ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 300-СОЛАГИИ МАХДУМҚУЛӢ ФИРОҚӢ 

ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 300-СОЛАГИИ МАХДУМҚУЛӢ ФИРОҚӢ 

14 октябр 2024, Душанбе
1
0


11-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба робитаҳои дӯстию бародарӣ бо мардуми туркман, ҳамкории аҳли зиё ва гиромидошти шоир ва маорифпарвари маъруфи Туркманистон Махдумқулӣ Фироқӣ, ки бо сарпарастии ЮНЕСКО 300-солагии зодрӯзаш васеъ таҷлил мегардад, ибрози андеша карданд.
Дар фароварди сухан Сарвари давлат аз сатҳи сифатан баланди муносибатҳои миёни Тоҷикистону Туркманистон, ки хусусияти “шарикии амиқи стратегӣ”-ро касб кардаанд, ёдовар шуда, роҳбарияти олии кишвари дӯстро барои танзими бошукӯҳ ва сатҳи баланди баргузории ин ҳамоиш табрик гуфтанд.
Дар Ҳамоиши байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали ҷашнии “300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ” сарфароз гардиданд.

Санаи нашр: 14.10.2024 №: 200-201
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив