ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни Меҳргон, шаҳри Душанбе, 20-уми октябри соли 2024
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Меҳргон, ки яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ва мероси гаронбаҳои маънавии ниёгонамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Меҳргон дар таърихи мардуми фарҳангпарвари мо пас аз Наврӯзи оламафрӯз бузургтарин ҷашнест, ки омилу заминаҳои муҳими табиӣ, иҷтимову иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ онро то ба замони мо расонидаанд. Меҳргон мисли Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ ва инъикоскунандаи заҳмати марди деҳқону дастархони мардум мебошад.
Таъриху фарҳанг ва тамаддуни қадимии тоҷикон собит месозад, ки ҳаёти инсоният бо олами атроф – табиату коинот робитаи ногусастанӣ дошта, ниёгони мо аз қадимулайём барои арҷгузорӣ намудан ба неъматҳои табиат маросиму ҷашнҳои гуногун баргузор мекардаанд.
Маҳз дар муҳити ориёитаборон ба вуҷуд омадани Садаву Наврӯз ва Тиргону Меҳргон бо расму ойинҳои рангорангу қадимаи онҳо, ки ба як ҷузъи ҷудоинопазири ҳувияти миллии тоҷикон табдил ёфтаанд, далели возеҳи ин гуфтаҳост. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо дар фаслҳои гуногуни сол таҷлил гардида, хусусиятҳои табиии онҳоро ифода менамоянд.
Меҳргон ифодагари фасли зарини тирамоҳ буда, ниёгонамон онро ҳамчун шукргузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд.
Бунёдгузории Ҷашни Меҳргонро ба шоҳи пешдодӣ – Фаридун нисбат медиҳанд.
Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ рӯзи аввали ба тахт нишастани Фаридунро баробар ба рӯзи Меҳргон тасвир намуда, ойини мазкурро ёдгорӣ аз ӯ барои ояндагон медонад.
Ва ин ёдгории Фаридун, ки моҳияти асосии онро ба монанди ғояҳои ахлоқии ҷашнҳои Наврӯзу Садаву Тиргон пирӯзии адолат бар ҷаҳолат, нур бар зулмот, ободкорӣ бар вайронгарӣ, некӣ бар бадиву зиштӣ ташкил медиҳанд, то замони мо омада расидааст.
Бо ифтихор иброз медорам, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ мо имкони эҳё кардани ҷашнҳои бостониамон – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро пайдо кардем, ба онҳо чун ҷузъи арзишҳои миллии хеш умри дубора бахшидем, расман ба қонунгузории кишвар ворид сохтем ва имрӯз дар саросари Тоҷикистони азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоем.
Меҳргон, пеш аз ҳама, ҷашни деҳқонон буда, айёми ҷамъ овардани ҳосили кишоварзиву боғдорӣ, рамзи баракату фаровонӣ ва файзи дастархони мардум ба ҳисоб меравад. Деҳқонони асил дар фасли зебои тирамоҳ ҳосили бо заҳмат рӯёнидаашонро ҷамъоварӣ ва барои фасли зимистон захира мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи хеле муҳим аст.
Ман солҳои зиёд инҷониб дар бораи захира кардани маводи ғизоӣ дар ҳар як оила барои на камтар аз ду сол таъкид менамоям.
Ин масъала бо дарназардошти торафт ноорому бесубот гардидани авзои сайёра, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо солҳои охир боз ҳам муҳиму мубрам шуда истодааст.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба ин масъала бисёр ҷиддӣ муносибат кунем, доим дар фикри аҳли оила ва фарзандони худ бошем, дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ, хусусан, дар истифодаи неруи барқ сарфаю сариштакор бошем, ба исрофкорӣ роҳ надиҳем ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро ҳатман риоя намоем.
Дар баробари кишоварзони мамлакат ҳар як оилае, ки дар ихтиёри худ замини наздиҳавлигӣ дорад, бояд бо истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намояд, то ҳам хонаводаи худро таъмин созад ва ҳам дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳм гузорад.
Дар робита ба ин, кишоварзони мамлакатро зарур аст, ки якҷо бо олимону мутахассисони соҳа бо роҳи баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, зиёд намудани майдони боғҳо, истифодаи самараноки обу замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, таъмин кардани рушди тухмипарварӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, дар муҳлатҳои муайяншуда гузарондани кишти тирамоҳӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва рӯёндани ду-се ҳосил амнияти озуқавории кишварро тақвият бахшанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки анъанаи ба намоиш ва фурӯш гузоштани навъҳои беҳтарини маҳсулоти кишоварзӣ ва чорво идома дода шавад.
Бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Ҷашни пурфайзи Меҳргон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар дастархони пурнозу неъмат, файзу баракат, рӯзгори осуда, зиндагии шоиста ва бахту саодат орзу менамоям.
Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!