ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУЛҲИ УСТУВОР. ЗАМИНАИ АРЗИ ҲАСТИИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

СУЛҲИ УСТУВОР. ЗАМИНАИ АРЗИ ҲАСТИИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

09 октябр 2024, Чоршанбе
11
0


Дар бистсолаи охир дар ҷаҳон 28 ҷанги шаҳрвандӣ, амалиётҳои ҷангӣ, ҷангҳои байнидавлатӣ, низоъҳои дохиливу байналмилалӣ рух дода, баъзеашон  даҳсолаҳо то имрӯз давом ёфта истодаанд. Танҳо дар соли 2024  буҳронҳои байни Озарбойҷон ва Арманистон, Россия ва Украина, ҷанг дар Шарқи Наздик, ҷанги шаҳрвандӣ дар Бирма, Сурия, Судон, Яман, Лубнон, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ,  низои мусаллаҳона дар Эквадор, исёни мусалмонон дар Мозамбик ва монанди инҳо сурат гирифтанд ва ё давом доранд, ба қайд гирифта шудааст. Ҷанг ва низоъҳои дохиливу байналмилалӣ таҳдид ба ҳастии башарият буда, пешгирӣ накардани он имконияти аз байн (дар сурати ҷанги ҳастаӣ) бурдани онро дорад.  
Стивен Ҳокинг, яке аз физикҳои машҳур, чанд даҳсола пеш гуфта буд, ки се омил метавонад боиси нобудии башарият ва дигар мавҷудоти зинда гардад: аввал, мавҷудияти вирусҳо, ки аз назорати одамон берун мешаванд. Дар ҳақиқат, чи тавре мо шоҳиди ҳол будем, оғози соли 2020 ҷаҳон ба буҳрони шадид, яъне паҳншавии беморие бо номи коронавирус (COVID-19),  гирифтор гардид, ки сари вақт наандешидани чораҳои дахлдор метавонист қисми зиёди аҳолии ҷаҳонро нобуд созад. Дар натиҷаи ин вабои аср, мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, беш аз 7 миллион нафар ҷони худро аз даст дод. Маҳз иттиҳоду ҳамбастагӣ ва дастгирии якдигар буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тавонист пеши роҳи ин ваборо гирад. Дуюм, бархӯрди метеоритҳо бо Замин ба мисли 65 миллион сол пеш, ки дар халиҷи Мексика рух дод ва боиси нобудшавии 99 дарсади мавҷудот гардида буд, такрор шавад. Сеюм сабаби нобудшавии навбатии башарият ҷанги ҳастаӣ мебошад. Ин ҷо бархе аз олимон ба он андешаанд, ки агар омили дигаре барои нестшавии башарият ҷо дошта бошад, ҳамоно бо дасти худи инсон рух диҳад. 
Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси сулҳпарвару  адолатхоҳ,  хатари истифодаи яроқи қатли омро дарк намуда, чандин маротиба дар баромадҳои худ аз таҳдид ва истифодаи ин яроқ ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор доданд. 23-юми сентябр Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши оянда иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Пешгирии низоъҳо, таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва тарғиби фарҳанги гуфтугӯ низ аз омилҳои муҳими таъмини сулҳ барои наслҳои оянда мебошанд. Дар сатҳи байналмилалӣ ҳамкории давлатҳо дар соҳаи дипломатия, ҳалли осоиштаи низоъҳо ва дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид, нақши бузургро мебозад.
Пешниҳоди Пешвои муаззами миллат амали саривақтӣ мебошад, зеро дар ҳақиқат, насли оянда ба сулҳ ниёз дорад, то зиндагии озоду осоишта дошта бошад. Сулҳ на танҳо як ҳолати муваққатӣ, балки як равандест, ки онро бояд тавассути саъю кӯшиши муштарак ҳифз кард  ва таҳким бахшид. Дар заминаи сулҳ наслҳои оянда метавонанд дар ҷаҳоне зиндагӣ кунанд, ки дар он ормонҳои инсоният амалӣ мегарданд. Ҳар як ҷанг ба як ҳалқае шабоҳат дорад, ки ба занҷири бадбахтии инсоният зам мешавад ва ба пешрафти инсоният халал мерасонад. 
Ин пешниҳод ва қабули қатъномаи махсус маънои онро  дорад, ки як кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад мушкилоти кунуниро, яъне барқарор  намудани сулҳ дар рӯи заминро, ҳал кунад. Чи тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд ҷомеаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз пароканда гашта, ба чолишҳои бунёдии ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Ҳолати мазкур ташвишовар буда, боиси пайдо шудани муноқишаҳо, ҷангҳо, низоъҳо, нобоварӣ ва тафриқаандозӣ дар байни башарият мегардад. Танҳо бо густариши фарҳанги сулҳ, ҳамкорӣ байни кишварҳо ва минтақаҳо метавонад ба таври назаррас беҳтар гардад. Фарҳанги сулҳ муносибатҳои дипломатиро тақвият мебахшад, ки боиси пешгирии ҷангҳо ва таъмини амнияти умумӣ мешавад. 

Некрӯз ҚУДРАТЗОДА,
сардори раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ, 
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Санаи нашр: 09.10.2024 №: 197
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив