Суҳбатҳои телефонӣ
5-уми октябр суҳбати телефонии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Дар оғози суҳбат Президенти Русия Владимир Путин Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро иброз намуданд.
Бо изҳори миннатдорӣ барои табрикоти гарму самимӣ, Роҳбари давлат таъкид сохтанд, ки таманниёти неки онҷонибро ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб медонанд.
Дар идомаи суҳбат сарварони давлатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду кишварро, ки дар асоси усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ сурат мегиранд, мавриди изҳори назар қарор доданд.
Дар робита ба ин, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итминони хешро ба он таъкид карданд, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда пешбурди муносибатҳои ҳамкориро ба нафъи мардумони ду кишвари ба ҳам дӯст таъмин хоҳанд кард.
Сарварони ду давлат, ҳамчунин, оид ба мавзуъҳои тамосҳо ва мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистода табодули афкор намуданд.
5-уми октябр суҳбати телефонии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.
Президенти Қазоқистон дар оғози суҳбат Сарвари давлатро бо ҷашни зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.
Дар зимн, таъкид гардид, ки ҷониби Қазоқистон ба шахсияти Сарвари давлати мо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатии миқёси байналмилалӣ ва дӯсти боэътимоде, ки дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон саҳми таърихӣ гузоштаанд, эҳтиром мегузорад.
Дар ҷараёни суҳбат сарварони давлатҳо атрофи раванди бемайлони таҳкиму тавсеаи ҳамкории ҷории Тоҷикистону Қазоқистон изҳори назар карда, масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро дар чорчӯбаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баррасӣ намуданд.
Мусоҳибон идомаи муколамаи сатҳи олӣ ва баланд, инчунин, саъю талошҳои муштараки самарабахшро ба хотири таъмини густариши минбаъдаи равобит дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ба манфиати мардумони ба ҳам бародари Тоҷикистону Қазоқистон арзёбӣ намуданд.
5-уми октябр суҳбати телефонии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.
Президенти Ӯзбекистон Сарвари давлатро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику муборакбод намуда, бо таманниёти нек ба Ҷаноби Олӣ саломатии қавӣ ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин орзу намуданд.
Зимнан, муҳтарам Шавкат Мирзиёев саҳми беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими пояҳои давлатдории мардуми Тоҷикистон, нуфуз ва мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар хосатан таъкид сохтанд.
Дар идомаи суҳбат мусоҳибон аз сатҳи баланди муносибатҳои имрӯзаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои то имрӯз бадастомада, ҳамчунин, саъю талошҳои муштараки минбаъда ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардондани муносибатҳои кишварҳои мо бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ иброз намуданд.
5-уми октябр суҳбати телефонии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко анҷом ёфт.
Раиси палатаи болоии Парламенти Русия Сарвари давлатро бо изҳори таманниёти нек бо зодрӯзашон самимона табрик намуданд.
Роҳбари давлат аз ҷониби худ бо таманниёти сиҳатмандиву комёбӣ муҳтарам Валентина Матвиенкоро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мансаби Раиси Шурои федератсияи Русия табрик гуфтанд.
Дар ҷараёни суҳбат оид ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия табодули афкор анҷом ёфт. Дар робита ба ин, ба робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Таъкид гардид, ки усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ заминаи мустаҳками муносибатҳои Тоҷикистону Русияро ташкил медиҳанд ва рушди бомароми робитаҳои байнипарлумонӣ ба ҳайси қисми таркибии он идома дорад.
Ҳамчунин, оид ба тамосу чорабиниҳои дарпешистода, ки хусусияти байнипарлумонӣ доранд, табодули афкор сурат гирифт.