ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

11 октябр 2024, Ҷумъа
30
0


Ба ҳамагон маълум аст, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад. Баланд бордоштани маърифати ҳуқуқии мардум ба паст шудани шиддати ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ, муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризим, экстремизм ва дигар зуҳуроти хатарнок) ва ҳифзи фазои иттилоотии ҷумҳурӣ аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда шудааст.
Ба истиқболи 30-солагии Конститутсия Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024  иқдоми муҳим ва саривақтӣ ба шумор рафта, ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ба паст шудани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ оварда мерасонад.
Маърифати ҳуқуқӣ – ин маҷмуи тафаккур ва дониши одамон дар бораи қонун, татбиқ ва риояи он ва фаъолияти пурсамари кормандони мақомоти қудратӣ бобати ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, эътиқод ва ҳурмату эҳтироми қонун ва меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби сокинони кишвар ба ҳисоб рафта, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар бар мегирад. Ҳамчун мутахассис мехоҳам андешаҳои худро роҷеъ ба ин масъалаи ҳаётан муҳим иброз намоям.
Давлати шуравӣ бо баъзе каму костагиҳояш ба масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа медод. Дар ҳамаи вазоратҳои адлия аз марказ то ҷумҳуриҳои иттифоқӣ шуъбаҳои махсуси тарғиби ҳуқуқ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ амал мекард, ки кормандони он барномаи солонаи тарғиби ҳуқуқ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолиро бо ҷалби мақомоти қудратӣ ва вазорату кумитаҳои дахлдор таҳия менамуданд. Дар асоси ҳамин барнома, намояндагони баландпояи мақомоти давлатӣ ҳар моҳ як маротиба дар заводу фабрика, корхонаҳои саноатӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳо мегузаронданд.
Чанд сол пеш оид ба ҳамин масъалаи доғи рӯз, таъсиси чунин шуъбаро дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ зарур дониста будам. Мутаассифона, ин пешниҳод бе натиҷа монд.
Инчунин, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилояту шаҳру ноҳияҳо кумитаҳои ҷамъиятии муштараки тарғиби ҳуқуқ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ аз ҳисоби кормандони суду прокуратура, милисаю дигар ташкилотҳои ҷамъиятии дахлдор  созмон дода мешуд, ки вазифаи асосии он тарғиби ҳуқуқ дар байни аҳолӣ ба шумор мерафт.
Дар марказ рӯзномаю маҷаллаҳо аз қабили «Инсон ва қонун», «Адолати советӣ», «Қонуният», «Ахбори Суди Олӣ» ва дигар нашрияҳо аз чоп мебаромаданд, ки дар ҳалли ин масъала нақши бориз доштанд. Иловатан, ҳар моҳ ба воситаи "оинаи нилгун" ахбори «Инсон ва қонун» намоиш дода мешуд, ки он аз таҷрибаи судӣ, рафти тафтишот ва фаъолияти босамари кормандони мақомоти қудратии кишвар ба аҳолӣ пешкаш карда мешуд.
Бо мақсади ба танзим даровардани тартиботи ҷамъиятӣ дружинаҳои ихтиёрии халқӣ ва дастаҳои фаврии комсомолӣ амал мекарданд, ки онҳо шабона дар кӯчаҳои шаҳр тартиботро назорат мебурданд. 
Ҳар сол дар охири ҳисоботҳои солона раисони судҳои марказӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба комитетҳои марказӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизбӣ ҳисобот пешниҳод мекарданд, ки дар он вазъи ҳуқуқвайронкунӣ вобаста ба ҳар як корхонаву ташкилот, хоҷагиву муассисаҳои таълимӣ нишон дода мешуд. Ба ғайр аз ин, Кумитаи омор охири сол барои роҳбари давлат омори судӣ пешниҳод мекард, ки дар он вазъи ҷинояткорӣ дар кишвар инъикос мегардид ва ин ҳисобот дар маъракаҳои тарғиботӣ аҳамияти муҳим дошт.
Дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноороми ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, моро месазад беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул бошем ва дар атрофи Президенти мамлакат муттаҳиду сарҷамъ шуда, тамоми саъю кӯшиши худро ба хотири ҳифзу ҳимояи манфиати давлат ва ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд равона намоем. 

Зариф ҒУЛОМОВ, ҳуқуқшинос

Санаи нашр: 11.10.2024 №: 199
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив