ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

22 октябр 2024, Сешанбе
2
0


Тими наврасони Тоҷикистон ба Сингапур рафт...
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Малайзия 21-уми октябр барои ширкат дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 ба Сингапур сафар кард.
Футболбозони навраси тоҷик зери раҳбарии мутахассиси итолиёӣ Марко Раҷини, дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «J» бо тимҳои Гуам (23-юми октябр), Сингапур (25-уми октябр) ва Уммон (27-уми октябр) маҳорат месанҷанд.
Бар асоси натиҷагирии марҳалаи интихобӣ даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоӣ роҳ меёбанд, ки аз 3-юм то 20-уми апрели соли оянда дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби наврасон дар доираи омодагӣ ба марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Малайзия ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Бозии аввал бо пирӯзии мо (2:1) анҷом ёфт, бозии дуюм мусовӣ (1:1) шуд. 
... дастаи бонувон ба Арабистони Саудӣ
Мунтахаби бонувони ҷавони Тоҷикистон (U-20) ҷиҳати омодагӣ ба даври аввали марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 ба Ҷидда сафар карда, бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозиҳо рӯзҳои 25-ум ва 29-уми октябр баргузор мешаванд.
Даври аввали марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 20-сола аз 8-ум то 16-уми марти соли оянда доир хоҳад шуд. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дертар муайян мегарданд.


ҶУДО
Мизбонҳои Чемпионати ҷаҳон дар солҳои 2026 ва 2027 
Дар байни рӯйдодҳои асосии варзишӣ, ки дар чор соли оянда ба нақша гирифта шудаанд, чемпионатҳои ҷаҳон чорабинии барҷастаи ҷомеаи ҷудо ва Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) мебошанд.
Дар ҳоле ки Будапешти Маҷористон мизбони Чемпионати ҷаҳонии соли 2025 аст, IJF хабар додааст, ки чемпионатҳои ҷаҳони соли 2026 дар Озарбойҷон ва соли 2027 дар Қазоқистон баргузор мешаванд. 
Қаблан Озарбойҷон соли 2018, Қазоқистон соли 2015 мизбони ин чорабинӣ буданд.


ГӮШТӢ
Мустафо Ахмедов – ягона намояндаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон
21-уми октябр дар шаҳри Тирана (Албания) Чемпионати ҷаҳонии гӯштии озод ва юнонӣ-римӣ миёни ҷавонони то 23-сола оғоз гардид, ки то 27-уми октябр идома меёбад.
Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштӣ, дар чемпионат 661 варзишгар ширкат дорад ва дар 30 вазн (10 вазн – гӯштии озод, 10 вазн – гӯштии бонувон, 10 вазн – гӯштии юнонӣ-римӣ) барои ба даст овардани ҷоизаҳо талош мекунад.
Ҷумҳурии моро дар ин чорабинӣ Мустафо Ахмедов намояндагӣ мекунад. Ӯ дар гӯштии тарзи озод, вазни -70 кг гӯштӣ мегирад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 22.10.2024 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив