ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ...

АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ...

05 апрел 2023, Чоршанбе
59
0

Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба Рӯзи байналмилалии китоби бачагона Фестивали ҷумҳуриявии ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» оғоз гардид. Он то 9-уми апрели соли равон идома ёфта, тамоми минтақаҳои кишварро фаро мегирад. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳангиву иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва, ба ин васила, дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад. 
Пеш аз оғози Фестивал дар саҳни китобхона, намоиши китоб таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» доир гардид, ки дар он садҳо номгӯи асарҳои бачагона аз адабиёти тоҷик ва ҷаҳон ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин, дар ин макон намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр доир гардид. Хонандагон аз ашъори шоирон оид ба мутолиаи китоб ва дӯст доштани ин шуғл шеър қироат намуданд. Дар ин ҳамоиш кӯдакону наврасон бо адибони шинохтаи тоҷик суҳбат намуда, таассуроти хешро доир ба китобҳои хондаашон баён доштанд. 
Барои иштирокдорони Фестивал ҳунармандони Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак» ва Сирки давлатии Тоҷикистон намоиши театришудаи хуберо пешкаш доштанд. 
Рӯзҳои дигари Фестивал ва ҷамъбасти он тибқи нақшаи пешакӣ ва бо иштироки адибон, олимону коршиносони соҳа дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Роғун, Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Файзобод баргузор мегарданд.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола 2-юми апрел гузарондани Рӯзи байналмилалии китоби бачагона ба зодрӯзи нависандаи бузурги достонҳои кӯдакона Кристиан Андерсени даниягӣ иртибот дорад. Бо қарори Шурои Ассотсиатсияи байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон (International Board on Books for Young People, IBBY) шуруъ аз соли 1967 ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола 2-юми апрелро ҳамчун Рӯзи байналмилалии китоби бачагон ва бо баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ доир менамояд. 

Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.04.2023 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив