ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҒАМХОРАНД МОДАРОН

ҒАМХОРАНД МОДАРОН

23 октябр 2024, Чоршанбе
8
0


Чун модарон бузурганду Худованд маҳз ба воситаи онҳо ба инсон зиндагӣ бахшид, хостам дар васфи ин нурбахши зиндагӣ ва саодати рӯзгор – модар, сухане гуфта бошам, ҳарчанд дар тавсифи ӯ қалами ман кӯтаҳ хоҳад буд. Зеро ӯст, ки тамоми ҳастияшро барои фарзанд бахшид, тамоми бори гарони ҳаётро бар дӯши худ кашид ва аз баҳри фараҳу шодии худ гузашт то барои фарзандаш зиндагии лоиқу арзандаро фароҳам созад. Қудрати модарро шоираи маҳбуб Фарзона чи хуб тасвир кардааст:

Модарам бардошт сақфи 
осмонро рӯи даст,
Пирии ӯ нозанинтар аз 
ҷавонии ман аст.

Боре дар кӯча бо рафиқам суҳбат доштам. Ҳамин вақт телефони мобилиям занг зад.  Телефонро аз ҷайбам гирифтам ва дидам, ки модарам занг зада истодааст. Онро хомӯш карда, дубора суҳбатамро идома додам. Баъди чанде, боз садои занги телефон баланд шуд. Дидам, ки ҳамоно модарам аст, боз ҳам хомӯшаш кардам.  
Ин бор дӯстам аз ман пурсид: 
– Кӣ занг мезанад, ки ҷавобаш намедиҳӣ. 
Беихтиёр ҷавоб додам:
– Модарам. 
Гуфт: 
– Дарҳол занг бизану аз аҳволаш бипурс, зеро ин кӯтаҳие, ки ту карда истодаӣ ман чанд сол қабл кардаву аз оқибаташ пушаймонам.  
Инро гуфту хомӯш шуд. Хоҳишаш кардам, ки суханашро идома диҳад. Пас аз лаҳзае гуфт: 
– Чанд сол пеш бо ҷумлаи дӯстон суҳбат доштам. Модарам пай дар пай занг мезад, аммо ҷавобаш намедодам.  Суҳбати мо бегоҳ поён ёфт ва чун ба хона рафтам, садои гиряи бародари калониамро шунидам. Ба хона даромада, фаҳмидам, ки модарам бар асари сактаи дил даргузаштааст.  Аз он рӯз солҳо мегузаранд, аз ин рафтори ноҷоям то ҳол азият мекашам. Кош, ҳамон вақт ба занги телефон ҷавоб медодам. Оҳ, модар...
Баъди шунидани ин суханҳо дарҳол ба модарам занг зада, аз аҳволаш пурсон шудам.  Ҳангоми хайрухуш дуои тансиҳативу сари сабзам кард...  
Бале, барои модар азизе бартар аз фарзанд нест. Тамоми ҳастияшро ба ӯ мебахшад. Аз хушбахтии ҷигаргӯшааш гул-гул мешукуфаду аз ранҷаш ғӯтаи дарёи ғаму андуҳ мегардад. Пас, мо фарзандонро мебояд ба қадри модарони худ, ки хушбахтии хешро дар хушбахтии фарзанд мебинанд, бирасем. Пайваста хидматашонро ба ҷо орем, азизу гиромиашон дорем, то дуои некашон тули ҳаётамон дастгиру мададгори мо бошад. 

Беҳрӯз РАҲИМЗОДА, донишҷӯи курси якуми ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Санаи нашр: 23.10.2024 №: 209
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив