ҶУДО
МУҲИДДИН АСАДУЛЛОЕВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН САЗОВОРИ МЕДАЛ ШУД
Дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, паҳлавони ҷавону умедбахши тоҷик Муҳиддин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гашт.
Зӯрозмоиҳо дар се вазн: -73 кг миёни мардҳо, -57 кг, -63 кг миёни бонувон сурат гирифтанд.
Муҳиддин дар вазни -73 кг рақобатро аз даври дуюм оғоз карда, бар намояндаи тими IJF Магамед Маштаев, сипас, бар Симон Сзулик (Полша) ва Мануел Парлати (Италия) дастболо гашта, ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар ин давр аз намояндаи Ҷопон Йусуке Такеичи, ки медали нуқра гирифт, шикаст хӯрд. Баъдан Муҳиддин дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм намояндаи дигари IJF Абубакр Юсуповро мағлуб намуд.
Медали тиллои вазни -73 кг-ро Кеито Киҳараи ҷопонӣ сазовор гашт. Медали дуюми биринҷӣ насиби Мардон Равшанови ӯзбекистонӣ шуд.
Дар зӯрозмоиҳои вазни -57 кг миёни бонувон Рико Ҳондаи ҷопонӣ ғолиб гашт. Медали нуқраро Йуинг Тао аз Чин, медалҳои биринҷиро Бианка Рейс аз Бразилия ва Каралина Сениска аз Полша ба даст оварданд. Дар вазни -63 кг Мелкиа Аучекорнеи фаронсавӣ чемпион шуд. Ӯ дар финал намояндаи Италия Савита Руссоро шикаст дод. Со Моричикаи ҷопонӣ ва Анна Скалскаи чех ҷойи сеюмро гирифтанд.
Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон дар шаҳри Душанбе имрӯз бо зӯрозмоиҳои вазнҳои -81 кг, -90 кг миёни мардҳо, -70 кг миёни бонувон идома меёбад. Ҷумҳурии моро дар вазни -81 кг Суннатулло Мӯсоев, Муҳаммад Юсуфзода, Аминҷон Абдуҷалилзода, дар вазни -90 кг Музамир Каримзода, Мӯсохон Ғаниев намояндагӣ мекунанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”