ҶУДО
Паҳлавонони тоҷик дар Гранд-слами Абу-Заби ширкат мекунанд
11-13-уми октябр дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи навбатии ҷудо – Гранд-слам баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони тоҷик ширкат меварзанд.
Тибқи маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа 236 варзишгар (163 мард, 73 зан) аз 33 давлат иштирок хоҳанд кард. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 6 варзишгар: Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Абубакр Шеров (-73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг)-ро ба АМА сафарбар менамояд.
Чун анъана ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадр мешаванд: ҷойи аввал – 5000 евро, ҷойи дуюм – 3000, ҷойи сеюм – 1500 евро.
ФУТБОЛ
Натиҷаи бозиҳои даври 17-уми Лигаи олӣ
Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.
Тими КМВА ба дарвозаи дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ 5 голи беҷавоб зад. Дар вохӯриҳои дигар “Эсхата” бар “Истаравшан” (1:0), “Хуҷанд” бар “Панҷшер” (1:0) ғолиб омада, бозиҳо миёни “Равшан” – “Вахш” (0:0) ва “Барқчӣ” – “Ҳосилот” (1:1) мусовӣ анҷом ёфтанд.
Пас аз натиҷагирии 17 давр дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол”-и Душанбе бо 42 хол пешсаф аст. КМВА, ки 10 хол камтар дорад, дар мақоми дуюм, “Хуҷанд” бо 31 хол дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифтаанд.
ФУТЗАЛ
Мавсими нав оғоз меёбад
Мавсими нави футзал бо бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон оғоз меёбад ва баҳри ба даст овардани он ду дастаи шаҳри Душанбе – чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол» ва барандаи медали нуқраи Суперлига «Соро компания» мубориза мебаранд. Вохӯрии аввали дастаҳо 12-уми октябр баргузор мегардад.
Ба иттилои Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, чемпионати имсола 19-уми октябр оғоз мешавад ва нуҳ даста: “Истиқлол”, “Соро компания”, “Пойтахт”, “Амонатбонк”, “Сомон” (аз шаҳри Душанбе), “Сипар”, “Хуҷанд” (аз шаҳри Хуҷанд), “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ва “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода иштирок хоҳанд кард.
Мусобиқа дар ду марҳала баргузор мешавад. Дар марҳалаи аввал дастаҳо бо системаи "хона – сафар" бо ҳамдигар рақобат мекунанд. Дар даври якум “Истиқлол” бо "Сомон", "Соро компания” бо "Амонатбонк", “Пойтахт” бо “Хуҷанд”, “Сипар” бо “Истаравшан” вомехӯранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”