ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАРЕҒИ МОДАР

ДАРЕҒИ МОДАР

21 октябр 2024, Душанбе
7
0


(қисса)
Як бари  қарси сапедашро  ба дандон газид, то ашки дар  рухаш пайдошуда, дар лабонаш гул накунад ва назди ҳамсоягон ҳасрати пушаймонияш ифшо нагардад. 

Ларзону беҳол ба по меистод. Дигар тавонаш намонду болои санги дарвоза нишаст. Аз Худо мехост, ки гӯшҳояш кар шаваду дигар нашнавад, чашмонаш кӯр шаваду дигар набинад. Чилланишин шуд, на аз барои ҳифзи сураву ояти Қуръон, на аз барои табобати дарди ҷонкоҳ; ҳатто он замон ки, ӯрову бародаронашро ба дунё овард, чилла нашишт; шири сина доду гаҳвора басту алафдаравӣ рафт; барои молу коло тараддуд дошт, то луқмаи ҳалол хӯронад ба писаронаш.Чилла чи буд намедонист, аз саҳар то шом ранҷ мекашид, то ба ҳамсараш мадад кунад, то писаронашро ба по рост кунанд. Чилла нишаст, то гапи мардумро нашнавад; нигоҳи кинаю нафрини одамонро набинад. Чилла нишасту зор-зор гиря кард, аз Холиқаш талабид, ки ҷонашро бигирад, то дигар ба оламу одам нанигарад, зеро хиҷолат мекашид аз оламу аз одам. Дар таърихи аҷдодаш чунин беномусиро надида буд. Деҳааш дар хотир надорад чунин нангро!  Ҳатто, кампири Барака, ки аз шарму ҳаё мурда рафт, шояд рӯзу ҳоли ӯро надошт. Духтари ӯ сабукпоӣ кард; кампири Барака ба ҳамин иснод дигар байни издиҳом надаромад, духтарашро оқ кард; гӯшанишин шуд.
Ӯ чӣ кор кунад? Киро оқ кунад? Писарашро? Магар мурдаро оқ мекунанд? Ҳатто, қабрашро намедонад, ки куҷост, то сари он раваду ҳасрати дил намояд: "Магар бо ҳамин ният туро калон кардам?  Мо ҳама деҳқон будему аз он ризқу рӯзӣ меёфтем. Чаро касби додоятро идома надодӣ? Чаро  заминҳои аз ташнагӣ шӯразадаи меросии  бобоятро кишт накардӣ? Чаро аз пайи ҳавову ҳавас шудӣ? Охир дар буду пайванди ман  безоте ба мисли ту набуд, ки ҳамаро шармсор кунад. Ту чӣ кор кардӣ? Маслиҳатгарат кӣ буд?  Чаро ҳифзу ҳимояи ману фарзандонатро накардӣ?  Магар миллати дигар, бегонагони фарсахҳо аз зодгоҳат дур ба ту чӣ иртиботе доштанд, ки пинҳон аз ману аз бародаронат фирор кардӣ ба сангари онҳо? Дар сангари паси рӯд киро ҳимоя кардӣ? Мисли бобоят Ватанро аз хатари фашист? Ё ба сони додоят сохтори қонуниро дар шабу рӯзи вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ? Бигӯ, ба мани содаву гӯл, киҳоянд онҳо? Чӣ нафъе мерасид аз онҳо ба мо? Хоҷагонат кистанд, то бо дастони худ буғӣ кунам онҳоро?! 
Дифои мазҳаб гуфтӣ, барои дину ойин рафтӣ, барои ҷиҳод?!! Вовайло! Магар мазҳаби мо хиёнат ба Модару Ватанро талқин мекунад? Магар он мазҳабе, ки ту пайи дифояш шудӣ, манзалати модарро хору зор менамояд? Ҳадиси Паёмбарро (с), ки гуфта: "Биҳишт зери қудуми модарон аст"-ро хоҷагони ту нашниданд? Оҳ, войи ман, ки туро парваридам, шират додам; имрӯз, ҳатто,  наметавонам гӯям, ки ҳаромат бодо! Зеро мазҳаби бобоиям маро тарбия накардааст, ки заҳматамро миннат кунам. Маро тарбия додааст, ки нигарони нони дасти касе набошам; аз меҳнати ҳалоли хеш то ҷон дар бадан аст, луқма хӯрам. Оҳ, писарам, намешавад, рӯи номат хатти бутлон кашам, зеро мардум имрӯзу фардо мегӯянд, ки ту фарзанди манӣ, туро ман бузург кардаам. Намешавад, ки туро аз пайвандам бибурам, зеро ту шохае ҳастӣ, ки аз танаи дарахти умри зоеърафтаам сабзидаӣ, аз решаи ҷонам рӯидаӣ. Кош, туро намезодам! Хиёнаткореро ба дунё овардаму дар ҳасратам; Худо набахшадат! Ин чӣ рӯзе буд, ки овардӣ ба сарам? Ман чиҳо мегӯям, Худоё! Вақти талвосаи ҷон кӣ буд дар сарат? Вақте чашмат ба ҳайрат рафт, чиҳо гузашт аз назарат? Шояд марзи сабзи Ватан?! Шояд чеҳраҳои гарми хешону пайвандон?! Ин марзу бум ва ин мардуми озодагон асло намебахшанд ману туро! Пас аз марг ҳам, то рӯзи қиёмат, ки посух ёбам ба ин суолҳо ҷасадам рост меистад дар қабрам, бидон инро.

Муҷибахон ҶАВҲАРӢ, узви Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон

Санаи нашр: 21.10.2024 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив