ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАЙХ ТАМИМ ИБНИ ҲАМАД ОЛИ СОНӢ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАЙХ ТАМИМ ИБНИ ҲАМАД ОЛИ СОНӢ

04 октябр 2024, Ҷумъа
1
0


3-юми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ” бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ вохӯрданд.
Дар он маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқотҳои сатҳи олӣ, ки нишондиҳандаи баланди эътимод ва ҳусни бародарӣ миёни Тоҷикистону Қатар мебошад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
“Густариши ҳамкорӣ бо Давлати Қатар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад”, – таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бахшҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ ва нақлиёту коммуникатсия аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар номида шуд.
Ҳар ду ҷониб алоқамандии худро ба фаъол гардондани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ иброз доштанд. Ҷалби сармоягузорони Қатар, аз ҷумла имконоти бо Фонди Қатар оид ба рушд, ба бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвари мо, аз ҷумла барои бунёди иншооти тавлиди неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар Тоҷикистон, муҳим шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла хӯрокворӣ, ба манфиати ҳар ду кишвар ба ҳисоб хоҳад рафт.
Омода намудани мутахассисони касбӣ барои соҳаҳои хизматрасонӣ бо таъсиси Маркази забономӯзӣ дар Тоҷикистон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф, баргузории Рӯзҳои фарҳанг аз мавзуоти дигари мулоқот буд.
Мусоҳибон тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъол гардидани гурӯҳи дӯстии парлумониро муҳим арзёбӣ карданд.
Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба мавзуоти минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.


ВОХӮРИИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ БО ХОНУМ ПАЭТОНГТАРН ЧИНАВАТРА
3-юми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Таиланд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот хонум Паэтонгтарн Чинаватраро ба муносибати интихоб шуданашон ба вазифаи Сарвазири Шоҳигарии Таиланд самимона табрик намуданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Таиландро равобити судбахш ба ҳам мепайванданд ва изҳори умед карданд, ки дар якҷоягӣ ба муносибатҳои кишварҳоямон такони нав хоҳем бахшид.
Масоили тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои ояндадори тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ ва саноат  аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Содироти молу маҳсулоти мухталиф, аз қабили пахта, алюминий, меваҳои хушк, маъданҳо ба Таиланд ва таҷҳизоти электронӣ, мошину мошинолот ба Тоҷикистон аз самтҳои дигари ҳамкории судманд номида шуд.
Ба таҳияи “харитаи роҳ”-и ҳамкорӣ, ташкили хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ, ҷорӣ кардани низоми бераводид барои шаҳрвандон ва рушди равобити сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф ва баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ аз мавзуоти дигари суҳбат буд.
Нақши робитаҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо муҳим арзёбӣ гашт.
Дар фароварди суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонум Паэтонгтарн Чинаватра даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Санаи нашр: 04.10.2024 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив