ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. 173 НАФАР БА ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНҲО РОҲХАТ ГИРИФТ

ВМКБ. 173 НАФАР БА ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНҲО РОҲХАТ ГИРИФТ

27 сентябр 2024, Ҷумъа
11
0
Дар театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров бо иштироки раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, роҳбарони сохторҳои маориф, волидон, хонандагону омӯзгорон маросими ҷамъбасти озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” доир шуд.
Дар оғоз Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар бораи дастовардҳои вилоят дар солҳои истиқлолият ҳарф зада, пешрафти соҳаи маорифро махсус таъкид намуд. Зикр гардид, ки ҳамасола маблағгузориҳо ба ин соҳа меафзоянд. Танҳо соли равон дар вилоят 20 иншооти нав ба истифода дода шуда, маоши омӯзгорон 40 дарсад афзуд. Ин ва дигар тадбирҳои саривақтии Ҳукумати кишвар ба пешрафти таълиму тарбия мусоидат мекунад. Тавре маълум аст, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” таҳия ва қабул мешавад, ки мақому манзалати муаллимро дар ҷамъият бамаротиб баланд мебардорад. Ин маънои онро дорад, ки роҳбарияти олии мамлакат ба соҳа, махсусан, масъалаи эҳтироми меҳнати омӯзгор, диққати ҷиддӣ медиҳад.
Ҳамчунин, раиси вилоят таъкид сохт, ки бо дастури Роҳбари маърифатпарвари мамлакат соли равон мукофотпулии ғолибони озмунҳо бамаротиб зиёд гардид.
Дар ин замина, сол аз сол сафи онҳое, ки дар ин озмунҳо иштирок мекунанд, дар шаҳру деҳоти вилоят бештар мешавад. Имсол фақат дар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 3445 довталаб аз қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок кард, ки ин аз оммавӣ гаштани Озмун дар вилоят дарак медиҳад.
Бо вуҷуди ин, раиси вилоят изҳори нигаронӣ намуд, ки дар баргузории озмунҳои мазкур мушкилот ҳанӯз ҷой доранд. Аксари иштирокдорони озмунҳоро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил медиҳанд. Чунончи, аз 327 нафар довталаби даври сеюми Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” танҳо 13 нафар донишҷӯ мебошад.
Ҳайати ҳакамон дар даври вилоятии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияҳои ҷудогона ба беадолатӣ нисбат ба довталабон роҳ доданд, ки ин падидаи номақбул аст ва шаффофияти баргузории Озмунро халалдор месозад. Раиси вилоят масъулони чорабиниро дастур дод, ки минбаъд ба интихоби ҳайати ҳакамон диққати ҷиддӣ дода шавад. Зеро баҳогузорӣ ба донишу малакаи довталабон дар номинатсияҳо ва хоста гирифтани ғолибон ба адлу инсофи ҳакамон вобаста аст. Риояи адолат роҳ ёфтани беҳтарин довталабонро ба даври ниҳоии озмунҳо таъмин мекунад ва дар натиҷа, шахсони донишманд, таҳсилдида ва китобдӯст, мутахассисони ҳақиқӣ, ки метавонанд дар пешрафти кишвар саҳми босазо гузоранд, кашф шаванд.
Сипас, раиси вилоят ғолибони озмунҳо ва онҳоеро, ки соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд, бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадр намуд.
Мувофиқи хулосаи ҳакамон, дар даври сеюм (вилоятӣ)-и Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 95 нафар беҳтарин дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври ниҳоии Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” бошад, 78 довталаб аз шаҳру навоҳии вилоят ҳуқуқи иштирок карданро пайдо карданд.

Раҳмон ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият” Санаи нашр: 26.09.2024 №: 186-187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив