ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЙВАНДИ ҲУНАРҲО ПАЙВАНДИ ҚИТЪАҲОСТ. АЗ ЧОРАБИНИҲОИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

ПАЙВАНДИ ҲУНАРҲО ПАЙВАНДИ ҚИТЪАҲОСТ. АЗ ЧОРАБИНИҲОИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

30 март 2023, Панҷшанбе
13
0

  
Моҳи март барои хонандагону ҳаводорони Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пур аз чорабиниҳои бошукӯҳ буд. Нахуст, синфхонаҳои Конфутсийи Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ дар Гимназияи хусусии “Кафолат” дар доираи силсилаи чорабиниҳои “Пайванди қитъаҳо” бо пайвандсозии ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои фарҳангии халқҳои Чину Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии занон ҷашнвораи идонаро зери унвони “Зан – Модар фариштаи Замин” баргузор намуд. 
Чорабинии мазкур бо ибтикори “Рӯзномаи Синзян”, идораи маҷаллаи “Пайванди қитъаҳо” ташкил ёфта, аз ҷониби Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ ва синфхонаҳои забони чинии Гимназияи хусусии “Кафолат” доир карда шуд. Дар он беш аз 300 устодону хонандагон, волидон, меҳмонони Гимназияи хусусии “Кафолат”, омӯзгорону шунавандагони саридораи Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ ширкат варзиданд. Аз чорабинии идона муассисаҳои давлатии телевизионҳои “Сафина”, “Баҳористон”, сомонаи интернетии “Авеста” ва дигар расонаҳои хабарӣ гузоришҳо интишор намуданд.
Чорабинии мазкур аз қисматҳои фарҳангиву ҳунарӣ, маросими сарфарозгардонии устодону хонандагони пешқадам бо ифтихорномаҳо ва тақдими нусхаҳои маҷаллаи “Пайванди қитъаҳо” иборат буд. 
Дар ифтитоҳи чорабинӣ директори Гимназияи хусусии ”Кафолат” Шариф Шарифзода меҳмонону иштирокчиёни чорабиниро шодбош гуфта, бо идҳои баҳорӣ табрику таҳният намуд. Ба ҳамкориҳои дуҷонибаи синфхонаҳои забони чинии Донишкадаи Конфутсий ва Гимназияи хусусии “Кафолат” баҳои баланд дода, онҳоро мутақобилан судманд гуфт.
Лю Ҷианвей, директори Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ, дар рафти суханронӣ аз ҷониби Чин ба ”Рӯзномаи Синзян” ва идораи маҷаллаи “Пайванди қитъаҳо” барои баргузор намудани чорабинии бошукӯҳ изҳори сипос намуд. 
Ӯ гуфт, ки мақсад аз барпо кардани чунин ҷамъомадҳои идона тақвияти ҳамкории мардумони тоҷику чин дар самтҳои гуногун, аз ҷумла касбу ҳунаромӯзӣ, мебошад ва изҳори умед кард, ки бо дастгириҳои садорати Гимназияи хусусии «Кафолат» забону фарҳанги ду кишвари башардӯст қаринтар ва пешрафта мегарданд. 
Хонандагони Гимназия ва дастаи ҳунарии Донишкада бо истифода аз рақсҳои миллӣ, қироати шеърҳо, суруду таронаҳои тоҷикиву чинӣ барномаи рангини фарҳангиву фароғатиро пешкаши ҳозирон намуданд, ки барояшон бениҳоят писанд омад.
Баъд аз қисмати фарҳангии чорабинӣ роҳбарони муассисаҳо, аз ҷумла Исматулло Исоев, Шариф Шарифзода ва Лю Ҷианвей, омӯзгорон, хонандагон, намояндагони волидони хонандагони пешқадам, масъули дарсҳои забони чинии Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ дар Гимназияи хусусии ”Кафолат”- ро бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонданд.
Баъд аз ин, меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои фарҳангии халқҳои Чину Тоҷикистон баҳраманд гашта, ҳунарҳои қоғазбурӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ ва дигар ҳунарҳои дастии тоҷикиву чиниро тамошо карданд. Яке аз хонандагони синфҳои забони чинии муассисаи мазкур иброз намуд, ки ӯ хоҳиш дорад гулдӯзии чиниро аз худ карда, бо дастони хеш барои модараш туҳфа омода созад. Нафари дигар аз омӯзгорони Гимназияи хусусии “Кафолат”дар рафти тамошои ҳунари дастии гулдӯзии чинӣ мафтуни он гашта, ҳавасманди он шуд, ки ҳарчи амиқтар бо ин ҳунарҳои гулдӯзии анъанавии тоҷикиву чинӣ шинос шаваду онҳоро аз худ кунад.
Зимнан Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ ба синфхонаҳои Конфутсийи Гимназияи хусусии ”Кафолат” 200 нусха ва иштирокчиёни чорабинӣ 50 нусха маҷаллаи “Пайванди қитъаҳо” - ро тақдим намуд. 
Мавриди зикр аст, ки синфхонаҳои Конфутсий дар Гимназияи хусусии “Кафолат” зери роҳбарии Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ аз 20 майи соли 2015 ба фаъолият шуруъ карда, зиёда аз 2500 омӯзандаи забони чиниро тарбия намудааст. Синфхонаҳои Конфутсийи Гимназияи хусусии “Кафолат” ба омӯзандагони забони чинӣ таассуроти амиқ гузошта, аз ҷониби ҷомеа ва волидон хуб эътироф шудаанд.
Дар охири чорабинии мазкур зикр шуд, ки ин ҷамъомаду намоишҳо бо дастгирии “Рӯзномаи Синзян” ва идораи маҷаллаи “Пайванди қитъаҳо” бо мақсади мубодилаи мадании ду кишвар дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои фарҳангии халқҳои Чину Тоҷикистон ташкил гардида, барои ҳарчи бештар дар миёни хонандагон ва волидони Гимназияи хусусии “Кафолат” муаррифии забону фарҳанг баргузор карда шуд. 

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 30.03.2023 №: 65
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив