ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕҲРУБОНИРО АЗ МОДАР БОЯД ОМӮХТ

МЕҲРУБОНИРО АЗ МОДАР БОЯД ОМӮХТ

23 октябр 2024, Чоршанбе
9
0


Мо ҳамеша аз духтарон мешунавем, ки модаронашонро беҳад дӯст медоранд, аммо аз писарон чунин суханонро камтар мешунавем. Ин шояд аз он сабаб бошад, ки писарон дар бораи эҳсосоти худ камтар ҳарф мезананд ва ё эҳсосоти худро наметавонанд мисли духтарон озодона иброз кунанд. 

Бо вуҷуди ин, рӯзе ба ман муяссар шуд, ки суханони пур аз меҳру ифтихори писареро нисбат ба модараш шунавам. Суханҳояш хеле таъсиргузор буданд, зеро аз хислатҳои ҳамидаи модараш  бо эҳсосот ҳарф мезад: 
– Падарам шахси ҳарбист ва маро дар руҳияи  қавииродагӣ ва далериву шуҷоатмандӣ тарбия мекунад. Аммо модарам, ки табиатан зани ҳалиму мушфиқ аст, ба ман мудом мегӯяд, ки мард дар ҳаёт на танҳо шахси мубориз, балки бояд меҳрубону ғамхор низ бошад. Ман ҳалимиву меҳрубониро аз модарам омӯхтаам. Агар имрӯз касе аз ман некӣ дида бошад, пас, ин ба шарофати модарам аст. 
Бале, ҳақ ба ҷониби ӯст. Падарон моро дарси мардонагӣ меомӯзанд ва пайваста талқин менамоянд, ки мард дар зиндагӣ бояд зӯру тавоно бошад, то дар ҳолати зарурӣ тавонад аз нохалафе наздикону пайвандони худро ҳимоят кунад. Аммо модарон дигаранд. Онҳо дар дили фарзандон дӯстдориву рафоқат ва меҳрубониву ғамхориро ҷо мекунанд. Некиро болотар аз ҳама чиз медонанд, зеро танҳо бо некӣ метавон тамоми садҳоро рахна кард ва, ҳатто, дили душманони хешро ба даст овард.
Бале, модарон аз зулму истибдод ва мардумозорӣ дуранд; пайваста сухан аз сулҳу салоҳ ва осмони софи болои сар гӯянд.  Дуогӯи онанд, ки фарзандашон ҳаргиз хориро набинад, Офаридгор ба ҷигарбандашон ҳаёти орому осуда ва пур аз хайру баракатро ато намояд. Модарон саршор аз раҳму шафқат, меҳру муҳаббат ва дилсӯзиву ғамхорианд. Ин аст, ки модарон барои ҷаҳониён гиромиву азизанд ва бузургони олам ҳама дар хидмати онҳоянд ва, бешубҳа, то абад чунин хоҳад буд!

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.10.2024 №: 209
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив