АЗ ДУШАНБЕ БА ЛОС-АНҶЕЛЕС. ИШТИРОКЧИЁНИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДОИ ҶАВОНОН НАХУСТИН ҚАДАМРО ДАР РОҲ БА ЛОС-АНҶЕЛЕС-2028 ГУЗОШТАНД
Пас аз бомуваффақият гузаштани мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо – Гран-при дар соли 2023 ва Гранд-слам дар моҳи майи соли 2024, Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон низ дар Душанбе бомуваффақият доир гашт. Ҳамаи нигоҳҳо аз саросари ҷаҳон тайи панҷ рӯз – аз 2 то 6-уми октябр ба пойтахти Тоҷикистон дӯхта шуда буданд.
Барои иштирок дар мусобиқа 531 варзишгар аз 67 давлати ҷаҳон, ҳамчунин, доварону мураббиён, кормандони техникиву расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), Иттиҳоди ҷудои Осиё ба Душанбе омаданд. Кишвари моро бошад, 24 паҳлавон аз шумули писарону духтарон намояндагӣ карданд. Ҳамчунин, тими ҷудои ҷавонони кишвар бори аввал дар зӯрозмоиҳои даставии омехта ширкат намуд.
Тавре сомонаи расмии IJF навишт, “Чорабиниҳои Душанбе бо издиҳоми мухлисон ҷаҳонгир шудааст. Хоҳиши қисми зиёди ҷудочиёни ҷаҳон дар Душанбе зӯрозмоӣ кардан аст”.
Новобаста ба рӯзҳои корӣ, ин бор низ дар толори Қасри теннис издиҳоми мухлисон ба назар расид. Дастгирии паҳлавонони худӣ ва беҳтарин партофтҳои варзишгарони хориҷӣ, новобаста ба миллату давлат, хоси мухлисони тоҷик аст. Ҳамин чиз оилаи ҷудои ҷаҳонро ба ваҷд овардааст ва ошиқи мухлисии тоҷикӣ гаштаанд.
Дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ва директори генералии IJF Влад Маринеску сухан ронданд. В. Маринеску гуфт: “Барои оилаи ҷудои ҷаҳон шарафи бузург аст, ки дар шаҳри зебои Душанбе ҷамъ омаданд ва мо изҳори сипосу миннатдории худро ба раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мерасонем. Тоҷикистон ин навбат низ моро бо оғӯши боз пазируфт ва миннатдории худро барои меҳмоннавозии гарму самимӣ ва дастгирӣ дар баргузор намудани ин чорабинии сатҳи баланд ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва мардуми тоҷик баён мекунем. Варзишгароне дар ин мусобиқа ширкат доранд, ки ояндаи ҷудо ҳастанд ва нахустин қадамашонро ба роҳ сӯи Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес-2028 мегузоранд”.
Исмоил Маҳмадзоир иброз намуд: “Рушди варзиш яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Талошҳои пайвастаи Ҳукумат хосса таваҷҷуҳи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин бахши муҳими ҳаёти ҷомеа заминаҳои мусоидро барои рушди муназзами соҳаи варзиш дар кишвар фароҳам овардааст. Ҷудо яке аз маъмултарин намуди варзиш дар кишварамон маҳсуб ёфта, миёни мардум, хусусан наврасону ҷавонон маҳбубият касб намудааст. Тайи чанд соли охир пойтахти Тоҷикистон мизбони як қатор мусобиқаҳои бонуфуз оид ба ҷудо гардида, онҳоро дар сатҳи баланд баргузор намуд. Боиси фараҳмандист, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҷудочиёни мо зӯрозмоиҳои шоёни таҳсин нишон дода, ду медали биринҷӣ ва мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Барои мо мояи ифтихор аст, ки Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон маҳз дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин нишони эътимод ва эътирофи саҳми кишвари мо дар пешбурди рисолати башардӯстонаи варзиш маҳсуб меёбад”.
Рамзӣ Шамиров, директори варзишии Федератсияи ҷудои кишвар ва довари IJF, бо хушнудӣ дар бораи рушди ҷудои тоҷик дар ду соли охир суҳбат кард: «Аз Гран-при дар соли 2023 сар карда, ҷудо дар кишвар хеле рушд кард ва ҳоло мо намуна миёни дигар намудҳои варзиш шудаем. Федератсияҳои маҳаллии ҷудо низ сатҳи худро хеле баланд бардоштанд. Ҷудо дар Тоҷикистон намуди пешсафи варзиш аст ва ин боиси ифтихор мебошад. Муҳимтар аз ҳама, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишро дӯст медоранд ва дар баромадҳояшон аз аҳамияти варзиш пайваста ёдовар мешаванд, ки кори мо – кормандони соҳаро осон мекунад. Агар мардум ба варзиш машғул бошанд, кишвар солим аст. Шукрона, ки чунин роҳбар дорем”.
Ҳамин тариқ, тавре хабар дода будем, тими ҷудои ҷавонони кишвар дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудои ҷавонон ду медал – як нуқра аз ҷониби Лоиқ Қутбиддинов дар вазни -60 кг ва як биринҷӣ аз ҷониби Муҳиддин Асадуллоев дар вазни -73 кг ба даст оварданд. Инчунин, Муҳаммад Юсуфзода, Сунатулло Мусоев (-81 кг) ҷойи панҷум, Мадина Қурбонзода (-52 кг) ҷойи ҳафтумро гирифтанд.
Дар ҳисоби даставӣ Ҷопон бо ба даст овардани 13 медал (6 тилло, 5 нуқра, 2 биринҷӣ) мақоми аввалро сазовор шуд. Чин бо як медали тилло ва ду нуқра дар ҷойи дуюм, Фаронса бо як тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтанд. Варзишгарони Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Корея, Гурҷистон, Австрия ва Колумбия ба гирифтани унвони чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон даст ёфтанд.
Тоҷикистон миёни 67 давлати иштирокчӣ ҷойи 12-умро мушарраф гашт.
Дар доираи Чемпионат бо иштироки ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев, Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов “Лаҳзаи ифтихор” ташкил шуд, ки мухлисон бо онҳо акси хотиравӣ ва соядаст гирифтанд. Варзишгари дигари маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар шоҳидии мухлисону оилаи ҷаҳонии ҷудо расман анҷоми карйераи варзишиашро эълон кард. Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ба Комроншоҳ ҷомаи ифтихорӣ пӯшонд.
Президенти IJF Мариус Визер дар саҳифааш дар шабакаи “Х” навишт: “Федератсияи ҷудои Тоҷикистонро барои мизбонии барҷастаи Чемпионати ҷаҳонии ҷудои ҷавонон табрик мегӯям. Тоҷикистон, ки дорои мероси ғании фарҳангӣ ва мардуми бебаҳост, бори дигар содиқ будани худро ба арзишҳои ҷудо нишон дод. Мо ифтихор дорем, ки руҳияи ҷудо дар кишваре, ки дар он принсипҳои эҳтиром ва интизом муштараканд, рушд мекунад”.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.10.2024 №: 195