ҶУДО

18 сентябр 2024, Чоршанбе
3
0
Душанбе – мизбони Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон
Аз 2 то 6-уми октябр дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон баргузор мешавад.
Дар ин бора моҳи марти соли равон дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон (дар доираи Гранд слами Тошкент) миёни Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо созишнома ба имзо расида буд.
Дар Чемпионат варзишгарони то 21-сола имкони ширкат варзиданро доранд. То имрӯз барои иштирок дар Чемпионат 419 варзишгар (224 мард, 195 зан) аз 58 давлат номнавис шудааст. Аз ҷумла, тими ҷудои кишвар ҳамчун мизбон дар зӯрозмоиҳои инфиродӣ дар ҳайати 25 нафар (17 нафар миёни писарон, 7 нафар миёни духтарон) ширкат мекунад: Лоиқ Қутбиддинов, Саъдӣ Маҳмадов, Хайрулло Ғанизода (-60 кг), Самиршо Муҳаббатов, Умар Шеров, Муқтадири Бобоҷон (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев, Илҳомиддин Ҷабборов (-73 кг), Аминҷон Абдуҷалилзода, Сунатулло Мусоев, Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг), Мусохон Ғаниев, Музамир Каримзода, Сомонӣ Кишваров (-90 кг), Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Малаев (-100 кг), Аҳмад Табаров, Фараҳманд Устопиров (+100 кг), Зуҳал Ҷумъаева, Райҳона Розиқзода (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан, Раҳмия Ханҷарбекова (-57 кг), Ҷонона Назарова (-63 кг), Виктория Киселёва (+78 кг).
Ҳамчунин, тими ҷудои Тоҷикистон миёни ҷавонон бори аввал дар зӯрозмоиҳои даставии омехта иштирок менамояд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа, дар баробари медал, бо ҷоизапулӣ қадр мешаванд. Аз ҷумла, ғолибон дар ҳамаи 14 вазн соҳиби 2500 евро мегарданд. Ба барандагони медалҳои нуқраву биринҷӣ мутаносибан 1500 ва 850 евро супурда мешавад. Дар зӯрозмоиҳои даставӣ бошад, ғолибон мутаносибан бо 8000, 5600 ва 3200 евро қадр хоҳанд гашт. 
Дар асоси барнома чор рӯзи аввал (2-5-уми октябр) зӯрозмоиҳои инфиродӣ (рӯзи 1: -48, -52 кг (занон), -60, -66 кг (мардҳо), рӯзи 2: -57, -63 кг (занҳо), -73 кг (мардҳо), рӯзи 3: -70 кг (занҳо), -81, -90 кг (мардҳо), рӯзи 4: +78 кг (занҳо), -100, +100 кг (мардҳо)) ва рӯзи 6-уми октябр зӯрозмоиҳои даставии омехта (-57, -70, +70 кг (занҳо), -73, -90, +90 кг (мардҳо)) сурат мегиранд. 
 
 
«Истиқлол» бозии аввалашро дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2 доир кард
Шаби 17-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии аввали марҳалаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2 дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Шарҷа” (АМА) баргузор шуд.
Рақобати дастаҳо, ки бо ҳузури зиёда аз 10 ҳазор мухлис баргузор шуд, бо натиҷаи 0:1 ба фоидаи меҳмонон ба поён расид.
Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии «Истиқлол» Алишер Тухтаев дар нишасти хабарии пас аз бозӣ гуфт: «Даври аввал аст. Мусобиқа нав оғоз шуд ва ҳама чиз ҳоло дар пеш аст. Бозиро таҳлил намуда, сари камбудиҳо кор мекунем ва ба вохӯрии оянда тайёрӣ мебинем”.  
Дар бозии дигари гурӯҳи «С» тими «Ал-Ваҳда» (Арабистони Саудӣ) бо натиҷаи 2:1 дар майдони худ бар дастаи «Сипоҳон» (Эрон) пирӯз гашт.
Дар даври дуюм 1-уми октябр «Истиқлол» дар сафар бо «Сипоҳон» вомехӯрад. 
 
БОКС
Ҷопон ва Алҷазоир низ ба World Boxing ҳамроҳ шуданд
Ташкилоти World Boxing (Бокси ҷаҳонӣ), ки моҳи апрели соли 2023 таъсис ёфт, шумораи аъзои худро ба 44 нафар расонд ва умедвор аст, ки бокс ба барномаи Бозиҳои олимпии Лос- Анҷелес-2028 ворид мешавад.
Ҷалби ҳарчи бештари федератсияҳои миллӣ ҳадафи асосии World Boxing мебошад. Яке аз ҳадафҳои он ба даст овардани эътироф аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) аст. Гап сари он ки, моҳи майи соли 2023 КБО эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии боксро, ки даҳсолаҳо ин варзишро роҳбарӣ мекунад, бозпас гирифт. 
Тибқи изҳороти ахири КБО, муҳлати ниҳоии эътирофи созмони роҳбарикунандаи бокс аввали соли 2025 таъин шудааст. Дар сурати надоштани эътироф, бокс аз ҳаракати олимпӣ хориҷ мегардад.
Бо назардошти ин вазъ, World Boxing талошҳои худро барои муттаҳид кардани федератсияҳои бештар идома медиҳад.
Борис ван дер Ворст, президенти World Boxing, гуфт: "Қабул кардани Ҷопон ва Алҷазоир бо намояндагӣ аз Осиё ва Африқо нуфузи ҷаҳонии World Boxing-ро мустаҳкам мекунад. Тасмими онҳо дар бораи пайвастан ба World Boxing далели майли густурда барои тағйирот дар варзиши мост ва нишон медиҳад, то чи андоза муҳим аст, ки мо боксро дар маркази ҳаракати олимпӣ нигоҳ дорем».
Ван дер Ворст итминон дод, ки World Boxing дархостҳои бештарро баррасӣ мекунад ва таъкид кардааст, аъзо шудан ба ин Созмон ягона роҳест, ки муштзанҳо метавонанд орзуи мусобиқа дар саҳнаи бузургтарини варзиш – бозиҳои олимпӣ идома диҳанд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.09.2024 №: 180
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив