ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ЯКҶОЯГӢ БО ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ ВА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТӢ

ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ЯКҶОЯГӢ БО ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ ВА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТӢ

30 март 2023, Панҷшанбе
36
0


Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии президентӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз чорабинии фарҳангӣ доир намуд.
Ҷашнвораи идона дар доираи силсилаи чорабиниҳои «Пайванди қитъаҳо» бо ибтикори «Рӯзномаи Синзян» ва маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» ҷараён гирифт.
Дар чорабинӣ намоишгоҳи дастархони наврӯзии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон – вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо хӯроку хӯришҳои анъанавии миллии тоҷикӣ аз ҷониби Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии президентӣ» ташкил шуда буд. Он ҷо суманаку самбӯса, себу сирко, сихкабобу ширинӣ, кулчаву қурутоб ва дигар навъҳои хӯрокҳои миллӣ рӯйи дастархони идонаро оро медоданд. Гирду атрофи дастархон бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакан, гулдӯзӣ, дуредгарӣ, расмкашӣ, либосҳои миллии хоси минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зинат ёфта буданд. Ҳамзамон, намоишгоҳи Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуд, ки  ғайриодӣ  ва бисёр ҷолиб менамуд. Намоишгоҳи хӯришҳои чинӣ хеле рангину аҷиб буд, ки бо ёрии тарабхонаи «Таомҳои болаззати Урумчи» омода ва манзури ҳозирин гардонда шуда буд. Дар номгӯйи намоиши хӯрокҳои чинӣ замбӯруғ бо пиёз, мурғи буғпаз, лағмони бирёншуда, биринҷи бо тухм бирёншуда, хӯриш аз гӯшти гов ва ғайраҳо ҷой доштанд. Инчунин, аз ҷониби Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ намоишгоҳи ҳунарҳои дастии чинӣ, аз қабили хаттотӣ, расмкашӣ, коғазбурӣ, муҳрачинӣ, гулдӯзӣ, либосҳо ва коркардҳои дастӣ ба намоиш гузошта шуданд ва дар баробари ин, намоишгоҳи асбобҳои мусиқӣ ва навозиш  хеле ҷолибу хотирмон буд.
Чорабинии мазкур таомҳои миллии анъанавии тоҷикиву чинӣ, баромади бошукӯҳи фарҳангии тоҷикиву чинӣ, намоиши ҳунарҳои дастии ду кишварро дар бар гирифта, барои мубодилаи забониву фарҳангӣ байни Тоҷикистону Чин, ҷиҳати ҳарчи бештар аз наздик шиносоӣ пайдо намудани хонандагони Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии президентӣ» бо фарҳангҳои гуногун мусоидат менамояд. 
– Мо имрӯз Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил менамоем. Бисёр хушҳолкунанда аст, ки Наврӯз бо ташаббуси Пешвои миллат байналмилалӣ шуд. Имрӯз Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон, махсусан дар кишварҳое, ки бо Наврӯз алоқамандие доранд, ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар мактаби мо фарҳангҳои таҷикӣ ва чиниро ба ҳам пайванд сохт. Мо шодем, ки бо Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои хуб ва ният дорем, ки дар оянда ҳам чунин чорабиниҳоро барои ҷашни дигар идҳои миллӣ низ роҳандозӣ намоем, – гуфт Муҳибулло Зубайдуллозода, директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии президентӣ».
Ба гуфтаи Муҳибулло Зубайдуллозода, ба шарофати кӯшишҳои   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамасола муносибатҳои дуҷониба боз ҳам беҳтар мегарданд. Бисёр хушҳолкунанда аст, ки мо дар мактаб имкони омӯзиши забони чиниро дорем ва чанде аз хонандагони мо дар донишгоҳҳои бонуфузи Чин таҳсил менамоянд. 
Ин ҷо таомҳо, либосҳо ва мусиқии чиниро метавон дар баробари анъанаҳои миллии фарҳанги тоҷикӣ мушоҳида намуд. Моҳияти Наврӯз маҳз дар тавсеа ва содакунии робитаҳои қитъавӣ мебошад.  
Гуфта шуд, ки Наврӯз ин нишондоди фарорасии баҳори аҷам, Соли нав, рӯзи нав, бахту иқболи нав аст. Барои беш аз 300 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ин ҷашнвора иди ҷамъ омадани дӯстон, хешу ақрабо ва пайвандон мебошад. Наврӯз ин мулоҳиза аз гузашта, назар ба ояндаи дурахшон ва пур аз умедҳо ба ҳисоб меравад. Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дорои мероси арзишҳои бою ғании фарҳангист, ки мо бояд тибқи арзишҳои он бо сулҳу субот, ҳамбастагӣ, эҳтиром ва мусолиҳаи мутақобила мусоидат карда, дар ҳамоҳангӣ бо табиат зиндагонӣ намоем.  
–  Ман бисёр шодам, ки имрӯз Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии президентӣ» дар якҷоягӣ Наврӯзи байналмилалиро таҷлил менамоянд. Бисёр муҳим аст, ки имрӯз дар бораи фарҳанги тоҷикиву чинӣ сухан меронанд. Ба муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин сӣ сол пур мешавад. Мехоҳам ҳамкориҳои мо боз ҳам тақвият ёбанд, – гуфт директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Лю Ҷианвей.  
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, муовини раиси раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарипова ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зарина Файзуллозода иштирок ва суханронӣ карда, хонандагон ва тамоми кулли мардуми Тоҷикистонро ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд.
Пас аз қисми расмӣ ба меҳмонон барномаи фарҳангӣ пешкаш шуд, ки дар он мусиқиҳои тоҷикиву чинӣ садо доданд. Хонандагони Муассиса ва Донишкада бо барномаи идона ҳозиронро табрик намуданд. 
Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2008 таъсис ёфтааст. Донишкада дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Донишгоҳи омӯзгории Синзян шарики асосии Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ мебошад. Дар Донишкада 19 омӯзгори забони чинӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият менамояд.  

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 29.03.2023 №: 64
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив