ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМОИШИ ОЯНДА. НАЗАРИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶ БА МАВҚЕЪГИРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲАМОИШИ ОЯНДА. НАЗАРИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶ БА МАВҚЕЪГИРИИ ТОҶИКИСТОН

03 октябр 2024, Панҷшанбе
26
0

 
Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 22-юм то 27-уми сентябри соли 2024 дар қароргоҳи Созмон – шаҳри Ню-Йорки ИМА, баргузор гардид. Миёни роҳбарони 93 кишвари дунё, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҳамоиши мазкур сухан ронда, мавқеи Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта таъкид карданд, ки ин мавқеъгирӣ дар сомонаҳо ва агентиҳои иттилоотии кишварҳои хориҷӣ ба таври васеъ инъикос гардид.

Сомонаи  СММ чӣ навиштааст? 
“Равандҳои ба ҳам мухолифи геополитикӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, низоъҳо ва тағйирёбии иқлим оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт. Зарур аст, ки талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи амнияту субот ва таъмини рушди устувор муттаҳид карда шаванд. Ин изҳорот аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар мубоҳисаҳои Маҷмаи умумии СММ садо дод”. Ин матлабро зери унвони “Президенти Тоҷикистон: Ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути муколама ва ҳамкорӣ метавонад ба ҳадафҳои муштарак бирасад” сомонаи расмии СММ навишт. Дар гузориши сомона омадааст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори истиқрори сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя буда, омодагии худро ба рушди ҳаёти осоиштаи ин кишвар изҳор кардааст.

Аз Москва то Кобулу Анкара
Агентии иттилоотии ТАСС низ 23-юми сентябри соли равон маводеро бо сарлавҳаи “Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки СММ барои таҳкими сулҳ қатъномаи нав қабул кунад” пешкаши хонандагонаш кард. Дар гузориш аз суханронии Президенти Тоҷикистон иқтибос оварда, зикр мекунанд, ки барои таҳкими нақши аввалиндараҷаи СММ дар ҳалли низоъҳо ва барқарории сулҳу субот дар сайёра иқдомҳои муассир андешида шаванд. Дар ин замина, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳод кард, ки СММ барои поён додан ба низоъҳои низомии байналмилалӣ ва таҳкими сулҳ қатъномаи нав қабул кунад. 
Муаллиф матлаби нигоштаашро бо суханҳои Пешвои миллат хулоса кардааст: “...Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки қатъномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.” 
Дар ин росто, дар расонаҳои кишвари ҳамсоя - Афғонистон низ хабару гузориш ва ҳатто барномаҳои телевизионӣ таҳия гардиданд. Масалан, 25-уми сентябри соли равон дар шабакаи телевизионии “Ariana News” гузорише пахш гардид, ки дар он аз мавқеъгириҳои Пешвои миллат нисбат ба мардуми Афғонистон хабар медод. Ҳамчунин, дар барнома зикр гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, то кумакҳои башардӯстонаи хешро барои мардуми ранҷури Афғонистон дареғ надоранд.  Дар шабакаи “Dari 24” низ доир ба суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабару гузоришҳо таҳия ва пахш шудаанд, ки бозгӯи мавқеъгирии Пешвои миллат дар мавриди кишвари ҳамсоя мебошад. 
Суханронии Пешвои муаззами миллат дар воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Туркия низ ба таври густурда инъикос гардид. Агентии иттилоотии “Анозил” маводеро таҳти унвони “Президенти Тоҷикистон: Ҳалли низомӣ дар масъалаи Фаластин вуҷуд надорад” ба нашр расонд, ки дар он доир ба андешаронии Президенти Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли даргириҳои кишварҳои Ховари Миёна сухан меравад. Аз суханони Пешвои миллат дар гузориш оварда шудааст, ки вазъияти фоҷиавии имрӯзаи Шарқи Наздик бори дигар шаҳодат медиҳад, ки мушкилоти Фаластин роҳи ҳарбӣ надорад. 
– Сарвари давлат таъкид карданд, ки буҳрони Фаластин, ҳамчунин, нигаронии амиқи Тоҷикистонро ба бор овардааст, – зикр мегардад дар гузориш. 
Илова бар ин, дар матлаб омадааст: “...Ӯ изҳори умед намуд, ки ҷонибҳои даргир барои барқарории оташбас ва музокироти сулҳ иқдом хоҳанд кард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои барқарории суботи пойдор дар Фаластин чораҳои муассир меандешад.”

Ба ҷойи хулоса
Бо ҳамин мазмун дар бисёре аз расонаҳои хориҷӣ хабару мақолаҳои зиёде нашр шудаанд. Нашри ин матлабҳо, пеш аз ҳама, баёнгари онанд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам, бо иқдомоти хайрхоҳона ва сиёсати башардӯстонаи худ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, қудрати комил дорад, ки дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ҳамоно нақшофарӣ кунад. Дуюм ин, ки боиси ифтихор аст, имрӯз Тоҷикистон дар баробари абарқудратҳои дунё барои ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ овози  баробар дорад. Сеюм, Президенти Тоҷикистонро дар арсаи дунё ҳамчун шахсияти сулҳофар эътироф мекунанд. Чорум, номи Тоҷикистон дар сархати расонаҳои кишварҳои олам чун кишвари башардӯст бори дигар қарор гирифт. 
Дар маҷмуъ, ташаббусҳои Тоҷикистон ба манфиати тамоми аҳли олам ва рифоҳи зиндагии банӣ-башар нигаронда шудааст. Аз ин рӯ, бо дарки аҳамияти иқдомоти Пешвои муаззами миллат, яқин хоҳад буд, ки минбаъд номи Тоҷикистон тавъам бо сулҳ садо хоҳад дод.
 
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.10.2024 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив