ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ РӮДАКӢ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ МАОРИФ 

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ МАОРИФ 

23 сентябр 2024, Душанбе
35
0
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ, дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ кӯшиш доранд, ки дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ва ояндаи дурахшони насли наврас саҳмгузор бошанд. Чуноне аз раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд, дар арафаи соли нави таҳсили имсола 57 синфхонаи иловагӣ барои 2850 ҷойи нишаст дар ду баст дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 29, 152, 153, 130, 166, 129, 137, 188, 12, 168, 72 ва 95 мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин, сохтмони биноҳои иловагӣ ва синфхонаҳо дар назди 14 муассисаи таълимӣ  идома дошта, то охири соли равон бунёд меёбанд. Биноҳои иловагӣ дорои 104 синфхона ва 5200 ҷойи нишаст мебошанд. 

Чанде  пеш дар деҳаи Истиқлол-3-и  шаҳраки Мирзо Турсунзодаи  ноҳия бинои нави Муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии № 187  мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти нав ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи  зебо қомат афрохта, туҳфаи арзанда барои омӯзгорону хонандагон мебошад. Муассисаи таълимӣ аз 8 синфхона, ду дафтари корӣ, китобхона ва иншооти ёрирасон иборат буда, бо дастгирии МИМҲД-и ноҳия бунёд гардид. Минбаъд 400 хонанда метавонанд дар ду баст таҳсил намоянд. 

Иттилоъ гирифтем, ки деҳаи Истиқлол-3 яке аз деҳаҳои калон ва сераҳолии ноҳия буда, беш аз 6 ҳазор сокини он солҳо боз аз набудани мактаб танқисӣ доштанд. Мактаббачагони деҳа бештар аз 3 километр роҳро тай карда, барои донишазхудкунӣ ба МТМУ №15-и ноҳия мерафтанд. Хушбахтона, бо сохтани Муассисаи замонавӣ орзуи чандинсолаи сокинони деҳа амалӣ шуд.   Зиёратшоҳ Назруллозода, сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки дар деҳаи Истиқлол-3 бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии № 13 низ ба истифода дода шуд. Муассисаи томактабӣ ба истиқболи сазовори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардида, барои таълиму тарбияи 50 кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар кӯдакистон ду гурӯҳ амал намуда, ба тарбиятгирандаҳо мураббияҳои ботаҷриба бо ташкили бозиҳои ҷолибу шавқовар машғулият мегузаронанд. Дар боғчаи бачагона таълим бо забони давлатӣ буда, оянда низ омӯзиш ба забони русию англисӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.  Илова бар ин, то Ҷашни 30-солагии Конститутсия се кӯдакистон барои 250 тарбиятгиранда ба истифода дода мешавад.  Минбаъд низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия сохтмони муассисаҳои наву биноҳои иловагӣ ва кӯдакистонҳо дар назар дошта шудааст, ки ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.

Кароматулло АТО, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.09.2024 №: 183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив