ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ХОНУМ ЛУЪЛУЪ АЛ-ХОТИР

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ХОНУМ ЛУЪЛУЪ АЛ-ХОТИР

03 октябр 2024, Панҷшанбе
25
0

 
2-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа бо вазири давлатӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар, муовини раиси Фонди Қатар оид ба рушд хонум Луълуъ ал-Хотир мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо муассисаи бонуфузи мададрасон баррасӣ гардиданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон номида, бо итминон изҳор доштанд, ки ҳамкории кишвари мо ва Фонди Қатар оид ба рушд ба таври назаррас густариш хоҳад ёфт.
Ҷонибҳо оид ба сармоягузории Қатар ба соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон табодули андеша намуданд.
Ҷалби сармояи қатарӣ ба лоиҳаҳои истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, таъсиси корхонаҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ва оби мусаффои ошомиданӣ ба Қатар аз мавзуъҳои суҳбат буданд.
Аз иштироки сармоягузорони қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои таҳкиму тавсеаи зерсохтори сайёҳӣ ва саноати дорусозӣ дар Тоҷикистон истиқбол карда шуд. 
Таъкид гардид, ки таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки  Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд.
Тарафҳо, ҳамчунин, оид ба дигар самтҳои ҳамкории ояндадор гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.


МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  БО ШАЙХ ХОЛИД ИБНИ ҲАМАД ОЛИ СОНӢ
2-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Шайх Холид ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ, ки миёни  Тоҷикистону Қатар дар бахшҳои мухталиф мавҷуданд, бояд ба нафъи мардумони ду кишвар васеъ истифода шаванд.


ВОХӮРИИ  ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО  ШАЙХ АЛӢ ИБНИ АБДУЛЛО ОЛИ СОНӢ
2-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо муассиси Бонки байналмилалии исломии Қатар Шайх Алӣ ибни Абдулло оли Сонӣ мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Қатар баррасӣ шуд.
Ба ҷалби сармояи қатарӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Шайх Алӣ ибни Абдулло оли Сонӣ, ки чанд дафъа ба Тоҷикистон ташриф оварда ва ба кишвари мо муҳаббати зиёд доштааст, омодагии  худро ба сармоягузорӣ дар бахшҳои ояндадор иброз дошт. Аз ҷумла, роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист ҷолибу судбахш номида шуд.

Санаи нашр: 03.10.2024 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив