ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАРИ МАСЧОҲ 

МОДАРИ МАСЧОҲ 

15 октябр 2024, Сешанбе
10
0


Он кӣ аз синаи кӯҳ оби бақо меёбад,
Он кӣ пайғоми гул аз боди сабо меёбад,
Он кӣ аз барги гиёҳеш даво меёбад,
Он кӣ аз кулбаи санги-ш сафо меёбад,
Бандааш медонад,
Ҳам Худо огоҳ аст,
Модари Масчоҳ аст!

Он кӣ бар ҷони писар руҳи далерӣ бахшид,
Он кӣ бар ҷисми писар қувваи шерӣ бахшид,
Он кӣ бар чашми писар партави серӣ бахшид,
Он кӣ бар хуни писар маснади мирӣ бахшид,
Бандааш медонад,
Ҳам Худо огоҳ аст,
Модари Масчоҳ аст!

Он кӣ аз шаҳди суханҳош дуо мерезад,
Он кӣ аз ҳар қадамаш нури вафо мерезад,
Он кӣ аз набзи дилаш сози наво мерезад,
Он кӣ аз ҳар нафасаш зикри Худо мерезад,
Бандааш медонад,
Ҳам Худо огоҳ аст,
Модари Масчоҳ аст!

Он кӣ шаҳдухтари суғдӣ ба ҷаҳон овардаст,
Он кӣ мардони бузурге ба бағал парвардаст,
Он кӣ то марг ба парвардаи худ ҳамдард аст,
Он кӣ бебоктару мардтар аз ҳар мард аст,
Бандааш медонад,
Ҳам Худо огоҳ аст,
Модари Масчоҳ аст!

Он кӣ овозаю овози худаш пинҳон аст,
Болу парҳош ба парвози худаш пинҳон аст,
Ҳама дар оҳи гуҳарсози худаш пинҳон аст,
Дари сандуқчаи рози худаш пинҳон аст,
Бандааш кай донад,
Чун Худо огоҳ аст,
Модари Масчоҳ аст!

БУНАФШАРЕЗ
(Дубайтиҳо)

Ватан дар гармии лутфу салом аст,
Ватан нармии субҳу боди шом аст.
Маҷӯ з-ожанги бисёри харита,
Ватан ожанги пешонии мом аст.
***
Дар оташдони ғам модар бисӯзад,
Ба роҳи мо чу кӯдак чашм дӯзад.
Ба оташ гар нашуд, бо оташи чашм
Чароғи хонаи моро фурӯзад.
***
Гули рухсори хоҳарро марезон,
Ҳаёмарҷони духтарро марезон.
Бимон резад зи дастат лаълу гавҳар,
Бародар, ашки модарро марезон.
***
Зи дилҳо кинаро модар бирӯбад,
Ғами деринаро модар бирӯбад.
На танҳо гарду чанги хонаи мо,
Ғубори синаро модар бирӯбад,
***
Саҳар бо нури ховар буданаш беҳ,
Падар дар пеши модар буданаш беҳ.
Сари танҳои бесавдо чӣ даркор?
Сару савдои ҳамсар буданаш беҳ.
***
Саҳар оташ ба оташдон фурӯзад,
Сафо орад, сиёҳиро бисӯзад.
Ба чашми кам мабинӣ сӯзанашро,
Ба сӯзан чоки ғамҳоро бидӯзад.
***
Нигаҳ кун, модарат ошуфта доим,
Аламҳои дилаш ногуфта доим.
Ту сандуқи ғамашро кай кушодӣ?
Ҷиҳози дарду ғам бинҳуфта доим.
***
Ҳама нур аз сафои модарам буд,
Ҳама сур аз садои модарам буд.
Агар дар шеър гуфтам ҳарфи тоза,
Зи матни аллаҳои модарам буд.
***
Ба сӯи осмонҳо пар задам ман,
Ба даргоҳи Худо ҳам сар задам ман.
Дар охир бо ҳама фарру шукӯҳам
Расидам, то дари модар задам ман.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.10.2024 №: 202
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив