МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВМКБ
14-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуда, суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари навбатии кориро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ бо сокинон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ карданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди созандагиҳоро барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳлил намуда, барои амалисозии ҳадафҳои бунёдкорона, таъмини нақшаҳо ва ислоҳи камбудиҳо ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, масъулони сохторҳои ҷумҳуриявӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва Ватани аҷдодиамон саҳми арзишманд мегузоранд.