ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

14 октябр 2024, Душанбе
2
0


ТОҶИКИСТОН. ДИЁРЕ ЧУ ДОМОНИ ПОКИ МОДАР
Тирамоҳи соли 2017. Ҳамин, ки омодаи сафар шудам, осмон якбора тира гашту анбуҳи абрҳо фазоро гирифт. Аз он ки, барои идомаи таҳсил ба хориҷ аз кишвар – Давлати Кувайт, мерафтам, хурсандиям интиҳо надошт, то замоне ки чархҳои ҳавопаймо аз замин канда шуд. Абрҳо ба ҳам бархӯрда, садои ваҳмангезашон осмонро ба ларза овард. Борон меборид ва, беихтиёр, ашкҳо аз чашмонам мешорид. Анбуҳи фикрҳо дар сарам мечархид...

Ин ҳисси аҷибро аввалин бор буд, ки дар худ эҳсос мекардам. Зоҳиран ором будам, аммо ботинам туғён дошт. Хомӯш будам, аммо хомӯшиям сухан мегуфт. Инро баъдтар, пас аз 6-7 моҳи иқомат ва таҳсил дар хориҷ аз кишвар, дарк кардам, ки он ҳама ҳарф заданҳо, туғёну ғалаёни ботинӣ овои рагу пайвандам буд, ки ба гӯши дилам бо эътироз шиква мекарданд. Ин ҳамон ишқи Меҳан буд, ки бо шири модар дар вуҷудам ҷо гирифтаву ҳавои муҳаббату вафодорӣ нисбат ба ин сарзамин дар рагҳоям шино мекард.  
Давлати Кувайт бо ҳама зебоиву рушди бемайлонаш таваҷҷуҳамро натавонист ба худ ҷалб кунад. Он ҷо ба чизе эҳтиёҷ надоштам. Аммо, ба қавли Камоли Хуҷандӣ, орзуманди диёри хешу ёрони хеш гашта будам. Диёре, ки танҳо табиати нотакрору обҳои мусаффояш ба дунё баробар аст. Диёре, ки қуллаҳои сарафрозаш, сари баланди мардум аст, ки дар оғӯшаш ҷо гирифтаанд. Диёре, ки чу домони поки модар амну ором аст. Пас, чӣ гуна метавон чунин қадамҷоро ба фаромӯшӣ бурд?...       
Замони аввалин бор аз Ватан берун рафтанам, дардҳоеро эҳсос мекардам, ки дар кӯдакӣ борҳо шаҳдашро чашидаам. Ин ҳамон лаҳзаҳое буд, ки модарам ба зиёрати модаркалонам ва ё хешовандон мерафтанд ва маро ҳамроҳ намебурданд. Ҳанӯз ёдам ҳаст, ки чӣ қадар то омаданашон интизорӣ мекашидаму дилтанг мешудам. Ба қавле, сару калобаамро гум мекардам. Акнун ҳам, ба куҷое берун аз Тоҷикистон сафар кунам, ба ёдам ҳамон дурии аз домони биҳиштии модарам меояд, ва зуд пазмонашон мешавам. Пазмони Ватан. Пазмони модар.
Ҳеҷ аз хотирам намеравад, вақте ки пас аз сафарҳои тулонӣ ба Ватан бармегаштам. Баъди он ки, санаи парвоз муайян гашт, ба қавле, аз хурсандӣ дар курта намеғунҷидаму лаҳзаҳоро мешумурдам. Вале, ба хаёлам, вақт меистод...
Бо ҳамин ҳолу ҳаво акнун дохили ҳавопаймо нишастаам. Садои муҳаррики ҳавопаймо маро ба худ овард. Аллакай, синаи абрҳоро рахна карда парвоз дошт. Аз пушти шиша ба берун менигарам, дар торикии шаб ба ҷуз чароғи болҳои ҳавопаймо чизе ба назар наменамояд. Гӯё ғаму озурдагии маро ҳамин торикии шаб дар худ ҳазм карда бошад, ки дигар худро хубтар эҳсос мекардам. Ҳавопаймои мо аз Истанбул ба сӯи Душанбе равона буд. Ҳар қадаре ки ба Тоҷикистон наздик мешудам, дилам ором мегирифт ва хоб ба суроғи чашмонам меомад. Дигар гузашти вақтро намефаҳмидам. 
Каме баъдтар, нурҳои тиллоии Офтоб дар уфуқ намудор гашт ва, ҳамвора, ба чашмам бармехӯрд. Аз зуҳури Офтоб дар чашмонам яқин пайдо кардам, ки ҳавопаймо акнун дар осмони диёрам сайр дорад. Андак пас, эълон намуданд, ки омода бошед, ҳавопаймо менишинад. Агарчи нишастани ҳавопаймо тарсовар буд, вале барои ман роҳатафзо менамуд, зеро ҳоло болои замини Тоҷикистон мерафт. 
Офтоб тулуъ карда буд ва болои қалби кишварам нурпошӣ дошт. Гармӣ медоду ба фазову фарози шаҳр дурахши тоза эҳдо менамуд. Он дам ширинтар аз ҳама бароям он буд, ки модарам барои истиқболу пешвозам пушти дари фурудгоҳ омада, мехост, пас аз сафари яксола, писарашро аввалин шуда ба оғӯш гирад. Баробари оғӯш гирифтани модар, ноаён ашк аз рухсораҳоям мерехт. Вуҷудам орому осуда гашта буд. Шукр гуфтам,  Ватан-Модаре дорем, ки бо вуҷуди тарк карда рафтанҳо, рози моро мешунавад ва ҳини бозгашт, ҳама фарзандонашро модарвор ба оғӯши нарми офтобияш марҳабо мегӯяд. Ин гуна манзараҳоро ман борҳо дидаву шунидаам, ки, ҳатто, шахсиятҳои маъруф, ба қавле, “эркагӣ” кардаву пушт ба Ватан ниҳоданду рафтанд. Аммо гузашти айём исбот кард, ки ба ҷуз Ватан-Модар касе нозбардори онҳо нагашт ва боз ҳамон Ватану ҳамон ҳамватан бо дасти бозу чеҳраҳои кушод онҳоро мепазирояд.    
Ман низ, то ҳамон вақт ки дур аз Ватан нагаштам, надонистам, ки чаро Ватанро модар мегӯянд. Акнун, ин дигар бароям муаммо нест ва мегӯям модар Ватан аст ва Ватан модари ман. Чун ҳамин ҳолу ҳаво, ҳамин обу хок ва ҳамин Ватан буд, ки аз домони модар мустақиман по бар домонаш ниҳодем.

Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.10.2024 №: 200-201
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив