ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » СОКИНОНИ БОНАНГУ НОМУСИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА ИДОМАДИҲАНДАИ АНЪАНАҲОИ НЕКИ АҶДОДИАНД

СОКИНОНИ БОНАНГУ НОМУСИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА ИДОМАДИҲАНДАИ АНЪАНАҲОИ НЕКИ АҶДОДИАНД

14 октябр 2024, Душанбе
5
0

 
Cуханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа, 12-уми октябри соли 2024
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар ибтидо ба мардуми сарбаланди ноҳияи Роштқалъа ва ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарам, барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос менамоям. Дар ҷараёни ҳар як сафари корӣ хуб мушоҳида мегардад, ки сокинони ватандӯсту заҳматқарини ноҳия бо шукргузорӣ аз неъмати озодиву соҳибихтиёрӣ дар ҷодаи ободии диёри худ ва сарзамини аҷдодӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаанд. Мо зимни сафари кории имрӯза низ шоҳиди рушду ободии ин гӯшаи Тоҷикистони азизамон гардидем.
Дар ноҳия имрӯз мо биноҳои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и деҳоти Роштқалъа ва якчанд иншооти дигарро ифтитоҳ намудем. Ҳамчунин, бо ҷараёни корҳо дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шуда, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110-киловолтаи Хоруғ – Қозидеҳ ва 35-киловолтаи Сурхсангов – Ванҷ, инчунин, пули мошингузари Неругоҳро мавриди истифода қарор додем. Танҳо дар ду соли охир ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи «Себзор» беш аз 205 миллион сомонӣ равона гардида, бунёди он то охири соли 2025 ба анҷом расонда мешавад.
Хотирнишон менамоям, ки, баробари ба фаъолият оғоз кардани ин Неругоҳ, таъминоти барқ дар ноҳия, инчунин, дар қаламрави вилоят беҳтар гардида, содироти он ба деҳоти наздисарҳадии давлати ҳамсояи Афғонистон меафзояд. Бо истифода аз фурсат, ман ба ҳамаи муҳандисону мутахассисон ва бунёдгарони ин иншооти муҳими энергетикӣ барои заҳмати шабонарӯзӣ сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он дар муддати 33 соли соҳибистиқлолӣ беш аз 1,5 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Ғайр аз ин, то имрӯз дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло иҷрои корҳо дар доираи 4 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 740 миллион сомонӣ идома доранд. Дар доираи лоиҳаҳои амалигардида, сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, дастрас гардондану баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, нигоҳдории роҳҳо, бо барқ таъмин намудани деҳаҳо, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин, пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ анҷом дода шудааст. Тибқи таҳлилҳо, иқдомоти то имрӯз амалигардида ба хеле беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолии ноҳия мусоидат намудаанд. 
Илова бар ин, бо мақсади ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025 амалӣ гардида истодааст, ки дар он иҷрои 92 лоиҳа ба маблағи умумии 222 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар доираи Барномаи мазкур то имрӯз 21 лоиҳа татбиқ шудааст, яъне иҷрои он ҳамагӣ 23 фоиз таъмин гардидааст.
Бо дарназардошти он ки, то ба анҷом расидани муҳлати барнома як соли дигар боқӣ мондааст, роҳбарияти вилоят ва ноҳия ҳамкориро бо вазорату идораҳо ва бахши хусусӣ густариш дода, ҷиҳати иҷрои Барнома аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Ҳамватанони азиз!
Ман дар сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамеша таъкид менамоям, ки ҳодисаву равандҳои дар ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла гармшавии иқлим ва пайомадҳои ногувори он – камобиву хушксолии пайдарпай ва офатҳои табиӣ, ба таъмин намудани аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ таъсири манфӣ расонда истодаанд. Бинобар ин, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар ҳамаи фаслҳои сол бо маҳсулот таъмин намудани бозори истеъмолии кишвар аҳамияти торафт бештар пайдо карда, аз ҳар яки мо истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла обу заминро, тақозо менамояд.
Ноҳияи Роштқалъа барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, ғалладонагиҳо, лӯбиёиҳо, меваю сабзавот ва чорводорӣ шароиту имкониятҳои мусоид дорад. Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол зиёд мегардад ва аз ин ҳисоб хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ даромади хуб мегиранд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия афзоиши истеҳсоли гӯшт 1,6 баробар, ғалладонагиҳо 2 баробар, картошка 3,4, сабзавот 2,8, мева 67 ва истеҳсоли шир 2,3 баробарро ташкил кардааст. Ин, албатта, қобили таҳсин аст. Роҳбарону мутахассисон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тамоми сокинони ноҳияро зарур аст, ки раванди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро минбаъд низ идома дода, аз шароити беҳтарине, ки дар ноҳия вуҷуд дорад, аз ҷумла обу замин, самараноку оқилона истифода баранд.
Дар ноҳияи Роштқалъа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ мунтазам афзоиш ёфта, аз 2,6 миллион сомонии соли 2000-ум ба 4,4 миллион сомонӣ дар соли 2023 расидааст, яъне қариб ду баробар зиёд шудааст. Дар ҳафт моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 фоиз зиёд гардидааст. Вале, бо вуҷуди супоришҳои додашуда, дар ин давра либоси мактабӣ умуман истеҳсол нашудааст.
Ҳоло дар ноҳия 9 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, соли ҷорӣ 5 корхонаи нав таъсис дода шудааст. Хотиррасон менамоям, ки тибқи нақша, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия иловатан на кам аз 4 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бояд бунёд карда шавад.
Дар ноҳия барои рушди соҳаҳои коркарди маъдан, истеҳсоли сангҳои ороишиву сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ, таъсис додани садҳо ҷойи нави кор барои сокинон захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд ва роҳбарону масъулон бояд барои истифодаи ҳарчи бештару самараноки онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Бо ин мақсад, ба Бонки миллӣ, «Амонатбонк», «Саноатсодиротбонк» ва дигар ташкилотҳои қарзӣ зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон ва аҳолӣ ба воситаҳои молиявии нисбатан арзон чораҳои мушаххас андешанд.
Зимни сафари кории соли гузаштаи мо дар ноҳияи Роштқалъа бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба истифода дода шуда буд. Дар ошёнаи якуми он маркази таълими калонсолон ҷойгир буда, ҷиҳати ба касбомӯзиву забономӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Илова бар ин, дар назди марказ якчанд синфхона барои омӯхтани касбҳои қаннодиву ошпазӣ, дӯзандагӣ, технологияи коммуникатсионӣ, таъмиргари таҷҳизоти сантехникӣ ва асбобҳои барқӣ ташкил гардидааст, ки дар нуҳ соли равон 361 нафар сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла 206 нафар занону духтаронро ба касбомӯзӣ фаро гирифтааст. Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки бо дарназардошти мавҷудияти сангҳои қиматбаҳову ороишӣ дар ҳудуди ноҳия тавассути ба роҳ мондани коркарди онҳо ва рушди косибиву ҳунармандӣ садҳо нафар шаҳрвандонро бо ҷойи кор таъмин кардан мумкин аст.
Ҳамватанони азиз!
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Роштқалъа 12 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои зиёда аз 2 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудаанд. Имрӯз мо бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-ро барои 1280 хонанда, ки аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент бунёд гардидааст, мавриди истифодабарӣ қарор додем.
Ҳукумати кишвар бо мақсади дастгирии аҳолии ноҳияҳои дурдаст ва бо мутахассисони маҳаллӣ таъмин намудани соҳаҳои мухталифи онҳо ҷиҳати фарогирии сокинони ин ноҳияҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пайваста чораҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, дар даврони соҳибистиқлолӣ 561 нафар хатмкардагони мактабҳои ноҳияи Роштқалъа тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қабул гардидаанд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи Квотаи президентӣ аз ноҳия 173 нафар таҳсил карда истодаанд ва соли ҷорӣ боз 15 нафар хатмкардагон тибқи Квота ба ин муассисаҳо дохил шудаанд.
Имрӯзҳо танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишвар 45 нафар фарзандони боистеъдоди мардуми ноҳияи Роштқалъа таҳсил карда истодаанд, ки 44 нафари онҳо бо Квотаи президентӣ қабул гардидаанд. Бо вуҷуди натиҷаҳои назаррас, дар соҳаи маорифи ноҳия ҳанӯз як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз ҷумла нарасидани таҷҳизоту маводи зарурӣ барои кабинетҳои фаннӣ, иҷро нагардидани Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ҷой доранд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд. Инчунин, 11 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, ки роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд барои ҳалли ин масъала низ чораҳои мушаххас андешанд. Ҳамчунин, роҳбарияти ноҳия ва масъулони соҳаи тандурустиро зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида, таҷҳизоти тиббӣ ва боз ҳам беҳтар намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дастрасии хизматрасониҳои тиббиро ба сокинони ноҳия таъмин намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа бунёду таҷдиди 206 иншооти гуногун ба маблағи умумии қариб як миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 97 иншоот ба маблағи 131 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки 47 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Бовар дорам, ки роҳбарият, соҳибкорон ва аҳолии ватандӯсти ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти боқимондаро таъмин менамоянд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки вазифаи роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва падару модарон аз он иборат аст, ки минбаъд низ мардум ва хусусан ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, риояи қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ роҳнамоиву сафарбар созанд. Дар ин раванд зарур аст, ки ба масъалаи кумаку дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат, инчунин, дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар тарбия кардани фарзандон эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мардуми бонангу номуси ноҳияи Роштқалъа анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои пешрафту ободии Ватани маҳбуби худ – Тоҷикистони соҳибистиқлол, саҳми арзишманд мегузоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд. 
Дар татбиқи ҳадафу нақшаҳои неку созанда ба сокинони ватандӯсту сарбаланди ноҳияи Роштқалъа барори кор ва муваффақият орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!


МАСЪУЛИЯТИ ФАРЗАНДИВУ ШАҲРВАНДИИ ХЕШРО ДАР НАЗДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ҲАРГИЗ ФАРОМӮШ НАСОЗЕМ!
Суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ, 
13-уми октябри соли 2024
Ҳамватанони азиз!
Мардуми ватандӯсту сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде пеш Ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанд.
Тайи чанд рӯзе, ки мо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорем, натиҷаву маҳсули заҳмати содиқонаву софдилонаи сокинони онро хуб мушоҳида намудем. Бинобар ин, ба кулли мардуми вилоят барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат, заҳмати созандаву ободгарона ва истиқболи самимӣ изҳори сипос менамоям.
Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоям, ки чорабинии имрӯза низ самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад.
Истиқлолу озодӣ барои ҳар халқу миллат дастоварди бузургтарин ва неъмати муқаддастарин ба шумор меравад. Ҳазорон маротиба шукр мегӯем, ки имрӯз мову шумо давлати соҳибистиқлоли худро дорем, соҳиби Ватани озоди худ ҳастем, ки он бо азму талоши мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯз ба рӯз ободу зебо гардида истодааст.
Хотирнишон менамоям, ки истиқлоли давлатӣ барои мо на танҳо як воқеияти сиёсӣ, балки масъулияти бузурги маънавӣ дар назди имрӯзу ояндаи давлат, миллат ва Ватан мебошад.
Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хуб дар ёд доранд, ки кишвари мо дар давоми сию се соли соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои нахустини он, масири бениҳоят вазнину душвор ва пур аз монеаву мушкилотро сипарӣ намуд. Вале мардуми мо ин роҳи душвору сангинро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан бо сабру таҳаммул ва заҳмати содиқонаву аҳлона тай карданд. Ҳамзамон бо ин, бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорам, ки таърихи беш аз се даҳсолаи гузашта барои мо давраи болоравии бесобиқаи ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат гардид. Муҳимтар аз ҳама, дар ин давра мо ба дастоварди ниҳоят арзишманди таърихӣ – ваҳдати миллӣ, ки роҳро барои пешравию комёбиҳои беназири ин марҳалаи давлатдории навини тоҷикон ҳамвор сохт, ноил гардидем.
Яъне, дар ин давра мардуми мо миллати куҳанбунёду тамаддунсоз будани худро исбот карданд, қобилияту қудрати хешро барои анҷом додани корҳои бузург ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳои сахту сангин нишон доданд.
Рушди имрӯзаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, пешрафту ободиҳои дар қаламрави он амалигардида ва бамаротиб беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоят мисоли равшани ин мебошад. Дар робита ба ин, як нуктаро хотирнишон месозам: дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳое ба анҷом расонда шуданд, ки дар замони гузашта иҷрои онҳоро умуман ғайриимкон медонистанд.
Дар ин давра бисёр масъалаву мушкилоти ҳаёти сокинони вилоят бартараф гардида, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун шуд ва чунон ки имрӯз мебинем, маркази вилоят ва як қатор ноҳияҳои он ба шаҳри замонавӣ табдил ёфтааст. Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли мушкилоти асосии мардуми вилоят, яъне набудани роҳҳо, то имрӯз якчанд лоиҳаи бузурги сармоягузории давлатӣ ба маблағи миллиардҳо сомонӣ амалӣ карда шуд. Дар натиҷа, дар ҳудуди вилоят садҳо километр роҳҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардиданд.
Имрӯз рафтуомади бехатару осони аҳолии вилоят ва ҳамлу нақли молу маҳсулот, аз ҷумла боркашонии байналмилалӣ, ба роҳ монда шудааст, ки ин ҳама ба рушди вилоят ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинони он мусоидат карда истодааст.
Бинобар ин, мо бояд ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расем, ин неъматҳои муқаддасу бузурги ҳаётамонро эҳтиёт ва ҳифз намоем. Хусусан, дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ҳар яки мо вазифадорем, ки дастовардҳои то имрӯз ноилгардидаамонро боз ҳам таҳким бахшем ва корҳои созандагиву ободониро вусъати бештар диҳем.
Ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми саъю талоши худро ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, махсусан саноатикунонии босуръати кишвар, сафарбар созем, Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро ободу зебо ва неруманду пешрафта гардонем ва нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Мо бояд ба ҳар зарра хоки ин диёри муқаддас содиқ бошем, худшиносу худогоҳ бошем ва масъулияти фарзандиву шаҳрвандии хешро дар назди давлат, миллат ва Ватани азизамон ҳаргиз фаромӯш насозем.
Ҳоло мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар давраи омодагӣ ба таҷлили яке аз санаҳои дар ҳақиқат таърихӣ – 30-солагии қабули аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худ қарор доранд. Ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ мо соли 2024-умро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон кардем, ки ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии мардум, тақвият бахшидан ба эҳтирому риояи қонуният, яъне волоияти қонун, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон мебошад.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири ободиву пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ саъю талош карда, дар таҳкиму тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми арзишманд мегузоранд.
Бо истифода аз фурсат, хурду бузурги сокинони вилоятро ба ифтихори ҷашни Меҳргон – яке аз ойинҳои бостонии миллати куҳанбунёдамон, ки имрӯз дар саросари кишвари азизамон таҷлил гардида истодааст, инчунин, 30-солагии қабули бахтномаи халқамон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Дар ҷодаи муқаддасу пурифтихори ватансозиву давлатсозӣ ба кулли мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон, сокинони шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд, саломатӣ, саодати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша тандурусту хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!



ТАЪМИНИ РУШДИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ДУРДАСТ ЯКЕ АЗ АФЗАЛИЯТҲОИ АСОСИИ ДАВЛАТ БА ҲИСОБ МЕРАВАД
Cуханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ишкошим, 13-уми октябри соли 2024
Ҳамватанони азиз!
Ба кулли сокинони ватандӯсту матиниродаи ноҳияи Ишкошим ва ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд, барои истиқболи самимӣ сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Ҳадафи сафари кории мо ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияи Ишкошим, аз наздик шинос шудан бо вазъи воқеии рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, раванди корҳои ободониву созандагӣ ва шароити зиндагии мардум мебошад. Ҳамчунин, мо то омадан ба ноҳияи Ишкошим тасмим доштем бо вазъи зиндагии сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Зугванди деҳоти Зонг бевосита шинос шавем ва ба онҳо хонаҳои истиқоматии навбунёдро супорем. Мо дар рӯзи аввали ин ҳодиса супориш додем, ки аҳолии зарардидаро бо маводи ниёзи аввал, аз ҷумла хӯрокворӣ, ҷойи зисти муваққатӣ ва масолеҳи сохтмон таъмин намуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат барои онҳо хонаҳои наву замонавӣ бунёд карда шаванд. Имрӯз оилаҳои зарардида соҳиби манзили истиқоматии нав бо тамоми шароити зиндагӣ ва асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор, инчунин, майдончаи варзиш гардиданд. Илова бар ин, имрӯз як қатор иншооти навбунёди дигар, аз ҷумла варзишгоҳи муосир бо 4000 ҷойи нишаст, ба истифода дода шуданд, ки натиҷаи ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва самараи заҳмати сокинони ноҳия мебошанд.
Дар сафари имрӯзаи худ бармало мушоҳида намудам, ки сокинони ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус, бо шукронаи фазои орому осудаи кишвар ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ободу зебо гардондани диёри худ саъю талоши зиёд карда истодаанд.
Сафари қаблии мо ба ноҳия 27-уми июни соли 2016 сурат гирифта буд. Дида мешавад, ки, дар муддати беш аз ҳашт соли гузашта, ноҳия хеле обод ва шароити зиндагии мардум боз ҳам беҳтар гардидааст. Бинобар ин, ба мардуми заҳматдӯст ва соҳибкорони ватандӯсти ноҳия, ки дар ободиву пешрафти ин гӯшаи зебои Тоҷикистон саҳм гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Пешбурди сиёсати рушди шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон яке аз афзалиятҳои асосии давлат ба ҳисоб рафта, ҷиҳати татбиқи он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Дар заминаи ин сиёсат, барои ободонӣ ва рушди ноҳияи Ишкошим дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз як миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Дар ин давра, дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва ободу пешрафта гардондани он 5 лоиҳаи дигар ба маблағи 106 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Лоиҳаҳои зикршуда ба бунёду муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, беҳтарсозии хизматрасониҳои тиббӣ, мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмини устувории зидди офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъминоти барқ дар деҳот, нигоҳдории роҳҳои мошингард ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона гардидаанд. 
Ҳамчунин, дар доираи нақшаи ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар ноҳияи Ишкошим бунёду таҷдиди 110 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 55 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 50 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Бовар дорам, ки бунёду навсозии иншооти боқимонда дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонда мешаванд.
Ҳамватанони азиз!
Ман ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамеша таъкид менамоям, ки таҳти таъсири вазъияти ҷаҳони имрӯза, хусусан гармшавии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ ва офатҳои табиӣ, масъалаи бо озуқаворӣ таъмин намудани аҳолӣ барои бисёр кишварҳои сайёра ҳоло ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст.
Дар чунин шароит зарур аст, ки захираву имкониятҳои кишоварзии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Ишкошим, пурра ва самаранок истифода карда шаванд.
Мо бояд ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, бозори истеъмолии дохилӣ, яъне мардумамонро бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ таъмин намоем ва нагузорем, ки дар вазъи пешгӯинашавандаи бозорҳои ҷаҳонии молу маҳсулот сокинони кишварамон ба танқисӣ рӯ ба рӯ гарданд.
Ноҳияи Ишкошим бо табиати зебову нотакрор, заминҳои ҳосилхез ва мардуми заҳматқаринаш дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ бо меваю сабзавоти хушсифату аз лиҳози экологӣ тоза саҳми арзишманд дорад.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия сол ба сол рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 9 миллион сомонии соли 2000-ум ба 104 миллион сомонӣ дар соли 2023 расидааст, яъне қариб 12 баробар зиёд шудааст. Зарур аст, ки роҳбарияти ноҳия, мутахассисон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тамоми сокинони ноҳия раванди афзоиши истеҳсоли маҳсулотро минбаъд низ вусъат дода, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд. Шумо дар саргаҳи об қарор доред ва бояд аз ин имконияти мусоиди табиӣ ҳарчи бештар истифода карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд намоед.
Ноҳияи Ишкошим барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар, дорои имкониятҳои бузург, аз қабили захираҳои меҳнатӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллӣ, мебошад.
Бунёд намудани корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва дар онҳо ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ба таъсиси ҷойҳои нави кор, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда, яъне рушди минбаъдаи ноҳия, мусоидат менамояд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ишкошим соли 2023 ба 5,4 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум яку ним баробар зиёд мебошад. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳия афзоиши истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз таъмин кардаанд.
Имрӯз мо корхонаи коркарди ангати Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Гулчеҳра-80»-ро ба истифода дода, бо намоиши маҳсулоти он шинос шудем. Вале бояд гуфт, ки ҳоло дар ноҳия ҳамагӣ 10 коргоҳу корхона фаъолият доранд, ки ин шумора ҳанӯз нокифоя аст ва ба ҳадафи саноатикунонии кишвар ҷавобгӯ нест. Зеро ноҳияи Ишкошим дорои захираҳои бойи табиӣ, аз ҷумла гиёҳҳо ва обҳои шифобахши маъданӣ, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ, мармар, талк, литий ва дигар канданиҳои фоиданок мебошад. Аммо то имрӯз коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз онҳо ба роҳ монда нашудааст, ки андешидани тадбирҳои мушаххасро тақозо менамояд.
Зарур аст, ки дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Саридораи геология ва дигар сохторҳои марбута тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ташкили ҷойҳои кор дар ноҳия Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» таъсис дода шудааст.
Бо вуҷуди он ки, минтақаи мазкур ҳанӯз соли 2010 таъсис дода шудааст, то ба ҳол ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди он ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои саноатии истихроҷ, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ашёи хоми маҳаллӣ, хусусан захираҳои табиии ноҳияи Ишкошим, чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҳамчунин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо роҳбарияти вилоят ва ноҳия сабабҳои ба таври зарурӣ фаъолият накардани Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»-ро ҳамаҷониба таҳлил карда, барои бартараф сохтани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Тайи 33 соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ишкошим дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 105 миллион сомонӣ 6 иншооти энергетикӣ бунёду таҷдид гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Мо дирӯз дар ноҳияи Роштқалъа хатти интиқоли барқи баландшиддати 110-киловолтаи Хоруғ – Қозидеҳро, ки аз ҷумлаи корҳои ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифташуда мебошад, ба истифода додем ва бо ҷараёни корҳои бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шудем.
Лоиҳаҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии таъминоти сокинони ноҳияи Ишкошим бо неруи барқ ва устувории низоми интиқоли он дар шабакаҳои барқи вилоят аҳамияти хеле калон доранд.
Бунёди роҳҳо ва инфрасохтори муосири нақлиётӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти хизматрасонӣ, ҷойҳои нави кор, ҷалби бештари сайёҳони хориҷиву дохилӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ноҳияи Ишкошим заминаи мусоид фароҳам месозад.
Дар даҳ соли охир барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шудаанд.
Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки бо истифода аз табиати зебову нотакрор, обҳои мусаффо, мавҷудияти чашмаҳои шифобахши Гармчашма, Авҷ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Ширгин, Зонг, ҳайвоноти нодир ва дигар имкониятҳои мусоиди ноҳия, таъмин намудани рушди сайёҳии экологӣ, табобатӣ ва шикор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бояд ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии ноҳия татбиқи Барномаи рушди сайёҳии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2024-2026-ро ҷоннок намуда, дар заминаи он лоиҳаҳоеро таҳия ва роҳандозӣ намоянд, ки ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшида тавонанд.
Ҳамватанони азиз!
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ишкошим 18 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 2220 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони 7 бинои таълимии дигар барои 1100 ҷойи нишаст идома дорад.
Мо имрӯз ду муассисаи таълимиро бо 930 ҷойи нишаст ва бо беҳтарин шароит барои омӯзиши илму дониш ба истифода додем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ 2130 нафар фарзандони мардуми ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла қариб 1100 нафар духтарон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм кардаанд.
Аз соли 1997, яъне соли ҷорӣ гардидани Квотаи президентӣ, то имрӯз 509 нафар ҷавонони ноҳия, аз ҷумла 314 нафар духтарон, бо истифода аз ин имконият соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Соли 2024 тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз ноҳия 19 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳоло аз ноҳияи Ишкошим танҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 36 нафар, аз ҷумла 26 нафар тибқи Квотаи президентӣ ва дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 5 нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Ҳамзамон бо ин, дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ 82 нафар ва дар дигар коллеҷҳо 117 нафар донишҷӯён аз ноҳия таҳсил карда истодаанд.
Умуман, бояд гуфт, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ 1017 нафар ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишварро хатм карда, ҳоло дар муассисаҳои тиббии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон, инчунин, дар давлатҳои дигар фаъолият доранд, ки садҳо нафари онҳо фарзандони мардуми ноҳияи Ишкошим мебошанд. Аҳсант ба падару модароне, ки чунин фарзандони боистеъдоду қобилиятнокро ба камол расондаанд!
Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки дар соҳаи маорифи ноҳия як қатор мушкилоти ҳалталаб, аз ҷумла иҷрои пасти Барномаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 (ҳамагӣ 20 фоиз), дар ҳолати таъмирталаб қарор доштани 7 муассиса ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани 11 муассисаи таълимӣ ҷой доранд.
Вазорати маориф ва илм, роҳбарияти вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки барои бартараф намудани мушкилоти зикргардида чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳамватанони азиз!
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам таъкид намоям, ки вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарону масъулон, соҳибкорон, фаъолони ҷомеа, аҳли маориф, зиёиён ва падару модарон дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир нисбат ба ҳар вақти дигар талошу кӯшиш кардан ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як оила мебошад.
Яъне, мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар бештар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ, таъсис диҳем ва барои ҳамдиёрони худ ҷойҳои нави кор муҳайё намоем. Инчунин, мо вазифадорем, ки ба хотири ояндаи орому осудаи ҷомеа фарзандонамонро тарбияи дуруст диҳем, ба онҳо барои азхудкунии илму дониш ва касбу ҳунар шароиту имконият муҳайё кунем.
Мо бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, Ватанамонро сидқан ва мисли ҷони худ дӯст дорем, ҳамеша сарҷамъу муттаҳид ва дастгиру ғамхори якдигар бошем.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти ноҳияи Ишкошим, яъне сокинони яке аз гӯшаҳои бостонии сарзамини тоҷикон, минбаъд низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ба хотири пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми босазо мегузоранд ва дар ояндаи наздик диёри худро боз ҳам обод месозанд.
Ба хурду бузурги ноҳия ва ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд, хушбахтиву хушрӯзӣ, хонаи обод ва барори кор мехоҳам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, хамдиёрони азиз!

Санаи нашр: 14.10.2024 №: 200-201
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив