ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. СУҲБАТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ «ИНСЯН ГРУПП»

СУҒД. СУҲБАТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ «ИНСЯН ГРУПП»

27 сентябр 2024, Ҷумъа
14
0

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати "Инсян Групп"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Хуан Лонро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин, ки самараи сиёсати оқилонаи сарварони давлатҳо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят гуфт, ки Раҷаббой Аҳмадзода ба меҳмонон оид ба имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилоят маълумот дода, иброз дошт, ки дар вилоят якчанд корхонаи муштарак фаъолият дорад. Ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда зиёд буда, вилояти Суғд метавонад ҳамкориҳоро тақвият бахшад.
Хуан Лон бо изҳори сипос аз қабули гарму самимӣ оид ба фаъолияти ширкат маълумот дод. Ширкат ба истеҳсоли мошинҳои боркаши барқӣ, сабукрав, партовкашон, оташнишон, боркашони хурд, автобусу микроавтобуси барқиву дизелӣ ва моторолҳои барқӣ машғул мебошад. Зикр шуд, ки пас аз омӯзиши имкониятҳои мавҷуда, ширкат омода аст ҳамкориро бо вилояти Суғд дар самти истеҳсоли мошинҳо ба роҳ монад. Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.



ХУҶАНД. ШИНОСОӢ БО СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ шинос гардид.
Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони Маҷмааи муосири варзишии «Суғд Арена», ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар кӯчаи Сирдарёи шаҳр бунёд мешавад, дидан кард. Маҷмаа дорои толорҳои варзишии бокс, гӯштингирӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка, теннис, таеквондо буда, бунёди толорҳои калони баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ пешбинӣ гардидааст. Баъди баистифодадиҳӣ дар Маҷмааи варзишӣ дар як вақт то 1000 нафар ба тамрин фаро гирифта мешавад.
Раиси вилоят бо корҳои сохтмонӣ дар бинои Палатаи савдо ва саноати вилоят, бинои суди вилоят, қасри фарҳанг, сохтмони биноҳои баландошёна, бинои иловагии факултети чоруми Академияи ВКД шинос шуда, барои тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ супоришҳо дод.



ТАҚДИМИ ГРАНТИ РАИСИ ШАҲРИ ХУҶАНД БА 40 ЗАНИ ҲУНАРМАНД
Ба 40 зани ҳунарманди шаҳри Хуҷанд ба маблағи 165 ҳазор сомонӣ гранти раиси шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.
Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода дар маросими супурдани грантҳо иброз дошт, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан-модар мавқеи баландро соҳиб гашта, имрӯз занони тоҷик ҳамқадами замон буда, рисолати худро бобати дар руҳияи баланди ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани фарзандон ва насли наврас сарбаландона иҷро мекунанд.

Ба тасвиб расидани фармон ва барномаҳои давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» ба беҳбуди минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамоянд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ягон корхонаву ташкилот, муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро бе фаъолияти занон тасаввур кардан имконнопазир аст.
Дар Хуҷанд бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола гранти раиси шаҳр барои занони ҳунарманди шаҳр таъсис дода мешавад. Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳр, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» маълумот дод.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 27.09.2024 №: 188
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив