ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТ ДАР ХОНА

СУҲБАТ ДАР ХОНА

22 октябр 2024, Сешанбе
2
0


Бегоҳирӯзӣ. Дари хонаи Меҳрихоларо касе тақ-тақ зад. Меҳрихола ба духтараш нигоҳ карда:
– Савринисо, бин, касе дарро зада истодааст, – гуфт.
– Ҳозир модарҷон, – гуфту Савринисо ба тарафи дари берун шитофт.
Дар назди дар агитатор Аҳмад Исмоилов меистод. Дар дасти вай газетаю журналҳои бисёр буданд.
– Марҳамат, дароед, – таклиф кард Савринисо.
Исмоилов ба хона даромад. Вай ба ҳама салом доду нишаст ва ба сардори оила рӯ оварда, хандида гуфт:
– Муҳаммадҷонака, имрӯз аҳли оила ҷамъ-ку.
– Ҳа, писарам, вақти ношто-дия. Инро гуфта, вай ба Исмоилов чой дароз кард. Агитатор пиёларо аз дасти соҳиби хона гирифта истода, гуфт:
– Ман қарор додам, ки дар хонаҳои ба худам вобаста кардашуда як-як суҳбат гузаронам. Ин тадбир ба назарам қулай тофт, зеро дар ин сурат ҳеҷ кас аз суҳбат дар канор намемонад, ҳамин тавр ҳам шуд. Имрӯз бошад, навбат ба хонаи шумо омад. Агар хоҳиш бошад, ҳамин корро мегузаронем... 
– Бисёр хуб, писарам, наход, ки мо барон шунидани суҳбат хоҳишу вақт надошта бошем, айни муддаост. – Myҳаммадҷонака инро гуфту ба ҳамаи аҳли оила муроҷиат кард, ки хурду калон аз ҷой нахезанд ва суҳбати агитаторро шунаванд...
Агитатори участкаи интихоботии ба номи Ленин, рақами 70/35, райони Ҳисор рафиқ Исмоилов ҳар рӯз дар байни интихобкунандагон доир ба системаи интихоботии советӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои гражданинҳо, тартиби овоздиҳӣ, тарҷимаи ҳоли депутатҳо ва бисёр дигар масъалаҳо суҳбатҳои шавқовар мегузаронад.


 “Тоҷикистони советӣ”, 
1 апрели соли 1962, №78 (10.947)  



ШУДГОРИ ХУШСИФАТ – ГАРАВИ ҲОСИЛИ ФАРОВОН
Коргарони шуъбаи дуюми совхози ба номи Куйбишев соли 1957 аз ҳар гектари майдони 850 гектар 29-сентнерӣ «тиллои сафед» ҷамъоварӣ карда, плани давлатиро барзиёд иҷро намуданд. 
Онҳо аз ин муваффақиятҳои худ руҳбаланд гардида, дар ин рӯзҳо барои он мубориза бурда истодаанд, ки корҳои зимистониро муваффақиятнок анҷом дода, ба ҳосили фаровон таҳкурсии мустаҳкам гузоранд. Дар ин кор механизаторон фаъолияти калон нишон дода истодаанд. Тракторчиён рафиқон О. Саидов, А. Мирзоев ва Т. Ефимов аллакай 450 гектар заминро хушсифат шудгор карданд. Кор махсусан дар бригадаҳои трактории рафиқон М. Сайфиддинов ва М. Николаев нағз  ташкил карда шудааст.
Механизаторони ин бригадаҳо супоришҳои рӯзонаро доимо 150-200 дарсад иҷро мекунанд.

А. ФАЙЗУЛЛОЕВ.
“Тоҷикистони советӣ”, 12 январи 1958, №9 (8594), омодасоз З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.10.2024 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив