ҶУДО

03 октябр 2024, Панҷшанбе
4
0


Лоиқ Қутбиддинов– барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон
Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар шаҳри Душанбе 2-юми октябр бо зӯрозмоиҳои вазнҳои сабук миёни писарону духтарон оғоз гардид.

Дар рӯзи аввал 8 паҳлавони мо – Зуҳал Ҷумъаева (-48 кг), Райҳона Розиқзода (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг), Хайрулло Ғанизода (-60 кг), Саъдӣ Маҳмадов (-60 кг), Самиршо Муҳаббатов (-66 кг), Умар Шеров (-66 кг), Муқтадири Бобоҷон (-66 кг) ба майдон баромаданд ва танҳо Лоиқ Қутбиддинов ба гирифтани медал мушарраф шуд.
Ӯ дар зӯрозмоиҳои вазни -60 кг дар чор давр бар намояндаҳои Туркманистон, Мексика, Муғулистон, Қазоқистон, дар нимфинал бар паҳлавони ӯзбекистонӣ ғолиб омад, вале дар финал аз варзишгари Ҷопон Ямато Фукуда мағлуб гашта, ҷойи дуюмро гирифт. Воқеан, барои варзишгари ҷопонӣ ин дуюмин медали тилло дар чунин мусобиқа аст. 
Миёни варзишгарони кишвар Мадина Қурбонзода ҷойи 7-умро касб кард. Ӯ дар ду давр бар паҳлавондухтарони Қазоқистон ва Муғулистон дастболо гашт, вале дар чорякфинал аз Рафаела Родригези бразилӣ ва дар зӯрозмоии тасаллобахш аз Айдан Алиеваи озарӣ шикаст хӯрд.
Дар ин вазн ҷойҳои якуму дуюмро ҷопониҳо Ироҳа Ол, Сенҷу Ношо, ду ҷойи сеюмро Мио Ҳуҳ аз Ҷумҳурии Корея, Алиссиа Поуленҷ аз Фаронса ба даст оварданд.
Рӯзи дуюми Чемпионат дар шаҳри Душанбе бо зӯрозмоиҳои вазни -73 кг миёни мардҳо, -57 кг, -63 кг миёни бонувон ҷараён мегирад. Паҳлавонони мо Муҳиддин Асадуллоев, Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг, Александра Кан, Раҳмия Ханҷарбекова (-57 кг), Ҷонона Назарова (-63 кг) барои ҷоизаҳо талош мекунанд.  
  


ҶАМЪБАСТИ СОЛ
Файзалӣ Сардоров – довталаби беҳтарин футзалбози толории сол дар Осиё
Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) рӯйхати довталабони ҷоизаҳои соли 2024-ро эълон кард.
Дар рӯйхат ба унвони беҳтарин бозигари футболи толории Осиё Файзалӣ Сардоров низ ҳаст, ки дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 бомуваффақият баромад кард. Дар Тайланд Файзалӣ Сардоров ду гол зад. Мунтахаби футзали мо дар Ҷоми Осиё-2024 бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (2:0), Қирғизистон (2:2), Ҷопон (1:1), Афғонистон (2:1), Тайланд (3:3, аз пеналти – 5:6), Ӯзбекистон (5:5, аз пеналти – 1:3) рақобат карда, ҷойи чорумро гирифт.
Ҳамчунин, Саид Аҳмад Аббосӣ (Эрон) ва Дилшод Раҳматов (Ӯзбекистон) барои унвони беҳтарин бозигари футболи толории Осиё муддаӣ ҳастанд.
28-ум маросими ҷоизасупории КФО («AFC Annual Awards») 29-уми октябр дар Қасри сулҳи Донишгоҳи Кёнхи Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад.


ФУТБОЛ
Бозии “Равшан” ва “Ал-Вақра” доир гашт
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар доираи даври дуюми марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи “А” аз тими “Ал-Вақра” (Қатар) мағлуб шуд.
Бозии дастаҳо шоми 2-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими меҳмон анҷом ёфт. Голи ягонаро Дала Желсон зад.
Дар даври сеюми марҳалаи гурӯҳӣ 23-юми октябр “Равшан” дар меҳмонӣ бо дастаи “Трактор” (Эрон) бозӣ мекунад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.10.2024 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив