ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ РӮДАКӢ
26-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, корхонаи қаннодии «Шоҳасар»-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муҳаммад Насриддинов дар масоҳати 2,42 гектар сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Баъди ба истифода додани корхона, ки дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, бунёд ёфт, дар маҷмуъ, 85 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гашт. Вобаста ба самарабахшии фаъолият, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот шумораи ҷойҳои кор, тибқи нақша, то соли 2026 ба 150 нафар расонда мешавад.
Дар ҳафт хатти истеҳсолии корхонаи «Шоҳасар» 7 навъи маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мешавад, ки ҳар яки он бо шаклу намуд аз ҳамдигар фарқ дошта, дорои дизайни зебо ва диққатҷалбкунанда мебошад. Бояд таъкид дошт, ки ҳамаи маҳсулоти корхона воридотивазкунанда аст.
Корхонаи «Шоҳасар», дар маҷмуъ, аз панҷ бино: ду сехи истеҳсолӣ, анбори ашёи хом, захираи маҳсулот ва маъмурият иборат мебошад. Корхона, ҳамчунин, дорои озмоишгоҳ бо таҷҳизоти пешрафтаи ҷаҳон ва ошхона бо сад ҷойи нишаст мебошад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки 60 дарсади коргаронро занон ташкил дода, иқтидори истеҳсолияш дар як сол то 800 тонна маҳсулоти қаннодиро дар бар мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти пешрафта баҳои баланд дода, соҳибкори ватаниро ба тақвияти фаъолияти корхона ва саҳм гузоштан дар рушди саноати сабук, ки яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳидоят намуданд.
Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд. Тавассути бунёди коргоҳу корхонаҳои нав на танҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бештар мегардад, балки сокинони кишвар бо ҷойи кор таъмин шуда, сатҳи некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар мешавад.
Боздид аз варзишгоҳи марказӣ
26-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, ки пурра таъмиру навсозӣ шуд, боздид карданд.
Варзишгоҳи марказӣ бо 8 ҳазор ҷойи нишаст бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҳисоби Фонди рушди ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 4,3 миллион сомонӣ таҷдид гардид. Масоҳати иншоот 1,7 гектарро ташкил дода, корҳои барқарорсозӣ ибтидои соли равон оғоз ёфта буд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз варзишгоҳ ва суҳбат бо масъулону варзишгарони ноҳия, дастур доданд, ки миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон, тарзи ҳаёти солим бештар тарғиб ва тарбияи варзишгарони касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад.
Дар варзишгоҳ, ки солҳои 80-уми асри гузашта бунёд шуда буд, баъд аз навсозӣ барои ду дастаи варзишӣ, мураббиҳо ва доварон 10 ҳуҷраи корӣ сохта шудааст. Навсозии майдони калон ва майдончаи футбол, насби 4 манораи равшанидиҳанда, гузоштани 8 ҳазор нишастгоҳи замонавӣ, сохтмони минбар, насби монитор барои пахши ҷараёни мусобиқаҳо дар майдони асосӣ, бунёди чаман барои баргузор кардани бозиҳои футбол, иваз кардани болопӯши бино, панҷарабандиву бунёди се даромадгоҳ ва мумфаршкунии атрофи иншоот аз ҷумлаи корҳое буданд, ки дар доираи навсозиву таҷдид бо сифати баланд ба анҷом расиданд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва ҳуҷраҳои техникии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз имкониятҳои дигари нав дар варзишгоҳ мебошад. Зикр шуд, ки дар ҳудуди варзишгоҳ, ҳамчунин, Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ ва Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии ноҳияи Рӯдакӣ» амал мекунанд. Шумораи умумии варзишгарон дар мактабҳои варзишӣ 892 нафарро ташкил медиҳад. Дар ноҳия омӯзиши 11 намуди варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол, тенниси рӯйи миз, гӯштиҳои тарзи озод, самбо, юнониву румӣ, ҷудо, варзиши сабук, шашка ва шоҳмот, дастхобонӣ, бокс, кикбоксинг ва панкратион ба роҳ монда шуда, 27 мураббӣ ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон машғул аст.
Фаъол сохтани 90 толори варзишӣ низ самараи татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти олии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Теъдоди дастаҳои футбол дар ноҳия ба 8-то расида, шумораи футболбозон дар мактабҳои варзишӣ 128 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 14 нафараш футболбоздухтарон мебошанд. Зимнан гуфта шуд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ се тими маъруфи футбол: “Куктош” (Лигаи олӣ), “Рангон” (лигаи дуюм) ва “Ситора” (тими футболи занона) фаъолияти босамар доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, варзишгаронро муаррифгари давлату миллат номиданд ва таъкид доштанд, ки рӯ овардан ба варзиш, қабл аз ҳама, нишонаи солимии инфиродӣ буда, шахсе, ки ба варзиш машғул мешавад, аз ҳамаи кирдорҳои ношоиста дур мешавад.
Ифтитоҳи биноҳои нави иловагии таълимӣ
26-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Мадади деҳоти Чоргултеппа ду бинои нави иловагии таълимиро ифтитоҳ намуданд.
Биноҳои иловагии Муассиса тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат мебошад ва барои 650 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад. Иншооти мазкур аз 13 ҳуҷра барои таълиму тарбия, ду ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон ва толор барои машғулиятҳо иборат буда, тамоми синфхонаҳо бо аёниятҳои донишандӯзӣ муҷаҳҳазанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави иловагии таълимӣ шумораи кормандон дар Муассисаи мазкур ба 85 нафар расид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар деҳот намунаи хуби дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар маънидод карданд. Ҳамаи синфхонаҳои Муассиса дар фасли сармо тариқи низоми гармидиҳии мустақил гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Пас аз навсозӣ, дар шафати бинои иловагии навтаъсиси таълимӣ майдончаи варзиши тобистона мавриди истифода қарор гирифт. Майдончаи варзиши мазкур барои бозии футбол, волейбол ва дигар намудҳо пешбинӣ шуда, заминаи хубест барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба бозиҳои гуногун.
Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои нави иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73 дар деҳаи Охтоқи деҳоти Қиблаӣ ва бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Мавҷи шаҳраки Мирзо Турсунзодаро ба таври онлайн мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре зикр гашт, МТМУ №73 дуошёна буда, сохтмонаш соли равон оғоз ёфта, ҳоло бо сифати баланд ба сомон расид. Би нои иловагӣ дорои 20 синфхонаи барҳавои таълимӣ ва ду ҳуҷраи корӣ буда, барои 1000 хонанда дар ду баст бо саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ ва дастгириҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эъмор гардид. Бинои иловагии навбунёд ба низоми гармидиҳии мустақил пайваст буда, ҳамаи синфхонаҳо дар мавсими сармо бо гармӣ таъмин мешаванд. Бинои дуошёнаи иловагии МТМУ №83 дар деҳаи Мавҷи шаҳраки Мирзо Турсунзода бошад, аз ҳашт синфхонаи барҳаво, ҳуҷраи омӯзгорон ва иншооти ёрирасон иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳа бунёд ёфт.
Дар се иншооти навбунёди таълимӣ, ки дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон сохта шудаанд, барои 2050 хонанда заминаи хуби донишандӯзӣ фароҳам оварда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит ва имкониятҳои фароҳамгардида дар биноҳои навбунёди таълимиро қаноатбахш арзёбӣ намуда, аз хонандагон омӯзиши илмҳои замонавӣ, рӯ овардан ба таъриху тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва аз омӯзгорон бо масъулияти баланд фаъолият намуданро тақозо карданд.
Ба истифода додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ
26-уми октябр дар идомаи сафари кории Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ бинои зебои Муассисаи таҳсилоти томактабии №9-и назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳраки Сомониён мавриди истифода қарор гирифт.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти тозабунёд соли 2023 оғоз гардида, сокинони маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии босифати ватанӣ дар муддати як сол онро бо сифати баланд бунёд намуданд. Бинои МТТ №9 бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шуда, аз чор ҳуҷраи кор, толори бозии кӯдакона ва ошхона иборат буда, барои 160 кӯдак пешбинӣ шудааст. Иншооти таълимии томактабӣ дорои майдончаи бозии кӯдакона ва суҳбаткадаҳо буда, ҷолибу назаррабо сохта шудаанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани Муассисаи мазкур 6 мураббия ва 6 корманди техникӣ соҳиби кори доимӣ гаштанд.
Роҳбари давлат зимни суҳбат бо масъулон ва мураббиён онҳоро ба ватандӯсту худшинос тарбия намудани насли наврас ва истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида дар Муассисаи навбунёд ҳидоят намуданд. Ҳамчунин, дар ин рӯз бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии деҳаи Охтоқи деҳоти Қиблаӣ ба таври онлайн мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар ин Муассиса низ шароити мусоид барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон мавҷуд аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарсозии сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шароити зарурӣ муҳайё менамояд. Чун маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад, сол ба сол маблағгузорӣ ба ин соҳа бештар мешавад.
Бунёди Мактаби санъати бачагонаи ба номи Мухтор Ашрафӣ
26-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳаёти Нави деҳоти Лоҳур бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-ро ба истифода супурданд.
Корҳои сохтмонии бинои иловагӣ соли 2023 оғоз ёфта, барои сохтмону таҷҳизондани он бештар аз 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Тибқи лоиҳа, бинои иловагӣ барои 650 нафар дар ду баст пешбинӣ мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бо шароити таълимии синфхонаҳо шинос шуда, омӯзгоронро ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳидоят намуданд. Бинои иловагии МТМУ №20 дорои 13 синфхона ва ду ҳуҷраи корист. Бо фаъол гардидани бинои иловагӣ, 28 омӯзгор фаъолияти пурсамар менамоянд.
Бинои иловагии МТМУ № 20 дар деҳаи Ҳаёти Нави деҳоти Лоҳур аз ҳисоби буҷети ноҳия бунёд гардид ва бо имконоти муосири таълимӣ муҳайё шуда, донишу илмомӯзии хонандагонро боз ҳам таҳким мебахшад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар шумораи мактабҳои шакли нав афзуданд ва ин имкон медиҳад, ки шароити таълиму тадрис беҳтар гардад. Омӯзгорону хонандагон, дар навбати худ, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои падарона изҳори сипос карданд. Баъди ифтитоҳи бинои иловагии мактаб дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври онлайн боз як муассисаи тозабунёд – Мактаби санъати бачагонаи ба номи Мухтор Ашрафиро ифтитоҳ бахшиданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ва фаъолияти самараноки муассисаҳои нави соҳаи маориф, аз ҷумла дастовардҳои соҳавиро натиҷаи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди ин соҳа ва беҳдошти сатҳи таълиму тарбияву ҷалби фарзандон ба таҳсил арзёбӣ намуданд.
Фаъолшавии марҳалаи дуюми корхонаи пойафзолбарорӣ
26-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти марҳалаи дуюми корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Сарҷамъ» оғози расмӣ бахшиданд.
Иттилоъ доданд, ки корхонаи нави саноатӣ бо ҳадафи таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз ҷониби соҳибкор Маҳмадюсуф Ятимов бунёд ёфта, дар он 25 сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуд. Дар корхона тавассути хатҳои нави технологӣ, истеҳсоли ду намуди пойафзоли мавсимӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар бозор талаботи зиёд доранд. Корхона дар як сол имкон дорад то 366 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардона, занона ва кӯдаконаро бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол намояд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ояндаи наздик бо ворид ва насби таҷҳизоти ҳозиразамон номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли пойафзолро афзоиш дода, 20 нафари дигарро бо кор таъмин менамоянд. Бо омодашавии коргоҳи навбатӣ дар марҳалаи дуюм, дар маҷмуъ, ҳаҷми истеҳсоли пойафзол наздик ба 515 ҳазор ҷуфт ва шумораи коргарон ба 45 нафар мерасад.
Ёдовар мешавем, ки марҳалаи аввали корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Сарҷамъ» 26-уми октябри соли 2023 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт. Лозим ба зикр аст, ки дар кишвар барои дастгирии фаъолияти бахши хусусӣ ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ шароити мусоиди корию хизматрасонӣ мавҷуд аст ва онҳо бо истифода аз ин имконот саҳми худро дар рушди самтҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мегузоранд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан карданд. Тибқи маълумот, дар марҳалаҳои аввал ва дуюми корхона зиёда аз 50 намуди пойафзол истеҳсол мешавад. Пойафзолҳои корхона бо сифати баландаш, аллакай, дар бозори дохилӣ харидорони зиёд пайдо кардааст.
Масъулони соҳа дастур гирифтанд, ки шумораи чунин корхонаҳо ва ҳаҷми истеҳсоли ин ва дигар намуди пойафзол афзун карда шавад, то ки оянда бозори дохилиро бо ин маҳсулоти худӣ таъмин карда тавонем.
Эъмори корхонаи «Хишти аввал»
26-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сарикиштӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи «Хишти аввал»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи муосири «Хишти аввал» ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат, аз тарафи ҶСП «Корпоратсияи Тоҷвар» бунёд шуда, иқтидори он дар як шабонарӯз 200 ҳазор дона хишт мебошад. Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар муҳлати чор моҳ бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, ҳангоми сохтмон сокинони зиёди маҳаллӣ ба кор ҷалб мешуданд. Корхона дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ дар масоҳати 1,7 гектар бунёд гардида, раванди коркарду истеҳсоли маҳсулот дар ин ҷо ба тариқи автоматӣ сурат мегирад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи «Хишти аввал» 50 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми сармоягузори ватаниро барои бунёди чунин иншооти муҳташами саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифат ва стандарти маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Тибқи маълумот, ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ 25 корхонаи хиштбарорӣ фаъолият дорад. Дар ин ҷо барои кормандону мутахассисон бинои дуошёнаи маишию хизматрасонӣ бо шароити хуб сохта шуд, ки дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди фаъолияти корхонаи «Хишти аввал» дар ҳамин ҷо барои бунёди ду корхонаи дигари саноатӣ оғоз бахшиданд.
Тавре иттилоъ доданд, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти керамзит дар ноҳияи Рӯдакӣ ва корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар ноҳияи Данғара аз тарафи ҶСП «Корпоратсияи Тоҷвар» бунёд мегардад. Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти керамзит дар шафати корхонаи «Хишти аввал» бо истифода аз технологияи муосир сохта мешавад, ки пас аз ба кор даровардани он 30 нафари дигар аз мардуми маҳаллӣ соҳиби кор хоҳад шуд.
Ҳоло, мувофиқи лоиҳа, дар ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ барои бунёди корхонаи нави хишт оғоз гардид. Баъди мавриди истифода қарор гирифтан, корхонаи «Хишти Данғара» бо иқтидори истеҳсолии 200 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз фаъолият карда, 50 нафар дар он бо кори доимӣ таъмин мегардад. Сокинон ва соҳибкорони ватанӣ дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд, ки ба хотири таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои ободониро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода, саҳми худро дар ободонии Ватани азизамон гузоранд.