ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАРҲИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАРҲИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН

21 октябр 2024, Душанбе
1
0


(Дар ҳошияи суханронии Сарвари давлат дар мубоҳисаҳои  79-уми умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид)
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба қабули «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид, ки чанде қабл аз минбари ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ садо дод, воқеан паёмест зиндагисоз ва фардоофарин. Паёмест, ки башариятро ба андешидан дар бораи тақдиру сарнавишти хеш мехонад, зеро тантанаи сулҳ дар ҷаҳони имрӯз кафолати таъмини фардои башарият ва наслҳои оянда ба шумор меравад. Даъвати Пешвои миллат барҳақ ҳушдорест ба тамоми онҳое, ки имрӯз бо истифода аз қудратхоҳӣ ва нишон додани силоҳ мехоҳанд сайёраро ноором кунанд.
Мусаллам аст, ки ҷаҳони муосирро дар шароити кунунии ташаннуҷи вазъияти сиёсӣ ва геополитикӣ таҳдиду хатарҳои зиёде фаро мегиранд. Аз як сӯ, мураккаб гардидани воқеот миёни Русия ва Украина, бархӯрдҳои Исроил бо Фаластин ва кишварҳои дигари ҷаҳони ислом, вусъат ёфтани ҷуғрофиёи экстремизм ва терроризм фаро гирифтааст. Бо таассуф, ин таҳдидҳо аксаран аз ҷониби сарварони кишварҳои олам ва қудратҳои ҷаҳонӣ бештари вақт нодида гирифта мешаванд ва нуфузи рӯзафзуни онҳо хатар ба ҷони инсоният, ба тақдири наслҳои ояндаро зиёд мегардонад. Бо назардошти чунин шароити ҳассос ва, ҳатто, тақдирсӯз барои башарият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки “тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад”. Воқеан, Сарвари давлати мо аввалин нафаре гардиданд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз чунин таҳдиду хатарҳо барои инсоният ва андешаи сарнавишти наслҳои оянд ин пешниҳоди зиндагисоз ва паёми сулҳофаринро манзур карданд. Равшан аст, ки пайомади ҳамаи ин ҷангҳо қатлу куштор ва адами инсоният аст, ҳосили набардҳо бехонаву дар мондан, муҳоҷиршавии сокинони кишварҳои мухталиф, рӯ ба рӯ гардидан ба хатарҳои зиёд аст, ки онҳоро метавон хатарҳои глобалии сайёра унвон намуд. 
Ин ташаббус дар навбати аввал, ба ҳамаи онҳое, ки фардои инсониятро андеша намекунанд, ба ҳукми ҳушдорест, ки бояд силоҳҳоро бар замин бигузоранд ва даст ба дасти ҳамдигар бидиҳанд. Чун сайёраи замин хонаи умеди тамоми сокинони он аст ва бояд тамоми башарият ба тақдири он биандешад. Пешвои миллати мо дар ин суханронии фардоафрӯзи хеш ба таври махсус таъкид доштанд: “Мо – роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем.
Вақти он расидааст, ки мо аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем”.
Мардуми тоҷик ба хубӣ огаҳӣ доранд, ки барои расидан ба сулҳу субот дар кишвар Пешвои миллат чи миқдор барномарезиҳои муфид ва судмандро анҷом дода, дар фосилаи бештар аз панҷ сол муваффақ шуданд, ки тарҳи муфид ё модели сулҳи тоҷик мавриди амал қарор бигирад. Ин барномаи бузург дар фурсати кӯтоҳ ҳамчун намунаи барҷастаи фарҳанги сулҳофаринӣ дар саросари олам эътироф гардид ва, ҳатто, Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Кофе Аннан онро намунаи нодири ҳаллу фасли муноқишаҳо дар кишварҳои шомили ҷанг номид. Ба таъбири дигар, ӯ таъкид дошт, ки кишварҳои ҷангзадаи олам метавонанд аз барномаи сулҳи эҷоднамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода намоянд. 
Чунин таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ ба Пешвои миллати мо имкон дод, ки пайваста дар маҷлисҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ масъалаҳои умумиинсониро ба миён гузошта, Тоҷикистонро ба унвони мизбони чандин чорабиниҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ ва дар баробари ин тақдирсоз муаррифӣ намоянд. Ба унвони Роҳбари давлати Тоҷикистон нахустин Конфронси байналмилалии марбут ба муқовимат бо экстремизм ва терроризмро доир намуданд, ки дар соли 2018 ҷараён гирифта, наздики 500 нафар коршиноси сатҳи ҷаҳониро дар Душанбе ҷамъ овард. Дар ин суханронии муҳим ва созандаи хеш низ аз минбари СММ бори дигар таъкид доштанд: “Тоҷикистон ба сифати кишвари мизбони “Раванди Душанбе оид ба мубориза бар зидди терроризм” аз дарҷ гардидани ин мавзуъ дар паймон дар баробари дигар мавзуъҳои калидӣ истиқбол менамояд. Мо бояд ҳамкории байналмилалӣ, табодули иттилоот ва таҳкими иқтидорро барои пешгирӣ аз зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои глобалӣ густариш диҳем”.
Барои марҳала ба марҳала расидан ба масъалаи таъмини сулҳ ба хотири наслҳои оянда чандин маротиба чунин суханрониҳои тақдирсоз ва башардӯстона чи дар Тоҷикистон ва чи дар минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ садо доданд ва ин ташаббус бори дигар собит намуд, ки Пешвои миллати мо имрӯз ягона сарваре ҳастанд, ки ба тақдир ва сарнавишти тамоми мардуми сайёра, хоса наслҳои ояндаи инсонӣ андеша мекунанд. Сарнавишти фардои на танҳо миллати худ, балки тамоми башарият Пешвои миллати моро ба ташвиш овардааст. Ҷаҳони муосир низ дар ин ҷода аз талошу кӯшишҳои Президенти Тоҷикистон дар ҷодаи таҳкими сулҳ истиқбол намуд, ки дар натиҷа ба чанд ҷоизаи байналмилалӣ барои сулофаринӣ мушарраф шуданд. 15-уми октябри соли 1999 ба Ҷоизаи байналмилалии "Сулҳ-99" ва 25-уми июни соли 2005 Медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни мардумон”, ситораи ёқути сурх “Миротворетс” (Сулҳовар)-и Иттиҳодияи ҷаҳонии хайрияи “Миротворетс” (Сулҳовар) тақдир шуданд, ки дар баробари сарчашмаи ифтихори мардуми тоҷик будан, мақоми ҷаҳонии эътирофи фарҳанги сулҳофаринии Пешвои миллатро бозгӯӣ мекунанд.

Аюб УСМОНЗОДА,
ректори МДТ "Донишгоҳи давлатии 
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров",
 доктори илмҳои таърих, профессор

Санаи нашр: 21.10.2024 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив