ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ  МАВҚЕИ ОШТИНОПАЗИР ДОРАД

ТОҶИКИСТОН. ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ  МАВҚЕИ ОШТИНОПАЗИР ДОРАД

17 октябр 2024, Панҷшанбе
9
0


Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишваре, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кардаву борҳо шоҳиди таҳдиду хатарҳои ифротгароиву терроризм шудааст, аз ҷумлаи давлатҳои пешсаф дар самти мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок, ки дар ҷаҳони муосир боиси нигаронии ҷиддӣ аст, дониста мешавад. Яъне, таҷрибаи кишвари мо дар ин самт, бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи муваффақи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб эътироф шудааст.
Дар доираи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ҳанӯз соли 2016 бо ташаббуси Президенти кишвар Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 қабул гардид. Ин санад ҳамчун яке аз асосҳои муҳими сиёсати амнияти миллӣ шинохта шуда, ҳадафи он таъмини ҳимояи ҷомеа аз хатари ифротгароӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва густариши ҳамкории давлат бо ҷомеа мебошад. Зимнан, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошуравӣ аз ҷумлаи аввалин кишварҳое буд, ки дар сатҳи давлатӣ барои мубориза бо ифротгароиву терроризм Стратегияи вижа қабул карда, онро босамар амалӣ намуд. 
Ба назар гирифтани унсурҳои идеологӣ ва таъмини амнияти идеологӣ дар Стратегия аз муҳимтарин паҳлуҳои барномаи давлатӣ дар ин самт маҳсуб мешавад. Ин санад ба таври муфассал роҳҳои ҷилавгирӣ аз афзоиши гурӯҳҳои ифротӣ, коҳиш додани сатҳи таъсири идеологияҳои ифротгаро ва, ба ин васила, таҳкими ҳамгироӣ ва ҳамкориро байни мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян кардааст.
Баъд аз татбиқи босамари Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 дар кишвари мо Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 қабул гардид ва айни ҳол бомаром татбиқ гардида истодааст. Яке аз санадҳои дигаре, ки барои муътадил нигоҳ доштани фазои амниятию иттилоотии кишвар муосидат менамояд, Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин мебошад. Маълум аст, ки мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон ба таври муваффақ танҳо дар шароити ҳамгироӣ бо сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин имконпазир аст. Дар ин самт, Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин яке аз санадҳои асосӣ мебошад. Дар Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба озодии виҷдон ва дин ба таври ҷиддӣ танзим карда мешаванд ва Консепсия дар доираи он ба таъмини суботи динӣ ва ҳамзистии осоишта байни пайравони динҳои мухталиф мусоидат мекунад.
Ин Консепсия сиёсати давлатро дар самти ҳамоҳангии фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо, муайян мекунад, ки дар натиҷа давлат метавонад бевосита дар пешгирии зуҳуроти радикализми динӣ саҳм гузорад. Масҷидҳо ва дигар иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳии динӣ ва пешгирии таъсироти манфӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ нақши муҳимеро мебозанд. 
Дар ин замина, ба роҳ мондани корҳои маърифатӣ дар масҷидҳо ва дигар иттиҳодияҳои динӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин мебошад. Маҳз бо ин роҳ метавон аз таъсири идеологияҳои харобкор пешгирӣ кард ва ҷавононро ба арзиш ва таълимоти аслии динӣ, ки бар пояи арзишҳои сулҳ ва таҳаммулпазирӣ қарор дорад, ҷалб намуд.
Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ба дастовардҳои зиёде ноил гардидааст. Яке аз дастовардҳои муҳими ин самт қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, махсусан экстремизму терроризм, мебошад. Ин санадҳо имкон доданд, ки системаи қавии пешгирии ифротгароӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шавад. Ба гуфтаи коршиносон, дар солҳои охир фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро дар кишвар коҳиш ёфтааст ва ҳамкории мақомоти амниятӣ бо ҷомеа ва иттиҳодияҳои динӣ таҳким ёфтааст. Тоҷикистон тавонист дар минтақа намунаи як кишваре бошад, ки бо роҳи сиёсати босалоҳият ва ҳамгироии қонунӣ ва маънавӣ бо ифротгароӣ ва терроризм муқовимати муваффақ дошта бошад.
Таҷрибаи Тоҷикистон дар самти пешгирии ифротгароӣ ва терроризм ҳамчун як намунаи муваффақи ҳамгироии сиёсати давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ шинохта мешавад. Бо қабули Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 ва Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, инчунин, ҳамкории фаъол бо иттиҳодияҳои динӣ, кишвар тавонист дар бартараф кардани хатари ифротгароӣ ва терроризм қадамҳои ҷиддӣ бардорад. Иқдомҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ҳамчун роҳнамои сиёсати амнияти миллӣ нақши бузурге доранд, ки натиҷаҳои мусбати онро ҷомеаи Тоҷикистон дар солҳои охир шоҳид мебошад.

Диловар САФАРЗОДА,
сардори раёсати таҳлил ва 
ташхиси диншиносии Кумитаи дин, 
танзими анъана ва ҷашну маросим

Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив