ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

14 октябр 2024, Душанбе
6
0


СЕ ХУСУСИЯТИ ЗАН
Занҳо дорои хусусиятҳое ҳастанд, ки онҳоро дӯстдоштанӣ мекунанд. Ин ҷо дар мавриди се хусусияти муҳимтарини бонувони гиромӣ сухан мегӯем.

ЗАН – МОДАР
Муҳимтарин хусусияти зан модар будани ӯст. Модар, яъне меҳрубон, ғамхор, дилсӯз, дӯст, ҳамдам...
Дар олами инсонӣ модар меҳвар аст, ки ҳама чиз атрофи ӯ мечархад ва бар ҳама чиз устувор мебошад. Ҳамон тавре ки Офтоб аст ва ҳамаи сайёрагон гирдаш мечарханд ва Хуршед барояшон зиндагӣ мебахшад. Модар асос, устувонаи хонавода буда, қудрати офарандагии Парвардигорро дорад. Дар хонавода ҳама бо ӯ даврон доранд, ҳама чиз бо ӯ побарҷост. Дар аксари хонаводаҳо модар, ки набошад, ҳама парокандаанд. Ё миёни мардуми мо ин масал роиҷ аст, ки “бо аз ҳаёт гузаштани падар кас ятим намешавад, модар, ки набошад, ятим мемонем”.
Модар ба ҳар дарде даво мебахшад. Мо дар оғӯши муъҷизавори ӯ захмҳои худро даво мебахшем. Мо дар паноҳи модар ҷасорат меёбему ба худ эътимод пайдо мекунем.
Модар худфидост. Барои ба воя расондани фарзандон худро фидо мекунад ва дар баҳои он чи мекунад, чизе намехоҳад, ғуборе аз фарзандон ба дил надорад. Ӯ  он таҷассуми садоқат ва саховати илоҳӣ аст, ки ранҷҳои кашида ва, ҳатто, бевафоии фарзандон руҳашро намешиканад ва намегузорад, ки даме аз вазифаи модариаш рӯ гардонад.
Танҳо модар дар ҳар ҳолате ғамхори мост. Танҳо ӯст, ки моро таскин мебахшад ва сахтиҳоро бо мо қисмат мекунад. Ӯ розист, ки гуруснагӣ бикашад ва ҳар чизеро бипӯшад, то мо сер бошему ороста. Модар касест, он чиро, ки мо эҳсос мекунем, эҳсос мекунад. Агар дар мусофират воқеае ба сарамон ояд, ҳатман субҳи дигар модар занг зада, аҳволамонро мепурсад. Дар хобаш меоем.
Оид ба масъалаҳои зиндагӣ ҳатман пеши модар сирри дил мекунем ва ҳатман роҳи раҳоӣ аз мушкилро пайдо менамояд, дар замирамон нури тасалливу оромиш мебахшад. Парончак, ки шудем, дуоҳои модар раҳнамунамон ҳастанд. Дуоҳое, ки модар тариқи он тамоми чизи дунёиро бароямон таманно мекунад.
Модар сангбинои офариниш ва нур дар чашмони мост. Мо аз ӯ ба ҳадде қарздорем, ки ҳеҷ гоҳ наметавонем қарзи худро баргардонем ва масъулияти худро дар наздаш анҷом диҳем.
Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи хуб гуфтаанд: “Модар сафобахшандаи ҳаёт буда, аз ҳама қиматтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли Хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нурпошӣ мекунад”.
ЗАН – ҲАМСАР
Зан ҳамчун ҳамсар дар муваффақияти мард саҳми бузург дорад. Ҳамин гуна гуфторе ҳам ҳаст, ки “дар пушти ҳар марди муваффақ зане ниҳон аст”. Боре дар ҷое хонда будам, ки ба таълифи яке аз асарҳои машҳур ва муваффақи бадеӣ дар таърих як ҷумлаи кӯтоҳ ва хеле самимӣ аз ҷониби зане сабаб шудааст. Зане, ки шавҳарашро сахт дӯст медошт. Нависандаи шаҳири амрикоӣ Натаниел Готорн як бегоҳӣ дар ҳолати хеле парешон, дилшикаставу ноумед ба хона меояд. Дар ҳоле ки аз ғояти шарм ба рӯи ҳамсараш нигариста наметавонист, мегӯяд:    
– Аз кор ронданд!
Ҳамсараш ин хабарро бо хушнудӣ қабул кард.    
– Бисёр хуб, акнун метавонӣ китобатро нависӣ.
– Ин фикри хуб аст, лекин, вақте ман китоб менависам, зиндагиро чӣ гуна пеш мебарем? – пурсид Натаниел ҳайратомез.
Ҳамсараш сандуқро кушода,    як баста пулро мебарорад ва пеши шавҳараш мегузорад.
– Аз барои Худо, бигӯ, ки ин пулҳоро аз куҷо гирифтӣ? – бори дигар ҳайраташ афзуда мепурсад Натаниел.
– Ман ҳамеша ба маҳорати баландат бовар дорам ва медонам, ки рӯзе шоҳасаре навишта, машҳур хоҳӣ шуд, – иброз медорад зан ва илова мекунад: – Аз маоше, ки ҳар моҳ ба ман медодӣ, як миқдорашро нигоҳ медоштам. Ҳоло ин пул барои маишати яксолаамон мерасад.
Ҷумлаи кӯтоҳи «Акнун метавонӣ китобатро нависӣ», ки зан басе самимонаву аз сидқи дил гуфт, василаи тавлиди як шоҳасари адабиёти ҷаҳонӣ – “Ҳарфи арғувонӣ” гардид.
Ҳамчунин, зан нигаҳбони мард аст, махсусан ҳангоми пирӣ. Боз ҳам мардуми мо мегӯянд: шавҳар мурд, зан хор намешавад, вале зан аз дунё рафт, шавҳар азоб мекашад.

ЗАН – ҲАМКОР
Дар натиҷаи ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз занони тоҷик дар ҷомеа мақом доранд ва дар рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд. То Инқилоби Октябр дар ҷомеаи мо занон ягон хел ҳуқуқ надоштанд ва ҳамчун барда фурӯхтаву харида мешуданд. Дар давраи шуравӣ занон озод шуданд ва ба шарофати истиқлоли давлатӣ бонувони мо дар вазифаҳои баланд содиқона фаъолият мекунанд. Имрӯз занонро дар баробари фаъолиятҳои омӯзгориву тиббӣ, дар корҳои роҳбарӣ, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан дар бунёди иншооти аср – Неругоҳи барқи обии “Роғун” мебинем.
Хулоса, дар идора, ҷомеае, ки бонувон бошанд, он ҷо муҳаббат, самимият ва албатта тозагӣ ҳаст.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.10.2024 №: 200-201
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив