқи тамошои сохтмон ҳам хастагии роҳ баромад. Ҳар кадом аз  мусофирон, ки раванди чандсоатаи сохтмонро тамошо мекарданд, бо хушнудӣ таассуроти хешро баён доштанд. Аз ҷумла, гуфтанд, ки акнун баъди роҳи ҳамвору бароҳати  Душанбе – Қалъаихумб навбати бунёди ин роҳ – роҳи автомобилгарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон фаро расидааст, ки аз ин иқдом хеле шодем. Зеро ин қисми роҳ яке аз қисмҳои душворгузар ба ҳисоб рафта, рафтуомади моро мушкил мекард. Бовари комил дорем, ки дар ояндаи наздик, бо анҷом ёфтани сохтмон, мушкил осон гардида, рафтуомад ва интиқоли молу маҳсулот беҳтар мешавад. Махсусан, ҳоло дар мавсими истироҳат ва саёҳати гардишгарони дохилию хориҷӣ рафтуомади мардум дар қитъаю шоҳроҳҳои азими кишвар, аз ҷумла самти роҳи автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ, зиёд ба назар мерасад. 
Сохтмончиён, дар навбати худ, изҳор намуданд, ки қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон як қисми муҳими лоиҳаи Душанбе – Кулма буда, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ дар ин қитъа ба дараҷаи 3-юми техникӣ дохил мегардад. Роҳи бунёдшаванда аз ду хатти ҳаракат иборат аст, ки паҳноии стандартии он 12 метрро ташкил медиҳад ва қисми паҳноии роҳи мошингард 7 метр мумфарш карда мешавад. То имрӯз 28 километр роҳ мумфарш гардида, то охири соли равон  мумфаршкунии 50 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст. Сохтмончиён кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки соли 2025 корҳои сохтмониро ба анҷом расонда, роҳи мазкурро ба истифода супоранд.
Воқеан, дар минтақаҳои баландкӯҳ таҷдиду навсозии роҳҳо кори осон нест, вале, бо вуҷуди ин, бо дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо километр роҳҳои дохилию сатҳи байналмилалӣ бунёду навсозӣ шуда истодаанд. Ғайр аз ин, ба масъалаи ҳарчи зудтар ба истифода додани роҳҳои боқимонда эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро роҳҳое, ки аз дили кӯҳҳо мегузаранд, кишвари моро бо мамлакатҳои ҳамсоя мепайванданд.
Мавриди зикр аст, ки босуръат идома ёфтани корҳои сохтмонӣ дар шоҳроҳи мазкур ба сифати роҳ таъсири манфӣ намерасонад, зеро рафти корҳо тибқи нақша ба роҳ монда шуда, таҳти назорати мушовирони лоиҳа қарор дорад.
Тибқи   маълумоти   Вазорати   нақлиёт, таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Кулма, қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон ба дарозии 93 километр ва 2 хатти ҳаракат, 2 нақб, 5 долони зиддитармавӣ, 15 пул ва дигар иншооти муҳандисӣ сохта шуда истодааст. Бунёди роҳ дар ҳамкории муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳандозӣ гардида, идоракунии сохтмонро ширкати “China Railway Design Corporation” (CRDC) ба уҳда дорад. Дар қитъаи мазкур 940 нафар бо ҷойи кор таъмин буда, бо истифода аз 225 техникаву механизмҳои муосири роҳсозӣ корҳои сохтмониро идома медиҳанд.
Чизе, ки дар шоҳроҳ аҳамияти аввалиндараҷа дорад, таъмини бехатарӣ, ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиёт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани роҳ мебошад, ки сохтмончиён, дар навбати худ, бар он мекӯшанд. 
Ҳамин тавр, шоҳроҳи Душанбе – Кулма, ки яке аз душвортарин роҳи мошингард ҳисобида мешавад, марҳала ба марҳала бунёду навсозӣ мешавад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.09.2024 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив